Ҳамдардии сокинони Остонаву Бишкек дар робита ба куштори Қобилҷон Алиев

Сокинону меҳмонони шаҳрҳои Остона ва Бишкек ба назди сафоратҳои Тоҷикистон дар ин шаҳрҳо рафта, ҳамчун рамзи ҳамдардӣ ба кушта шудани Қобилҷон Алиев, навраси 10-солаи тоҷик гул ва бозичаҳои кӯдакона мегузоранд. Аз ҷумла, аз дирӯз, 18-уми декабр сокинон ба назди Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон мераванд. Сомонаи “SteppeNews.kz” навишт, онҳое, ки барои таслият омада буданд, гуфтаанд, наметавонанд нисбати ин фоҷеа […]

Идибеки Саид, Asia-Plus

Сокинону меҳмонони шаҳрҳои Остона ва Бишкек ба назди сафоратҳои Тоҷикистон дар ин шаҳрҳо рафта, ҳамчун рамзи ҳамдардӣ ба кушта шудани Қобилҷон Алиев, навраси 10-солаи тоҷик гул ва бозичаҳои кӯдакона мегузоранд.

Аз ҷумла, аз дирӯз, 18-уми декабр сокинон ба назди Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон мераванд. Сомонаи “SteppeNews.kz” навишт, онҳое, ки барои таслият омада буданд, гуфтаанд, наметавонанд нисбати ин фоҷеа бетараф монанд ва “муҳим донистанд, ки шахсан изҳори ҳамдардӣ ва дастгирии худро баён кунанд”.

Ҳамзамон варақаҳое бо мазмуни ҳамдардӣ ба забони қазоқӣ ва русӣ дар назди сафорат насб шудааст.

“Қазоқистон аз марги Қобилҷон Алиеви фаришта мотам мегирад. Хотираи ӯ абадӣ бошад. Дарди талафоти ӯ тамоми кишварро фаро гирифтааст ва симои покӣ, меҳрубонӣ ва бегуноҳии ӯ дар дилҳои мардум абадӣ боқӣ хоҳад монд”, – навишта шудааст дар яке аз варақаҳое, ки сокинон дар бинои сафорати Тоҷикистон гузоштаанд.

Чунин иқдом аз ҷониби сокинон ва меҳмонони Бишкек низ сурат гирифт. Чанд тан аз бошандагони ин шаҳр ба изҳори ҳамдардӣ ва маҳкум кардани куштори ваҳшатноки кӯдаки 10-солаи тоҷик дар Русия ба Сафорати Тоҷикистон дар Қирғизистон гулу бозичаҳо гузоштаанд.

Ҳамчунин, як рӯз пас аз ҳодиса дар мактабе, ки Қобилҷон Алиев онҷо таҳсил мекард, сокинони маҳаллӣ ва шаҳрвандони Тоҷикистон гул гузошта, дар робита ба қатли ин кӯдак ҳамдардӣ кардаанд.

Қобилҷон Алиеви 10-сола 16-уми декабр дар мактабе дар ноҳияи Одинсовои вилояти Маскав аз ҷониби як шаҳрванди 15-солаи Русия кушта шуд. Ҳамлагар дар заминаи ҳисси миллатгароӣ ва бадбинӣ ба мактаб ҳамла кардааст: ҳамлагар пеш аз ҳодиса “манифест”-и худро бо номи "Ғазаби ман", ки дар он ӯ зидди яҳудиён, мусалмонон, зиддифашистон ва либералҳо ҳарф мезад, ба ҳамсинфонаш фиристодааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Русия дар кишварро даъват карда, “нотаи эътирозӣ” супорид ва талаб кард, ки “тафтишоти фаврӣ, объективӣ ва беғаразонаи ин ҳодисаи фоҷиаборро анҷом диҳад ва ҳамаи шахсони дахлдорро тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашад”. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохиллии Тоҷикистон дар як суҳбати телефонӣ аз ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев хост, сабабу омилҳои ҳодисаи мазкур ҳамаҷониба санҷиш ва чораҷӯӣ карда шавад.

Субҳи 18-уми декабр ҷасади Қобилҷонро ба ватан оварданд ва ӯро дар деҳаи Аҷами ҷамоати деҳоти Акрам Ҳасанови ноҳияи Шаҳринав канори падараш, ки се сол пеш вафот карда буд, ба хок супориданд.

Дар рӯзи ба хок супоридани Қобилҷон муттаҳам ба куштори ӯ аз тарафи Додгоҳи Тверскойи Маскав 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Ин бори аввал нест, ки як кӯдаки тоҷик дар Русия бар пояи бадбинии нажодӣ ва аз сӯйи миллатгароёну тундгароён кушта мешавад. Дар 22 соли ахир ҳадди ақал 6 куштори бераҳмонаи кӯдакони тоҷик дар Русия расонаӣ шуданд.

Коршиноси бахши муҳоҷират мегӯяд, ки ин кушторҳои бераҳмона аз сӯйи миллатгароёну тундгароён натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ дар Русия аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.