Тоҷикистон дар радабандии рушди иҷтимоӣ дар зинаи 113-ум қарор гирифт

Тоҷикистон дар Шохиси нави ҷаҳонии рушди иҷтимоӣ дар соҳаи дастрасӣ ба об ва беҳдошт каме рушд карда, вале ба даҳгонаи кишварҳое шомил шудааст, ки ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон риоя намешавад.  Дар Радабандии глобалии рушди иҷтимоии "AlTi 2025", Тоҷикистон 58,15 бал гирифта, миёни 170 кишвар дар мақоми 113-ум қарор гирифт. Дар ин бора дар гузориши ташаббуси байнулмилали таҳқиқи "AlTi Global […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Тоҷикистон дар Шохиси нави ҷаҳонии рушди иҷтимоӣ дар соҳаи дастрасӣ ба об ва беҳдошт каме рушд карда, вале ба даҳгонаи кишварҳое шомил шудааст, ки ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон риоя намешавад. 

Дар Радабандии глобалии рушди иҷтимоии "AlTi 2025", Тоҷикистон 58,15 бал гирифта, миёни 170 кишвар дар мақоми 113-ум қарор гирифт.

Дар ин бора дар гузориши ташаббуси байнулмилали таҳқиқи "AlTi Global Social Progress Index", ки ҷанбаҳои ғайрииқтисодии сифати ҳаёт – аз тандурустиву маориф то ҳуқуқу озодиҳоро арзёбӣ мекунад, зикр мешавад. 

Таҳқиқот аз соли 2011 то 2024-ро дар бар мегирад. Дар ин давра Тоҷикистон нишондиҳандаи худро ба миқдори 5,98 бал беҳтар карда, аммо дар соли 2025 пешрафти назаррас ба қайд гирифта нашуд ва кишвар ба гурӯҳи кишварҳои дорои "нишондиҳандаҳои таназзулкунанда" шомил шуд.

 

Пешрафти назаррас дар соҳаи об ва беҳдошт

Муаллифони гузориш бар ин назаранд, ки афзоши босуръати нишондиҳандаҳо дар соҳаи дастрасӣ ба об ва беҳдошт яке аз дастовардҳои калидии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз соли 2011 афзоиш дар ин самт 38,83 балро ташкил додааст, ки имкон медиҳад кишвар ба шумори кишварҳои дорои вазъи нисбатан беҳтаршуда дар ҷаҳон дониста шавад.

Дар гузориш таъкид мешавад, ки сармоягузорӣ ба соҳаи таъминот бо об ва зерсохтори беҳдошт ба сатҳи солимии аҳолӣ, соҳаи маориф ва некӯаҳволии иҷтимоӣ таъсири дарозмуҳлат мерасонад.

 

Ҳуқуқ ва озодиҳо миёни бадтарин нишондиҳандаҳо

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон дар бахши ҳуқуқ ва иштирок (Rights&Voice) дар зинаи поин боқӣ мемонад. Аз соли 2011 нишондиҳандаи кишвар дар ин бахш 15,95 бал поин рафт, ки кишварро дар қатори даҳгонаи ҷараёни бадтарин дар ҷаҳон қарор медиҳад.

Ба ин қисм нишондиҳандаҳое ба мисли ҳуқуқҳои сиёсӣ, озодии сухан, мустақилияти расонаҳо, озодии академӣ ва баробарӣ дар назди қонун дохил мешаванд.

 

Зинаи охир дар минтақа

Тоҷикистон ба бахши минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дохил буда, ин минтақа аз соли 2011 инҷониб ба сурати умум афзоиши пешрафти иҷтимоиро нишон медиҳад. Аммо дар дохили минтақа Тоҷикистон дар мақоми охир қарор дошта, аз Гурҷистон, Арманистон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Туркманистон қафо мемонад.

Барои муқоиса, дар ин радабандӣ Қазоқистон дар зинаи 58-ум, Ӯзбекистон 76-ум ва Қирғизистон 81-ум ҷойгир шудаанд.

Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки беҳбуди минбаъдаи пешрафти иҷтимоӣ дар кишварҳои минтақа бидуни беҳбуди вазъияти марбут ба ҳуқуқу озодиҳо ҳатто бо дастовардҳо дар бунёди зерсохтор ва соҳаи маориф ғайриимкон аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.