Амрико барномаи “Green Card”-ро муваққатан боздошт

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дастур додааст, ки барномаи қуръакашӣ ё лотереяи “Корти сабз” (“Green Card”) муваққатан боздошта шавад. Ин дастур баъди тирпарронӣ дар Донишгоҳи Брауни шаҳри Провиденс, ки гумонбари ҳодиса бо ин барнома ба Амрико ворид шудааст, содир гардид. Тирпарронӣ рӯзи 13-уми декабр рух дода, ду тан кушта ва тақрибан 20 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. […]

Asia-Plus

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дастур додааст, ки барномаи қуръакашӣ ё лотереяи “Корти сабз” (“Green Card”) муваққатан боздошта шавад. Ин дастур баъди тирпарронӣ дар Донишгоҳи Брауни шаҳри Провиденс, ки гумонбари ҳодиса бо ин барнома ба Амрико ворид шудааст, содир гардид.

Тирпарронӣ рӯзи 13-уми декабр рух дода, ду тан кушта ва тақрибан 20 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд. Рӯзи 18-уми декабр ҷасади худи гумонбар дар тирпарронӣ – Клаудио Мануэли Невеш Валенте дар як анбор пайдо шудааст.

Кристи Ноэм, вазири амнияти дохилии Амрико дар шабакаи иҷтимоии “Х” дар бораи судури фармони Доналд Трамп иттилоъ дода гуфтааст, “барномаи “Diversity Visa” бо мақсади таъмини амнияти минбаъдаи амрикоиҳо аз ҷониби ин барнома боздошта мешавад”.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамлагари мусаллаҳ Клаудио Мануэл Невеш Валенте ном шаҳрванди 48-солаи Португалия буда, соли 2017 тавассути барномаи лотереяи "Green Card" ба Амрико ворид шудааст.

“Ба ин шахси разил ҳаргиз набояд иҷоза дода мешуд, ки ба кишвари мо ворид шавад”, – навиштааст Ноэм.

Маълум нест, ки ин барнома то кай боздошта мешавад.

Боз доштани барномаи “Корти сабз” дар ҳолест, ки ҳамасола дар моҳҳои октябр ва ноябр сабтином дар ин барнома оғоз мешуд. Вале имсол то ҳол оғоз нашудааст. Сабабаш ҳам шарҳ дода нашудааст.

Ҳамасола даҳҳо нафар аз Тоҷикистон ҳам “Green Card”-ро пур мекунанд. Аз ҷумла, имсол аз Тоҷикистон 2 ҳазору 982 нафар барандаи “Корти сабз” шуда буданд. 

Сар аз соли 1990, ҳамасола Департаменти давлатии ИМА тавассути лотерея ба шаҳрвандони кишварҳое, ки мизони муҳоҷирати таърихан паст ба ИМА доранд, аз ҷумла ба Тоҷикистон, 50000 раводиди иқомати доимӣ медиҳад.

Ғолибони лотереяи “Green Card” ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки ба таври қонунӣ дар Амрико зиндагӣ кунанд.

Маъмулан муҳлати супоридани ариза барои дарёфти “Корти сабз” ҳамасола дар моҳи октябр оғоз ёфта, ҳудуди як моҳ ё бештар аз он идома мекунад. Натиҷаи он ғолибан моҳи майи соли оянда маълум мешавад.

Дар ин матлаби таҳиянамудаи мо дар бораи пур кардани мустақилонаи аризаи "Green Card" ва дар матлаби дигари дар бораи чӣ гуна санҷидани натиҷаҳои бозии лотерея ва ба доми қаллобон наафтодан маълумот пайдо кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.