Ба Эмомалӣ Раҳмон ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой тақдим шуд

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон супорида шуд. Президенти кишвар ҳамроҳи роҳбарони Қирғизистон ва Ӯзбекистон "барои саҳми бузург дар таҳкими сулҳ ва амният дар минтақа моҳи сентяри соли 2025" , яъне ҳалли масоили марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ба ин ҷоиза сазовор гардиданд. Ҳамчунин, дар маросим ба Шавкат Мирзиёев ва Содир Ҷабборонраисҷумҳурони Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой ба Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон супорида шуд. Президенти кишвар ҳамроҳи роҳбарони Қирғизистон ва Ӯзбекистон "барои саҳми бузург дар таҳкими сулҳ ва амният дар минтақа моҳи сентяри соли 2025" , яъне ҳалли масоили марзӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон ба ин ҷоиза сазовор гардиданд.

Ҳамчунин, дар маросим ба Шавкат Мирзиёев ва Содир Ҷабборонраисҷумҳурони Ӯзбекистон ва Қирғизистон низ ин ҷоиза тақдим гардид. Ҷоизаро Валерий Гергиев, роҳбари ҳайати ҳакамони ҷоиза ба соҳибонаш супорид.

Хабаргузории ТАСС менависад, ки Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ гуфт, ҷоиза на танҳо ҳамчун эътирофи саҳми шахсӣ, балки натиҷаи талошҳои се кишвар баҳри таҳкими сулҳ ва амният дар минтақаи ИДМ аст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, имзои Шартнома дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои Қирғизистону Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадиро ёдовар шуда, таъкид доштааст, ки ин санадҳо барои рушди минтақа ва роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманд заминаи мустаҳкам фароҳам меоранд.

Дар идома, президент аз афзоиши рақобати сиёсӣ ва иқтисодӣ дар саросари ҷаҳон, мавҷи нави “ҷанги сард”, мусаллаҳшавӣ ва заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байнулмилалӣ изҳори нигаронӣ кард.

“Дар ин шароит моро лозим аст, ки дар доираи иштироки фаъолона дар равандаҳои ҷаҳонӣ дар ҳамдастӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талошҳоро барои расидан ба ҳадафҳои созанда – дастгирии сулҳу субот ва таъмини амнияти ҳамаҷониба тақвият диҳем”, – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки 31 марти соли 2025 дар нишасти сарони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Хуҷанд созишномаи дар хусуси сарҳадҳои се давлат ва эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ба имзо расида, масоили сарҳадии миёни се давлати ҳамсоя ҳалли ниҳоии худро пайдо намуданд.

Дар иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон дар ин робита зикр мешавад, ки "ин руйдодҳои таърихӣ ба таъмини амну субот, рушди устувор ва болоравии нуфузу эътибори байналмилалии минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамаҷониба мусоидат намуд".

Ёдовар мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон дирӯз, 22-юми декабр барои иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия сафар кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.