Қобилҷон Алиевро ба хок супурданд. Намози ҷанозаи ӯ бо ҳузури муфтии кишвар хонда шуд

Asia-Plus

Қобилҷон Алиев, навраси дар Русия кушташудаи тоҷикро дар зодгоҳаш, деҳаи Аҷами ҷамоати Акрам Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав ба хок супориданд. Намози ҷанозаи ӯ бо ҳузури Саидмукаррам Абдулқодирзода, муфтии Тоҷикистон хонда шуд.

Ин хонандаи мактаби тоҷик, ки ҳамагӣ 10 сол дошт, 16-уми декабр дар мактабе дар вилояти Маскав аз сӯйи навраси 15-сола ва шаҳрванди Русия бо корд ва бар пояи бадбинии миллӣ кушта шуд. Гумонбар ба куштор боздошт шудааст.

Ҷасади навраси кушташудаи тоҷикро субҳи имрӯз, 18-уми декабр ба Тоҷикистон оварданд ва зери чораҳои амниятӣ барои ҷаноза ба зодгоҳаш деҳаи Аҷам бурданд.

Дар деҳаи Аҷам ҳам кормандони мақомоти интизомӣ ва амниятӣ зиёд буданд ва ба хабарнигорон иҷоза надоданд, ки маросими ҷанозаро ошкор сабту аксбардорӣ кунанд.

Барои иштирок дар ҷанозаи Қобилҷони ғӯрамарг сокинони зиёд ҷамъ омада буданд.

Наздиконаш бо расонаҳо суҳбат накарданд, танҳо модараш Нилуфар Алиева дар ҳоле, ки барои фарзанди кушташудааш талх мегирист ва фиғон мекашид, чанд ҷумла гуфт:

“Душанбе равон карданӣ будам. Гуфт, ки бо ҳамсинфонам хайрухуш кунам… Тақдираш чунин будааст, дар пешониаш чунин навишта шуда будааст. Ҷинояткор ҷазояшро мегирад”.

Нилуфар Алиева дар мактабе, ки писарҳояш мехонданд ва яке аз онҳо кушта шуд, чун фаррош кор мекардааст.

Бояд гуфт, дар навори воқеа, ки онро саҳифаи “Mash” нашр кард, дида мешавад, наврасе бо корд ба гурӯҳи хонандагон наздик шуда, мепурсад, “миллати шумо чист?". Пас аз куштор, гумонбар ба куштор аз ҷониби нерӯҳои интизомӣ дастгир шудааст.

Навраси боздоштшуда ба гуноҳи худ иқрор шуд, алайҳи ӯ бо иттиҳоми куштор ва қасди куштор (моддаҳои 105 қисми 3, моддаи 30 қисми 2 Кодекси ҷиноии Русия) парвандаи ҷиноӣ боз гардидааст.

Расонаҳо менависанд, ки ҳамлагар дар заминаи ҳисси миллатгароӣ ва бадбинӣ ба мактаб ҳамла кардааст: ҳамлагар пеш аз ҳодиса “манифест”-и худро бо номи "Ғазаби ман", ки дар он ӯ зидди яҳудиён, мусалмонон, зиддифашистон ва либералҳо ҳарф мезад, ба ҳамсинфонаш фиристодааст.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи "Газета.ру" аз қавли Кумитаи тафтишотии Русия  навишт,  ки "навраси боздоштшуда эътироф кардааст, ки чанд вақти ахир барои содир кардани ин ҷиноят омодагӣ медид".

Дар пайи ин ҳодиса, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Русия дар кишварро даъват карда, “нота” супорид ва талаб кард, ки “тафтишоти фаврӣ, объективӣ ва беғаразонаи ин ҳодисаи фоҷиаборро анҷом диҳад ва ҳамаи шахсони дахлдорро тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашад”.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохиллии Тоҷикистон дар як суҳбати телефонӣ аз ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев хост, сабабу омилҳои ҳодисаи мазкур ҳамаҷониба санҷиш ва чораҷӯӣ карда шавад.

Юсуф Раҳмон, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон ҳам дар суҳбати телефонӣ бо Сергей Шойгу, ҳамтои русаш куштори Қобилҷони Алиевро баррасӣ кардааст.

Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба Татяна Москалкова, ҳамтои руси худ изҳорот ирсол карда, аз куштори кӯдаки тоҷик изҳори нигаронии ҷиддӣ кард ва вуқуъи ҳодисаро“бар пояи адовати миллӣ” хонда, онро қатъиян маҳкум кард.

ВКХ-и Русия ба ин куштори бераҳмона вокуниш кард ва ба Тоҷикистону пайвандони кушташуда ҳамдардӣ изҳор намуд. Ҳамчунин изҳор дошт, ки ҷониби Русия барои таҳқиқи беғаразона ва холисона талош мекунад.

Ин бори аввал нест, ки як кӯдаки тоҷик дар Русия бар пояи бадбинии нажодӣ ва аз сӯйи миллатгароёну тундгароён кушта мешавад. Дар 22 соли ахир ҳадди ақал 6 куштори бераҳмонаи кӯдакони тоҷик дар Русия расонаӣ шуданд.

Коршиноси бахши муҳоҷират мегӯяд, ки ин кушторҳои бераҳмона аз сӯйи миллатгароёну тундгароён натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ дар Русия аст.

Бояд гуфт, куштори тоҷикон аз дасти шаҳрвандони Русия аксаран аз ҷониби мақомоти ин кишвар расонаӣ намешавад. Ин дар ҳолест, ки қонуншиканӣ ва ё ҷинояти шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам аз ҷониби расонаҳо ва ҳам мақомоти Русия барҷаста ва густурда паҳн карда мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи иди баҳор –Наврӯз дастархони идона омода карда, дар он анвои гуногуни хӯрокҳои миллӣ гузоранд. Муҳимтарини...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.

“Муаррифи драмматургияи тоҷик”. Ёдбуди нависандаи шинохта Меҳмон Бахтӣ

Агар умр вафо мекард, имрӯз Меҳмон Бахтӣ, Нависандаи халқии Тоҷикистон...