Суҳроб Нуралӣ ба ҷои Шоҳин Самадӣ сухангӯи ВКХ таъин шуд

Шоҳин Самадӣ, ки чанд соли охир ба ҳайси сухангӯй ё сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кор мекард, муовини дабири кулли котиботи қолаби “Осиёи Миёна-Чин” таъин шудааст. Ин қолаб моҳи майи соли равон таъсис ёфт ва ӯ нахустин намояндаи Тоҷикистон дар ин ниҳод аст. Ба ҷои Самадӣ, бо фармони вазири корҳои хориҷӣ, […]

Asia-Plus

Шоҳин Самадӣ, ки чанд соли охир ба ҳайси сухангӯй ё сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон кор мекард, муовини дабири кулли котиботи қолаби “Осиёи Миёна-Чин” таъин шудааст.

Ин қолаб моҳи майи соли равон таъсис ёфт ва ӯ нахустин намояндаи Тоҷикистон дар ин ниҳод аст.

Ба ҷои Самадӣ, бо фармони вазири корҳои хориҷӣ, ба курсии сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ Суҳроб Нуралӣ, ки то ин дам намояндаи Тоҷикистон дар Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (СҲИ) дар шаҳри Теҳрон фаъолият менамуд, такя зад.

Шоҳин Самадӣ, ки 3 соли охир сардори ин раёсати муҳими ВКХ буд, яке аз сухангӯйҳои нисбатан дастрас барои рӯзноманигорон буд. Ӯ хатмкардаи риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов, Академияи дипломатии ВКХ Русия ва Академияи хидмати давлатии Тоҷикистон мебошад.

Номбурда қаблан, дар сафоратҳои Тоҷикистон дар Маскав, Минск кор кардааст. То таъин шудан ба ҳайси сардори раёсати иттилоот ва матбуоти ВКХ, дар котиботи Созмони ҳамкории Шонгҳой (СҲШ) фаъолият дошт.

Суҳроб Нуралӣ хатмкунандаи Донишкадаи давлатии забонҳо Тоҷикистон мебошад. Ӯ қаблан дар сафоратҳои Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия ва Руссия кор кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.