Се додрас “барои кирдоре, ки шаъну эътибори додрасро паст мекунад” аз вазифа барканор шуданд

Фирдавс Ҳусейнзода, додраси додгоҳи вилояти Суғд, Самандари Қаландар, додраси додгоҳи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва Нозим Давлатзода, додраси додгоҳи ноҳияи Балҷувон “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз вазифа барканор гардидаанд. Фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин маврид дирӯз, 17-уми декабр, имзо шудааст. Вале маълум нест, ки ин се додрас чӣ […]

Asia-Plus

Фирдавс Ҳусейнзода, додраси додгоҳи вилояти Суғд, Самандари Қаландар, додраси додгоҳи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва Нозим Давлатзода, додраси додгоҳи ноҳияи Балҷувон “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз вазифа барканор гардидаанд.

Фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин маврид дирӯз, 17-уми декабр, имзо шудааст.

Вале маълум нест, ки ин се додрас чӣ кирдоре анҷом додаанд, ки обрӯи додрасро паст задааст. Дар гузашта аксаран даст ба фасод ва ришватхорӣ задан сабаби барканории додрасҳо мешуд.

Ҳамчунин, бо фармони раисҷумҳур, Манижа Шарифзода, додраси додгоҳи шаҳри Исфара “бо хоҳиши худ”, Қамариддин Табарзода, додраси додгоҳи ноҳияи Ховалинг, Муҳаммадсаид Шоҳиён додраси додгоҳи шаҳри Душанбе бо сабаби расидан ба синни ниҳоии додрасӣ ва Бадриддин Шарифзода, додраси додгоҳи вилояти Суғд бинобар вафоташ аз вазифа озод шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар гузашта ҳам чандин додрас “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад” аз вазифа барканор шуда буданд. Аммо он замон ҳам ҷурми онҳо ошкор нашуда буд, ҳарчанд баъдтар барои ҷомеа маълум шуд, ки ин додрасҳо чӣ кори пастзанандаи шаъну эътибори додрас кардааст. Аксари онҳо ҳам барои фасодкорӣ аз вазифа озод шуда буданд.

Чаро вақти барканорӣ гуноҳи додрасҳоро мушаххас намегӯянд? Дар ин матлаби мо мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.