Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Ҳамоиши муколамаи “Осиёи Марказӣ – Ҷопон” ба Токио сафар кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз, 18-уми декабр, бо сафари расмӣ ба шаҳри Токиои Ҷопон рафт. Ӯ дар он ҷо дар аввалин Ҳамоиши муколамаи “Осиёи Марказӣ – Ҷопон” ширкат хоҳад кард. Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари раисҷумҳур дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод, нақлиёт, саноат, маориф, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи имрӯз, 18-уми декабр, бо сафари расмӣ ба шаҳри Токиои Ҷопон рафт. Ӯ дар он ҷо дар аввалин Ҳамоиши муколамаи “Осиёи Марказӣ – Ҷопон” ширкат хоҳад кард.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёвари раисҷумҳур дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод, нақлиёт, саноат, маориф, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон менависад, ки Ҳамоиши муколамаи “Осиёи Марказӣ – Ҷопон” рӯзҳои 19-20 декабр баргузор мешавад. Дар ҷараёни кори нишаст сарони кишварҳо атрофи масоили мусоидат ба рушди мустақил ва устувори минтақа табодули назар намуда, рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкориро баррасӣ хоҳанд кард. Дар доираи нишаст ҳамчунин форуми тиҷоратӣ баргузор мегардад.

Ғайр аз ин, вохӯриву гуфтушунидҳои дуҷонибаи сарвазири Ҷопон Санаэ Такаити бо сарони кишварҳои минатқа ба нақша гирифта шудааст.

Дар кори нишаст иштироки сарони давлатҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар назар аст.

Ҷопон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ муддати ду даҳсола аллакай дар шакли муколамаи “Осиёи Марказӣ – Ҷопон” дар сатҳи вазирон ҳамкории мутақобила ба роҳ мондаанд. Нишасти қарибулвуқӯъ вохӯрии аввалини сарони ин кишварҳо маҳсуб меёбад.

Васоити ахбори умум зикр мекунанд, ки Санаэ Такаити нишастро ба сифати густариши ҳамкорӣ ва беҳбуди амнияти иқтисодӣ баррасӣ мекунад.

Баргузории нишасти “Осиёи Марказӣ – Ҷопон” моҳи августи соли 2024 дар Қазоқистон пешбинӣ шуда буд. Аммо бо сабаби эҳтимоли заминларзаи шадид дар Ҷопон пеш аз чорабинӣ ҳайати ин кишвар аз сафар даст кашид.

Қолаби C5+1 муколама байни 5 икшвари минтақаи Осиёи Мароказӣ (С5) ва 1 шарики хориҷӣ аст. Чунин қолаб барои баррасии маҷмӯи васеи масоили ҳамкорӣ – аз соҳаи иқтисоду тиҷорат то амният ва рушди минтақавӣ истифода мешавад. Дар чунин қолаб минтақа бо кишварҳое мисли Чин, Амрико, Ҳиндустон, Куриёи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Русия низ ҳамоишҳо баргузор кардааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“На ҷанг ва на сулҳ”. Пас аз музокироти ноком қадами баъдии Эрону Амрико чӣ хоҳад буд?

Коршиносони тоҷик мегӯянд, Эрон “фишанги дигаре” ҳам дорад, ки агар истифода кунад, таҳдиди ҷиддӣ ба раёсати Доналд Трамп хоҳад шуд.

Дар чанд мактаби Бохтар барномаи “еKhonish” ба кор оғоз кард

Бохтар дуввумин шаҳр дар вилоят аст, ки ба ин барнома прайваст гардид.

Куриё барои таъминоти нерӯи барқ дар Ромит 14 миллион доллар медиҳад

Дар доираи лоиҳа 8 ҳазор сокини ҷамоати Ромит ба барқ дастрасӣ пайдо мекунанд.

“Уқоби тоҷик” дар ҳоли омодагӣ ба парвоз. Қарордоди нави Нурулло Алиев бо UFC

“Уқоби тоҷик” имрӯз дар Амрико ва Тоҷикистон бо машқу тамринҳо машғул аст.

Ҳушдори мақомот аз 4 рӯзи хокбориш дар Тоҷикистон

Барои пешгирӣ аз чангу ғубор чӣ бояд кард?

Чаро нархи шакар дар Тоҷикистон гарон шуд?

Нархи 1 килограмми он ба 12 сомонӣ расидааст.

Пулиси Душанбе: Дар пайи 44 садама дар се моҳ 6 пиёдагард ҷон бохтаанд

Мақомот дар Душанбе амалиёти “Пиёдагард”-ро оғоз кард.