Ҷавоне, ки баъди рад кардани хостгорӣ, ба куштори дӯстдухтараш муттаҳам буд, 24 сол равонаи зиндон шудааст

Ин ҷавони 20-сола, ки моҳи сентябр бо гумони куштори бераҳмонаи духтари 19-сола, ки зоҳиран дӯстдоштааш будааст, дастгир шуда буд, бо қарори Додгоҳи вилояти Суғд 24 сол равонаи зиндон гардидааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад”  иттилоъ додааст. Ин ниҳод гуфтааст, ки ҷавон сокини ноҳияи Зафаробод буда, […]

Asia-Plus

Ин ҷавони 20-сола, ки моҳи сентябр бо гумони куштори бераҳмонаи духтари 19-сола, ки зоҳиран дӯстдоштааш будааст, дастгир шуда буд, бо қарори Додгоҳи вилояти Суғд 24 сол равонаи зиндон гардидааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар барномаи “Милитсия хабар медиҳад”  иттилоъ додааст.

Ин ниҳод гуфтааст, ки ҷавон сокини ноҳияи Зафаробод буда, барои "одкамкушӣ бо бераҳмии махсус" ё моддаи 104 қисми 2, банди “е” гунаҳкор дониста шуд.

Дар гузориш аз ҷавон Шаҳбоз Нуруллоев ном бурда шуда, зикр мешавад, ки  ӯ  “моҳи  сентябри имсол арусшавандааш Чарос Асророваи 19- соларо ба бо 16 зарби корд ба қатл расонида, барои руйпуш кардани ҷиноят ҷасади маҳрумро бо бензин оташ задааст”.

“Сабаби рух додани ҷинояти вазнини одамкушӣ ҷавоби хостгориро рад кардани ҳамсоядухтар мебошад, ки боиси адовату қасосгирии ҷавон гардидааст”, – зикр мешавад дар гузориш.

Назари худи гумонбар, наздикон ва вакили дифои ӯ дар робита ба қазия ва ҳамин тариқ, ба ҳукми додгоҳ маълум нест.

Куштори наздикон аз сӯи хешовандонашон ё дӯстдоштаҳо аз дасти якдигар ҳодисаи нав нест. Қаблан низ чунин ҳодисаҳо расонаӣ шуда буд. Аз ҷумла, моҳи августи солди равон пулиси Суғд аз марги як ҷавондухтари 21-сола, дар манзили иҷорааш аз дасти дӯстписари 17-солааш хабар дода буд.

Ба иттилои ин ниҳод, баъди “муноқишаи лафзӣ атрофи муносибатҳои маҳрамона”, ҷавон ба гулӯ ва шиками духтар 8 зарби корд зада, ба қатл расонидааст.

Тибқи иттилои Додситонии вилояти Суғд дар ним соли 2025-ум 10 ҷинояти одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар тамоми Тоҷикистон дар ин давра 28 ҳолати одамкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷон сабт шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Дору надорам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.