Гаронтарин футболбозони Лигаи олии Тоҷикистон киҳоянд?

Алексей Корчагин, махсус барои Asia-Plus

Мавсими футболи соли 2025 дар мусобиқоти қаҳрамонии Лигаи олии Тоҷикистон ба охир расида, ҳамзамон ҳайати гаронтарин даста дар ин лига низ муайян шуд. Тибқи фарзияи пойгоҳи "Transfrmarkt", дар радабандӣ арзиши бозингарон аз рӯйи мавқеъҳо ва нархи ниҳоии дастаҳо ба инобат гирифта шудааст.

Ба ин рӯйхат, 1 дарвозабон, 4 ҳимоятгар, 4 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар шомил буда, ҳайати гаронтарин аз рӯйи арзишро дар мавсим муайян карданд.

 

Киҳо ба ҳайати ин мунтахаби рамзии мусобиқоти қаҳрамонии Лигаи олии Тоҷикистон дохил шуданд?

Дарвозабон Евгений Гритсенко (30-сола) — 250 ҳазор евро.

Хати ҳимоя

Содиқҷон Қурбонов (22-сола) — 300 ҳазор евро. 

Манучеҳр Сафаров (24-сола) — 300 ҳазор евро.

Табрез Исломов (27-сола) — 250 ҳазор евро.

Тони Бикатал (26-сола) — 200 ҳазор евро.

 

Нимҳимоятгарон – гаронтарин ҳайат

Эҳсони Панҷшанбе (26-сола) — 600  ҳазор евро.

Амирбек Ҷӯрабоев (29-сола) — 450 ҳазор евро.

Алишер Ҷалилов (32-сола) — 450 ҳазор евро.

 

Хати ҳуҷум

Шервонӣ Мабатшоев (25-сола) — 350 ҳазор евро.

Нуриддин Ҳамроқулов (26-сола) — 300 ҳазор евро.

Мӯсо Қаҳҳоров (18-сола) — 250 ҳазор евро.

Арзиши умумии даста — 3,70 млн евроро ташкил медиҳад ва ин маъно онро дорад, ки сатҳи ҳунару маҳорати инфиродӣ боло меравад. Лига ба ҳимоятгарони ҷавон ва нимҳимоятгарони унверсалӣ такя карда, собиқадорон дар ҳама гуна ҳайат бозингарони калидӣ боқӣ мемонанд.

Бахусус тавозуни синнусолӣ фарқкунанда аст: ба 11-гонаи беҳтарин Қаҳҳорови 18-сола, инчунин бозингарони синнашон қариб 30-сола низ шомиланд, ки рушди солими мусобиқоти қаҳрамонӣ ва болоравии устувори арзиши бозингарони пешсафро нишон медиҳад.

 

Натиҷаҳои мусобиқоти қаҳрамонии соли 2025

“Истиқлол”-и Душанбе маротибаи 14-ум ба унвони қаҳрамонӣ соҳиб шуда, “Вахш”-и Бохтар ба медалҳои нуқра ва КМВА (ЦСКА)-и пойтахт – ба медалҳои биниҷии мусобиқот соҳиб шуданд.

Зинаҳои баъдии мусобиқотро “Равшан”-и Кӯлоб, “Хуҷанд”-и Хуҷанд, “Регар-ТадАЗ”-и шаҳри Турсунзода, “Эсхата”-и Хуҷанд, “Барқчӣ”-и Ҳисор, “Ҳосилот”-и Фархор”, “Истаравшан”-и Истаравшан касб карданд “Ҳулбук”-и ноҳияи Восеъ ва “Панҷшер”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар зинаҳои охири ҷадвал қарор гирифта, Лигаи олиро тарк мекунанд.  

Пол Комолафе ҳамлагар аз Нигерия, ки дар ҳайати ду даста “Хуҷанд ва Истиқлол” 12 тӯбро ба ҳадаф расонид, нишонзани беҳтарини мусобиқот дониста шуд.

Рустам Соиров (10 тӯб), Квадво Фримпонг ва Дмитрий Билоног (ҳарду 8-тӯбӣ) дар зинаҳои баъдии рӯйхати нишонзанҳои беҳтарин ҷойгир шуданд.

Мавсими соли 2025 барои қаҳрамони мусобиқ ҳол ба охир нарасидааст: дар пеш рӯзи 24 декабр моро бозии даври гурӯҳӣ дар Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2 интизор аст. Дар ин вохӯрӣ ба тими “Истиқлол” ғалаба бар дастаи “Гоа”-и Ҳиндустон бо ҳисоби калон лозим аст, ки имкон барои роҳ ёфтан ба даври минбаъда боқӣ монад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...