“Ҳеҷ гуна шароит наметавонад хушунат ба кӯдаконро сафед кунад”. Изҳороти Омбудсмени тоҷик ба ҳамтои русаш

Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, дирӯз, 17-уми декабр ба Татяна Москалкова, ҳамтои руси худ дар робита ба куштори Қобилҷон Алиеви 10-сола дар Русия изҳорот ирсол кардааст. Ӯ дар номаи худ, аз куштори кӯдаки тоҷик дар яке аз мактабҳои вилояти Маскав изҳори нигаронии ҷиддӣ карда, вуқуъи ҳодисаро“бар пояи адовати миллӣ” хондааст ва қатъиян маҳкум […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, дирӯз, 17-уми декабр ба Татяна Москалкова, ҳамтои руси худ дар робита ба куштори Қобилҷон Алиеви 10-сола дар Русия изҳорот ирсол кардааст.

Ӯ дар номаи худ, аз куштори кӯдаки тоҷик дар яке аз мактабҳои вилояти Маскав изҳори нигаронии ҷиддӣ карда, вуқуъи ҳодисаро“бар пояи адовати миллӣ” хондааст ва қатъиян маҳкум кардааст.

“Ин ҳодисаи фоҷиабор ба пайвандони кӯдак андӯҳи сангин овард ва дар ҷомеа нигаронии амиқ ба вуҷуд овард”, – гуфтааст дар изҳороти худ Омбудсмени Тоҷикистон.

Умед Бобозода аз Татяна Москалкова хостааст, ки “тафтишоти ҳамаҷониба, шаффоф ва одилонаи ин ҳодисаро таъмин намуда, ҳамаи гунаҳкоронро тибқи қонун ба ҷавобгарӣ” кашанд.

“Ҳифзи ҳаёт, амният ва ҳуқуқҳои кӯдакон бояд вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлат ва ҳар як муассисаи таълимӣ бошад. Ҳеҷ гуна шароит, камбудиҳои маъмурӣ ё саҳлангорӣ наметавонад хушунат ё беэътиноиро нисбат ба кӯдакон сафед кунад”, – навиштааст омбудсмени тоҷик дар номааш.

Дар ин баробар, зарурати андешидани тадбирҳои муассирро ҷиҳати пешгирии чунин фоҷиаҳо таъкид карда, тақвияти таъмини назорат дар мактабҳо ва амнияти равониву ҷисмонии кӯдаконро зарур донистааст.

Ёдовар мешавем, ки Қобилҷон Алиеви 10-сола рӯзи 16-уми декабр дар пайи ҳамлаи як навраси 15-сола ва шаҳрванди Русия ба мактабе дар ноҳияи Одинсовои вилояти Маскав кушта шуд.

Куштори ваҳшиёнаи Қобилҷон Алиев мавҷи нигарониҳои ҷомеаи шаҳрвандиро ба миён овард. Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, ки гумонбар ба куштор навраси 15-сола ва шаҳрванди Русия аст ва боздошт шудааст.

Мақомоти масъули Тоҷикистон расман пайгири ҷузъиёти ин куштор шуданд. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Русия дар кишварро даъват карда, “нотаи эътирозӣ” супорид ва талаб кард, ки “тафтишоти фаврӣ, объективӣ ва беғаразонаи ин ҳодисаи фоҷиаборро анҷом диҳад ва ҳамаи шахсони дахлдорро тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашад”.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохиллии Тоҷикистон дар як суҳбати телефонӣ аз ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев хост, сабабу омилҳои ҳодисаи мазкур ҳамаҷониба санҷиш ва чораҷӯӣ карда шавад.

Юсуф Раҳмон, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон ҳам дар суҳбати телефонӣ бо Сергей Шойгу, ҳамтои русаш куштори Қобилҷони Алиевро баррасӣ кардааст.

ВКХ-и Русия ба ин куштори бераҳмона вокуниш кард ва ба Тоҷикистону пайвандони кушташуда ҳамдардӣ изҳор намуд. Ҳамчунин изҳор дошт, ки ҷониби Русия барои таҳқиқи беғаразона ва холисона талош мекунад.

Ҷасади Қобилҷон Алиев субҳи имрӯз ба Тоҷикистон оварда шуд ва дар қабристони деҳаи Аҷами ҷамоати Акрам Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав ба хок супорида шуд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.