Президенти Тоҷикистон ваъда дод, ки дар кишвар 1,4 млн ҷойи корӣ таъсис дода мешавад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми ҳамасолаи худ ба парлумон рӯзи 16 декабри соли равон гуфт, ки дар 5 соли наздик дар ҷумҳурӣ 1,4 млн ҷойи корӣ таъсис дода мешавад. Сарвари давлат зикр кард, ки ин як қисмате аз стратегияе мебошад, ки ба таҳкими иқтисоди кишвар ва беҳбуди шароити зиндагии мардум нигаронида шудааст. Ба […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми ҳамасолаи худ ба парлумон рӯзи 16 декабри соли равон гуфт, ки дар 5 соли наздик дар ҷумҳурӣ 1,4 млн ҷойи корӣ таъсис дода мешавад. Сарвари давлат зикр кард, ки ин як қисмате аз стратегияе мебошад, ки ба таҳкими иқтисоди кишвар ва беҳбуди шароити зиндагии мардум нигаронида шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон захираҳои бузуги қувваи корӣ дошта, тайи 10 соли ахир теъдоди аҳолии қобили кор ҳар сол ба ҳисоби миёна 2% ва ҳамагӣ – 880 ҳазор нафар афзудааст.

Бо ин мақсад ҳамасола дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар зиёда аз 200 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд ва беш аз 150 ҳазор нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии касбӣ ба бозори кор мебароянд.

Тавре ки президент зикр кард, барои самаранок ҳал кардани мушкилоти таъмин бо кор муҳим аст, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғл, инчунин дигар сохторҳои давлатӣ тадбирҳои зарурӣ рӯйи даст гиранд, аз ҷумла фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои шаҳрвандони қобили кор, таъмини ҳуқуқҳои кормандон ба меҳнат, ҳисобу китоби дақиқи қувваи корӣ ва беҳтар кардани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Ба дастгирии корхонаҳои хурд ва ҳунарҳои мардумиву косибӣ, ки метавонанд ҷойҳои иловагии корӣ муҳайё созанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд. Ҳаумчунин беҳтар намудани шароитҳои кор ва таъмини бехатарии иҷтимоии кормандон зарур аст.

Ғайр аз ин, ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва вазорату идораҳо бояд ҷиҳати таъсиси ҷойҳои корӣ барои занону маъюбон ва дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ чораҳо андешанд. Кумак ҷиҳати таъмини хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ бо кор, инчнуин фароҳам сохтани ҷойҳои корӣ дар минтақаҳои деҳоти кишвар вазифаи муҳим дониста мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои ноил гардидан ба ин ҳадафҳо роҳандозии ҳамкории зичи ҷонибҳои манфиатдор зарур аст, то ки амалисозии муваффақонаи нақшаҳои таъсиси ҷойҳои корӣ дар солҳои наздик таъмин шавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.