Даҳ варзишгари беҳтарини соли 2025 аз нигоҳи Анҷумани рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикистон

Asia-Plus

Ин рӯйхат бар асоси натиҷагирии назарсанҷии хабарнигорони риштаи варзиш тартиб дода шуда, ба даҳгонаи беҳтарини имсола 5 намуди варзиш – ҷудо, бокс, қаиқронӣ дар каноэ, гуштии озод ва тенниси рӯйи миз дохил шуданд.

Аз Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) гуфтанд, ду медали нуқра дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаҳои ҷудо ва бокс беҳтарин дастоварди варзишгарони тоҷик дар соли 2025 мебошад.

Ҳамин тариқ, бар асоси хулосаи рӯзномнигорони риштаи варзиши кишвар, 10 варзишгари беҳтарини соли 2025 инҳоянд:

Эмомалӣ Нуралӣ (ҷудо) – барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни 66 кг дар шаҳри Будапешти Венгрия (Маҷористон), медали биринҷии қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Бангкоки Тайланд, медали тиллои “Dushanbe Grand Slam 2025”;

Хусравхон Раҳимов (бокс) – барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни 57 кг дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, медали тиллои мусобиқаи байналмилалӣ дар Оқтови Қазоқистон дар вазни 60 кг;

Темур Раҳимов (ҷудо) – барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни +100 кг дар шаҳри Будапешти Венгрия, медали нуқраи Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ, медали нуқраи қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Бангкоки Тайланд, медали тиллои “Dushanbe Grand Slam 2025”;

Обид Ҷебов (ҷудо) – барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни 66 кг дар шаҳри Будапешти Венгрия, медали биринҷии қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Бангкоки Тайланд, медали нуқраи “Qingdao Grand Prix 2025” дар шаҳри Тсиндаои Чин;

Акмал Убайдов (бокс) – барандаи медали биринҷии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар вазни 57 кг дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Арабӣ;

Муҳиддин Асадуллоев (ҷудо) – қаҳрамони ҷаҳон байни ҷавонон дар вазни 66 кг дар шаҳри Лимаи Перу, барандаи медали тиллои “Dushanbe Grand Slam 2025”, медали нуқраи “Abu Dhabi Grand Slam 2025”;

Мадина Қурбонзода (ҷудо) – барандаи медали нуқраи Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ дар вазни 52 кг, медали тиллои қаҳрамонии Осиё миёни наврасон дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия, медали биринҷии “Dushanbe Grand Slam 2025”;

Шаҳриёр Даминов (каноэ) – барандаи медали тиллои мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар Ҳонконги Чин дар каноэи якнафара дар масофаи 3400 метр ва медали нуқра дар масофаи 16 800 метр байни бузургсолон;

Абдулмаҷид Кудиев (гуштии озод) – барандаи медали нуқраи Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар Риёзи Арабистони Саудӣ дар вазни 65 кило, медали тиллои мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Яшар Доғу дар Туркия;

Саъдӣ Исмоилов (тенниси рӯйи миз) – барандаи медали биринҷии рақобатҳои инфиродӣ байни мардон дар Бозиҳои VI ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ.

АЖРВТ як созмони ҷамъиятӣ аст, ки дар он журналистони риштаи варзиш дар Тоҷикистон гирди ҳам омадаанд. Даҳ варзишгари беҳтарини солро ҳамасола журналистони риштаи варзиши кишвар интихоб мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Холмурод Раҳмон, раисе, ки Эмомалӣ Раҳмон аз кораш таъриф карда буд, даргузашт

Ӯро имрӯз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба хок супориданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 51

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Музокироти сулҳ миёни Амрико ва Эрон. Трамп бо пофишорӣ тасдиқ кард, аммо мақомоти Эрон рад мекунанд

Зарбулаҷали 48 - соата барои Эрон ҳам, баъди посухи таҳдидомези Теҳрон, 5 рӯз ба таъхир афтод.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 марти соли 2026

Имрӯз дар маркази Душанбе ва ҳама навоии он чорабиниҳои наврӯзӣ доир мешавад.

Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?

Омили аслии оғози ҷанги таҷовузкорона ва талоши то ин лаҳза номуваффақи сарнагун кардани низоми Ҷумҳурии Исломӣ аз сӯйи Вашингтону Телавив, қудрати он гуфта мешавад.

Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон

Наврӯз яке аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, онро мардуми Тоҷикистон аз қадимулайём то ба имрӯз бошукӯҳу вижагиҳо ва русуми хоси ин диёри куҳанбунёд, ки аз ниёгонамон ба ёдгор мондааст, таҷлил менамоянд. Суғдиён дар радифи бохтариён, ки аз гузаштагони аслии тоҷикон ба шумор мераванд, Наврӯзро аз замонҳои қадим бошукӯҳ ва тантанаи хос ҷашн мегирифтанд. Наврӯз расму ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки якчандтои онро инҷо меорем.

Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд

Посухи ошкор ба ин суолҳо эътимодро ба адолати додгоҳӣ, сухани мақомоти Русия меафзояд ва ҷомеа бовар хоҳад кард, ки маҳз ҳамонҳое, ки ба сӯйи одамони бегуноҳ тир кушоданд, ҷазо гирифтанд.

Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид

Аббос Ароқчӣ сипос гуфт ва таъкид кард, ки Эрону Тоҷикистон дар канори якдигар ва ҳамроҳи рӯзҳои сахтиву хушии ҳам будаанд.