Як зодаи Тоҷикистонро дар Русия баъди ибрози андешааш дар робита ба куштори Қобилҷон боздошт кардаанд

Идибеки Саид, махсус барои Asia-Plus

Як зодаи Тоҷикистон баъди ибрози андешаҳояш дар бораи куштори Қобилҷон Алиев, навраси 10-солаи тоҷик дар мактабе дар канори Маскав боздошт шудааст. Дар ин бора Маркази ҳомии ҳуқуқи “Сова” дар Русия хабар дода, аз ин ҷавон Саидназар Ҳоҷимуродов ном бурдааст.

Манбаъ гуфтааст, ӯ рӯзи 19-уми декабр дастгир шуда, алайҳаш барои "барангехтани кинаву адовати миллӣ" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ин ҷавони 25-солаи тоҷик, ки дар Маскав кироякашӣ мекард, дар наворе ҳукумати Русия ва Александр Бастрикин, раиси Кумитаи тафтишоти ин кишварро бо лаҳни тунд ва олуда бо дашном “барои беэътиборӣ ба ҷиноятҳои дар заминаи бегонаситезӣ рухдода” интиқод кардааст.

Ӯ аз ҷумла гуфтааст, “агар аз ҷониби ягон тоҷик ё зодаи Тоҷикистон нафаре инҷо (дар Русия) кушта шавад, расонаҳо ба миллати ӯ ишора мекарданд”. Ҳоҷимуродов инро “ноодилона” хонда, таъкид кардааст, ки “тоҷикон дар Русия пайваста кушта мешаванд, аммо ҷомеа бетараф боқӣ мемонад”.

Ба навиштаи “Сова” наворҳои ин кироякашро саҳифаи тундрави “Многонационал” дар “Телеграм” нашр карда, боздошти ӯро талаб кардааст.

Вале ба гуфтаи ин марказ, "дар баёнияҳои эҳсосии Саидназар Ҳоҷимуродов аломати барангехтани адовати милливу динӣ дида мешавад, вале тарғиб ё сафед кардани зӯроварӣ дида намешавад, аз ин рӯ, ягон асос барои боз шудани парванди ҷиноӣ бо банди "б"-и қисми 1-и моддаи 282-и Кодекси ҷиноятӣ (Барангехтани нафрат ё душманӣ, инчунин паст задани шаъну шарафи инсонӣ) вуҷуд надорад”.

“Хоҷимуродов қаблан бо моддаҳои "зиддиэкстремизм" ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст. Аз ин рӯ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд танҳо бо оғоз кардани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи моддаи 20.3.1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия (Барангехтани нафрат ё душманӣ, инчунин паст задани шаъну шарафи инсонӣ) маҳдуд мешуданд", – гуфтааст ин марказ.

Мақомоти Русия ин қазияро расман шарҳ надодаанд.

Ёдовар мешавем, ки 16-уми декабр дар мактабе дар вилояти Маскав дар пайи ҳамлаи як шаҳрванди 15-солаи Русия дар пояи “нафрати миллӣ” Қобилҷон Алиеви 10-сола кушта шуд. Ӯро рӯзи 18-уми декабр дар ноҳияи Шаҳринав ба хок супориданд ва муттаҳам ба куштори ӯ ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Ин қазия вокуниши зиёдеро дар саросари Тоҷикистон ва берун аз он ба миён овард. Ҷомеа на танҳо муҷозоти қотили Қобилҷонро мехоҳад, балки ба ташхису маҳкум кардани омили аслии ин ҷинояти мудҳиш – миллатгароӣ ва муҳоҷирситезӣ дар Русия таъкид мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон низ рӯзи 22-юми декабр дар дидори худ бо Владимир Путин таҳқиқи қазияро пеш гузошт ва раисҷумҳури Русия ваъда дод, ки “гунаҳкорон ҷазо хоҳанд гирифт”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.