Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 декабри соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз, соати 11:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагон маҳфили эҷодӣ Ҷумъа Қувват, Шоири халқии Тоҷикистон баргузор мегардад. Маҳфил бахшида ба 75-солагии шоир бахшида шуда, ихлосмандони шеърро барои иштирок даъват мекунад ва вуруд озод аст.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 1940 – Театри мусиқии тоҷик ба Театри опера ва балет табдили ном кард.

Соли 1972 – Дар Иттиҳоди Шӯравӣ ордени “Дӯстии халқҳо” таъсис дода шуд.

Соли 2007 – Баъди таъмиру азнавсозӣ Осорхонаи дастхатҳои қадим ва осори миллии ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ифтитоҳ гардид.

Соли 2011 – Дар Душанбе аввалин клиникаи хусусии табобати лазерии глаукома ва патологияи чашми диабети қанд кушода шуд.

Соли 2020 – Президенти Тоҷикистон ҷазо барои барангехтани кинаю адовати миллӣ ва мазҳабиро сабук кард. Агар ин амалҳо дар маърази ом ё бо истифода аз воситаҳои ахбори омма содир шуда бошанд, ҳаҷми ҷарима аз 50 то 100 нишондиҳанда барои ҳисоб ва муҳлати ҳабси маъмурӣ аз 5 то 10 шабонарӯзро ташкил медиҳад. Қаблан барои ин амал ба шаҳрвандон ҷазои маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати то 5 сол таҳдид мекард.

Соли 2020 – Парлумони Тоҷикистон барои дарёфти кӯмак аз Ҷопон барои мубориза бо COVID-19 ба маблағи 600 миллион йени ҷопонӣ (ҳудуди 57 миллион сомонӣ) иҷоза дод.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Соли 2020 – Рустами Эмомалӣ дубора президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб шуд. Бояд гуфт, Рустами Эмомалӣ санаи 14-уми декабри имсол боз барои 4 соли оянда президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1273 – Рӯзи марги Ҷалолуддини Балхӣ, ориф, суфӣ, мутафаккир ва шоири форсу тоҷик аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ маъруф ба Мавлонои Балх, Мавлои Рум, Муллои Рум, Мавлавӣ, Худовандгор низ буда, бо тахаллуси Хомӯш ё Хамӯш эҷод кардааст. Сабаби шуҳрат ёфтани ӯ бо исми Румӣ ин аст, ки солиёни зиёде дар шаҳри Қунияи Рум зиндагӣ кард ва дар ҳамин шаҳр ҷон ба ҳақ супурд.

Аз ӯ осори гаронбаҳо ҳам дар назм ва ҳам дар наср боқӣ мондааст. Ба андешаи муҳаққиқон танҳо “Маснавии маънавӣ” аз лиҳози ҳаҷм бо кулли осори Ҳомер баробар буда, аз “Мазҳакаи илоҳӣ”-и Данте ду маротиба бештар аст. Он аз 25632 байт иборат буда, дорои шаш дафтар аст ва Мавлоно болои ин асар 12 сол заҳмат кашидааст. “Девони кабир”-и ӯ бошад дорои 42 ҳазор байт буда, навъҳои ғиноии осори манзуми ӯро фароҳам овардааст.

Насри Мавлоно, ба андешаи муҳаққиқони осори ӯ, бар пояи назмаш нарасидааст, вале бо вуҷуди ин баланд арзёбӣ мегардад. “Фиҳи мо фиҳӣ” (Дар он аст, он чи дар он аст), “Мактубот” ва “Маҷолиси сабъа” осори насрии Мавлоноро ташкил медиҳанд.

Соли 1929 – Зодрӯзи Моёншо Назаршоев, яке аз роҳбарони ВМКБ дар замони Шӯравӣ, муовини раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон дар соли 1994.

Моёншо Назаршоев арбоби давлатӣ ва сиёсӣ, олим ва вакили парлумони Тоҷикистон буд. Ӯ фаъолияти худро аз омӯзгорӣ оғоз намуда, дар Институти педагогии Кӯлоб ва баъдан дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар рушди кадрҳои илмии кишвар саҳми назаррас гузоштааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Моёншо Назаршоев

Аз аввали солҳои 1960 фаъолияти сиёсии ӯ густариш ёфта, ҳамчун роҳбари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои пешрафти иқтисодӣ, саноатӣ ва иҷтимоии минтақа талошҳои ҷиддӣ анҷом дод. Бо ташаббус ва дархостҳои ӯ дар сатҳи марказӣ, аз ҷумла бо дастгирии роҳбарияти Иттиҳоди Шӯравӣ, барои рушди инфрасохтор, нақлиёт, саноат ва таъсиси иншооти муҳим, аз ҷумла стансияи телевизионӣ ва корхонаҳои саноатӣ, шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Қарори махсуси Ҳукумати СССР аз 31-уми январи соли 1967 барои рушди ҳамаҷонибаи Бадахшон маҳз бо пешниҳоду кӯшишҳои ӯ қабул гардид.

Бо дастгирии ӯ, ҳамчунин соли 1969 дар заминаи Боғи ботаникии Помир Институти биологӣ таъсис ёфт, ки ба маркази муҳими тадқиқоти илмӣ дар минтақа табдил гардид. Дар солҳои душвори аввали истиқлолият ва ҷанги шаҳрвандӣ ӯ ҳамчун вакили парлумон ва ходими давлатӣ ҷонибдори сулҳ, муколама ва ҳалли сиёсӣ буда, дар иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ барои пешгирии фалокати миллӣ ва барқарорсозии субот мавқеи фаъол гирифт.

Моёншо Назаршоев моҳи феврали соли 1994 муовини Раиси Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуда, моҳи марти соли 1994 қурбони дасисаҳои сиёсӣ гардид.

Барои посдории номи неки ӯ соли 1999 хона-музейи Моёншо Назаршоев дар ноҳияи Шуғнон таъсис ёфта, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи ӯ гузошта шудааст. Дар шаҳри Душанбе низ дар ноҳияи Шоҳмансур кӯчае ба номи ӯ ҳаст.

Соли 1947 – Мавлуди Гулрухсор Сафиева, Шоири халқии Тоҷикистон ва яке аз чаҳор сутуни шеъри муосири тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Аз соли 1970 то 1981 ба сифати муҳаррир дар рӯзномаи "Пионери Тоҷикистон" ва маҷаллаи «Машъал» фаъолият дошт ва дар пурмуҳтавотару хонданитар шудани ин нашрияҳо саҳми шоиста гузоштааст. Аз соли 1981 то 1986 ҳамчун котиби садорати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва сипас муддате ҳамчун раиси Хазинаи маданияти Тоҷикистон дар рушду нумуи фарҳангу адаби миллӣ хидматҳои шоён кардааст.

Баъдан, Фарҳангистони байналмилалии шеъри ҷаҳонро таъсис дод, ки то ҳол таҳти роҳбариятон фаъолият дорад. 

Маҷмуаи аввали шеърҳояш – "Бунафша", ки соли 1970 бо пешгуфтори устод Боқӣ Раҳимзода ба табъ расид. Пухтагии сухану шеърияти шаффоф, шуҷоати камназири адабӣ ва эҳсосоти латифи хосаш баъдан дар маҷмуаҳои дигари ашъораш "Хонаи падар" (1973), "Шабдарав" (1975), "Дунёи дил" (1977), "Ихлос" (1981), "Гаҳвораи сабз" (1984), "Оинаи рӯз" (1984), "Оташи суғд" (1986), "Руҳи Бохтар" (1987) ва "Қасидаи кӯҳистон" (1988), ки дар замони шуравӣ чоп шудаанд, дурахшиши бештар ёфтанд ва ба ӯ маҳбубияту маъруфияти бештар оварданд.

Дар даврони истиқлол фаъолияти эҷодии Гулрухсор ҷиҳати мавзуъ, дарунмоя, тарзи баён ва услуби нигориш вусъати бештар ёфт. Маҷмуаҳои ашъори "Тахти сангин" (1992), "Зодрӯзи дард" (1995), "Дар паноҳи  сояи худ" (1998), "Паймонаи ғазал" (2007), "Ҷовидона" (2009), "Шуъла дар санг" (2010), "Сад оҳи як нафас" (2012), "Дигар ишқ" (2014), "Чароғи сурхи танҳоӣ" (2017), "Лабчанг" (2018) ва ғайра вусъат дида, ҳунари баланди шоирӣ ва навовариву тозагӯияшро ба хубӣ нишон медиҳанд.

Дар ин маҷмуаҳо аз ғазалу рубоиву дубайтӣ то шеъри нимоиву сапедро таҷриба карда, дар ҳар яке аз ин қолабҳои суннативу нав тавфиқи комил ёфта ва дар руҳия гирифтани онҳо саҳми чашмрас гузошт.

Маҷмуаҳои "Сипар" (1990), "Гулчини ашъори Гулрухсор" (1993), гузида ва девони ашъораш, ки солҳои гуногун ба хатти ниёгон дар Эрону Афғонистон интишор ёфтанд, аз ҷониби ҳамзабонон мавриди истиқболи гарм қарор гирифтанд ва номашро дар радифи шоирони маъруфи қаламрави адабиёти муосири форсӣ гузоштанд.

Дар жанри достон низ табъозмоӣ карда, як силсила достонҳои хубу хондание офаридааст, ки "Руҳи урён ё ҳафт суруди носурудаи Робия" (1986), "Жакон" (1990), "Сиёҳу сафед" (1993), "Ману шаб" (1990), "Озарахш" (2006), "Мурофиаи баҳор" (2006), "Таърих гувоҳ аст" (2011), "Муждаи арғушти як ҷуфти парасту" (2012), "Қандил" (2014) ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд.

Романи "Занони сабзбаҳор", ки соли 1988 эҷод шуд, ба яке аз китобҳои пурхонандтарин табдил ёфт ва номи ӯро чун аввалин зани романнависи Осиёи Миёна дар таърихи адабиёт сабт кард. Асари "Зан ва ҷанг", романи "Сакарот" ва китоби "Рӯзномаи берӯз" низ гувоҳи тавонмандии ӯ дар эҷоди насри бадеӣ мебошанд.

Дар арсаи таҳқиқу пажуҳиш низ корҳои шоистае анҷом дод, ки натиҷааш "Фолклори водии Қаротегин" (1984), "Шинохти рубоиёти Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ" (2000), "Китоби гӯё" ва дувоздаҳ барномаи таҳқиқии радиоии "Атри Ҷӯи Мӯлиён" (2011) мебошад.

Гулрухсор фаъолсити сиёсӣ ҳам кардааст. Як муддат дар Шӯрои Олии ИҶШС  вакили мардумӣ буд. 

Ҳарчанд солҳои пеш дар робита ба вазъи иҷтимоиву адабии кишвар андешаҳояшро дар матбуот бемушкил ва зиёд баён мекард, вале солҳои охир нисбатан камтар суҳбат мекунад ва аксаран дар ҳамоишҳои адабиву фарҳангӣ ва ё дар маросимҳои зодрӯзу марги чеҳраҳои адабиву илмӣ ва фарҳангӣ дида мешавад.

Соли 1954 – Зодрӯзи Лола Толис, оҳангсози тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Лола Толис

Лола Толис, оҳангсози тоҷик, омӯзгор ва ходими фарҳангӣ буда, дар оилаи нависанда Пӯлод Толис зода шудааст. Ӯ дар Консерваторияи давлатии Москва ба номи П. И. Чайковский дар риштаи композитсия таҳсили касбӣ гирифтааст.

Асарҳои мусиқии ӯ асосан дар жанри вокалӣ ва вокалӣ-симфонӣ эҷод шуда, бо такя ба фолклор ва анъанаҳои миллии тоҷик, аз ҷумла унсурҳои Шашмақом, сабки хоси инфиродӣ касб кардааст. Асари ӯ – силсилаи вокалӣ-симфонии “Ҷоми Хайём” дар саҳнаҳои дохилӣ ва хориҷи кишвар иҷро шудааст.

Лола Толис узви Иттифоқи композиторони Тоҷикистон буда, солҳои зиёд ҳамчун омӯзгор фаъолият карда, муддате мудири кафедраи композитсия дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон буд.

Соли 1990 – Ҳоҷӣ Содиқ, нависанда ва драматурги тоҷик дар 77-солагӣ даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳоҷӣ Содиқ

Ҳоҷӣ Содиқ аз нависандагонест, ки бо нигоштаҳои ҳаҷвӣ, иҷтимоӣ ва пандомӯзаш ҷойгоҳи вижа дорад. Ӯ бештар бо очерк, ҳикояҳо ва драмаҳои ҳаҷвӣ шинохта шудааст. Ҳоҷӣ Содиқ дар асарҳояш ҳаёти одамони одӣ, камбудиҳои иҷтимоӣ ва ахлоқиро дар шакли ҳаҷв нишон медод. Романҳои “Гардиш”, “Камолот”, “Чоҳкан зери чоҳ”, “Каждуми зери бӯрё”, ки бо забони равон ва шеваи ҳаҷвӣ нигошта шудаанд, аз беҳтарин асарҳои ӯ мебошанд. Ҳамчунин ӯ муаллифи намоишномаҳои “Ҷони нодон дар азоб”, “Бемории ногаҳонӣ”, “Интихоби домод”, “Эшони риш” аст.

Ҳоҷӣ Содиқ хатмкардаи Донишгоҳи педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С. И. Киров буда, фаъолияти худро дар соҳаи рӯзноманигорӣ оғоз намудааст.

Солҳои 1941–1943 дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда, дар муҳорибаи Сталинград ҷароҳати вазнин гирифт ва баъди барқароршавӣ аз ҷанг ба кори журналистӣ баргашт ва солҳо дар рӯзномаҳои гуногуни кеишвар кор кард.

Соли 2016 – Исмоил Талбаков, раиси пешини Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар синни 61-солагӣ даргузашт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Исмоил Талбаков

Исмоил Талбаков, сиёсатмадори тоҷик як муддат раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон буда, чанд навбат дар парлумони кишвар соҳиби курсӣ буд ва номзадиаш низ ба мақоми президентӣ пешбарӣ шудааст.

Ӯ хатмкардаи факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буда, аз соли 1983 дар вазифаҳои ҳизбӣ фаъолият кардааст. Солҳои 1990-93 котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Темурмалик, солҳои 1993-2000 котиби якуми ҳизбии минтақаи Кӯлоб буд.

Аз соли 2000 то соли 2010 се маротиба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз ҲКТ буд.

Соли 2006 ва 2013 аз ҷониби ҳизби коммунист ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ шуда буд. Як муддат раиси ҲКТ ҳам буд.

Ӯ 16-уми декабри соли 2016 дар синни 61 солагӣ дар шаҳри Душанбе вафот кард.

Соли 2020 – Николай Савченков, аввалин директори Нерӯгоҳи барқӣ обии "Роғун" даргузашт.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Дар ин рӯзи соли 1903 Уилбур ва Орвилл Райт бародарони амрикоӣ  бори аввал як ҳавопаймои пурқувват ва вазнинтар аз ҳаво – ҳавопаймои “Флайер”-ро бомуваффақият озмоиш карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ҳавопаймое, ки муҳаррики 12 қувваи бензинро дошт, бори аввал дар баландии се метр 12 сония истода, масофаи 39 метрро тай кард. Аммо озмоиш бо ин ба анҷом нарасид. Худи ҳамон рӯз боз се парвози озмоишӣ сурат гирифт. Дар навбати охирин ҳавопаймо дар осмон 59 сония истода, масофаи 250 метрро тай намуд.

Дастгоҳ баъди чорум озмоиш сахт осеб дида, дигар ба ҳаво баланд нашуд. Пас аз чанде, Орвил Райт ихтирои худро таъмир карда, ба осорхона ҳадя кард. Ҳоло “Флайер” яке аз нигораҳои Институти Смитсон дар Вашингтон мебошад.

17-уми декабри соли 1989 дар шабакаи телевизионии “Fox”-и Амрико силсилафилми тасвирии дарозтарин – “Симпсонҳо” нахустин бор намоиш дода шуд. Ин тӯлонитарин филми тасвирӣ дар таърихи телевизиони Амрико ба шумор меравад, ки аз 671 қисм иборат буда, то имрӯз дар экранҳои телевизионии ҷаҳон маъруфият пайдо кардааст. Аз ҷумла, моҳи сентябри соли 2019 намоиши мавсими 31-уми он оғоз гардид.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -4+1º, рӯзона 0+5º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, рӯзона дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 6+11º гарм, рӯзона 10+15º гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 3+8º гарм, рӯзона 7+12º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо шабона асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, рӯзона борон меборад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳо шиддат мегирад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 5+10º гарм, рӯзона 8+13º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона 2+7º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 0+5º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 1-3º сард, рӯзона 3+8º гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17º сард, рӯзона -4+1º.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, шабона бебориш пешгӯӣ шуда, саҳаргоҳон ва рӯзона борон меборад. Ҳарорат: шабона 6+8º гарм рӯзона 11+13º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 8+10º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 8+10º гарм, рӯзона 12+14º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, шабона асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ шуда, рӯзона бориши сусти борон дар назар аст. Ҳарорат: шабона 2+4º гарм, рӯзона 6+8º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...