Насби QR-рамзҳо барои санҷиши биноҳои фурӯхташаванда. Чӣ гуна аз он истифода кард ва чӣ имконот дорад?

Asia-Plus

Дар назди шуъбаҳои фурӯши ширкатҳои биносоз дар шаҳри Душанбе барои санҷиши маълумот дар бораи иншоот QR-рамзҳо насб мешаванд. Акнун тафтиши тамоми маълумот – аз соҳиби аслии ширкати биносоз то қонунӣ будани ҳуҷҷатҳои он тавассути QR-рамз имконпазир мешавад.

Дар ин бора аз Сарраёсати меъмории пойтахт ба “Азия-Плюс” иттилоъ дода, гуфтанд, тавассути QR-рамз дастрасӣ ба пойгоҳи ягонаи иттилоотии www.memor.pro, ки дар бораи сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматии пойтахт маълумот пешниҳод мекунад, таъмин мешавад.

Ба иттилои манбаъ, бунёди биноҳои замонавӣ ва таваҷҷуҳи зиёди сокинон ба харидории манзил тақозо кардааст, ки дар пойтахт низоми муосири назоратӣ ва иттилоотии иншоот ҷорӣ шавад.

“Ин иқдом бо ҳадафи дастрасии осон ба маълумоти саҳеҳ дар бораи вазъи ҳуқуқии биноҳои шаҳри Душанбе роҳандозӣ мешавад”, – гуфтанд аз Сарраёсати меъморӣ.

Мусоидат ба рақамикунонии соҳаи шаҳрсозӣ ва таъмини шаффофият ва ҳимояи ҳуқуқи ҳиссагузорони манзил аз ҳадафҳои дигари ин иқдом гуфта мешавад.

Ба иттилои манбаъ, ҳоло маҷмааҳои истиқоматии зиёд бо номҳои зебои тиҷоратӣ муаррифӣ мешаванд, ки баъзан харидорро гумроҳ мекунанд.

“Системаи нави ягонаи иттилоотии www.memor.pro ба шаҳрвандон имкон медиҳад, то муайян кунанд, ки дар асл кадом ширкати ҳуқуқӣ (ҶДММ) соҳиби расмии иншоот аст ва масъулиятро ба дӯш дорад”, – гуфтанд масъулини Сарраёсати меъморӣ.

 

Аз соҳиби аслии иншоот то қонунӣ будани ҳуҷҷатҳо

Ба иттилои ин ниҳод, акнун тамоми маълумот – аз соҳиби аслии иншоот то қонунӣ будани ҳуҷҷатҳо тавассути QR-рамз дастрас мешавад. Ин рамзҳо дар даромадгоҳи шуъбаҳои фурӯш ва биноҳое, ки сохтмон ҷараён дорад, насб карда мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, бо нусхабардории QR-рамзҳо тавассути телефони мобилӣ, метавон ба таври худкор бо 6 ҳуҷҷати калидӣ ва рӯйхати блокҳои дорои иҷоза шинос шуд:

Қарори лоиҳакашӣ;

Нақшаи кулли бино (Генплан);

Шиносномаи бино;

Хулосаи ташхис (экспертиза);

Қарори сохтмон;

Иҷозат барои оғози корҳои сохтмонӣ.

Ҳамчунин, система рӯйхати блокҳои дорои иҷозатро пешниҳод мекунад, ки ба харидор имкон медиҳад, ба нақшаи тасдиқшуда шомил будани бинои интихобкардаашро санҷад.

Харидорон ҳамчунин бо ин восита метавонанд фаҳманд, ки кадом ширкати ҳуқуқӣ соҳиби расмии иншоот ва масъули сохтмон аст. Аз ҷумла харидорон ба рақамҳои телефони шахсони масъули иншоот дастрасӣ пайдо мекунанд, ки ин “робитаи мустақимро байни сохтмончӣ ва харидор таъмин мекунад”.

Агар лоиҳа дар ин барнома набошад, эҳтимол иҷозати расмии оғози корҳои сохтмониро надорад.

 

Чӣ гуна аз QR-рамз бояд истифода кард?

Бо нусхабардории QR-рамз дастгоҳи мобилӣ худкор ба пойгоҳи ягонаи иттилоотии www.memor.pro пайваст шуда, дар бораи бинои мавриди назар иттилоъ пешниҳод мекунад.

Барои осонии истифода, корбурди барнома бо забони рангҳо пешбинӣ шудааст, ки рангҳои сурх ва сабз ҳамчун роҳнамо интихоб шудаанд.

Ишораи ранги сабз дар барнома маънои пурра ва дуруст будани ҳуҷҷатҳоро дорад.

Аммо агар ранги сурх ишора шавад, барнома ба таври худкор ҳушдор медиҳад, ки “то пурра кардани ҳуҷҷатҳои пешазсохтмонӣ, бастани шартномаи ҳиссагузорӣ тавсия дода намешавад".

Баҳром Маҳмадалӣ, муовини аввали сардори Сарраёсати меъмории шаҳри Душанбе ин ташаббусро як ҷузъи муҳими сиёсати шаҳрдорӣ арзёбӣ кардааст.

“Мо бояд дарк кунем, ки ба системаҳои пешина ва кӯҳнашудаи коргузорӣ дигар роҳи бозгашт нест. Ин иқдом танҳо оғози кор аст ва мо ҳадаф дорем, ки имкониятҳои рақамикунониро дар дигар ҷанбаҳои шаҳрсозӣ низ васеъ истифода барем”, – таъкид дошт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, вақте ки маълумот дастрас ва шаффоф аст, боварӣ ва ҳамкории байни сохтмончиён ва аҳолӣ ба сатҳи сифатан нав мегузарад.

Сарраёсати меъмории пойтахт ба сокинон тавсия додааст, ки аз ин имконият истифода бурда, пеш аз хариди манзил вазъи ҳуқуқии онро тавассути сомонаи расмӣ ва QR-кодҳо санҷанд.

Бояд гуфт, ҳолатҳои қаллобии ошкоро ҳангоми хариди хона аз ҷониби бинокорон дар пойтахт кам нестанд. Дар аксар ҳолат ширкати бинокор бидуни асосҳои воқеӣ ба садҳо нафар хона ваъда медиҳад ё ба сохтмони ғайриқонунӣ машғул аст.

Интизор меравад, ки пойгоҳи ягонаи иттилоотӣ дар бораи биноҳои баландошёнаи навсохти пойтахт барои ҳалли ин мушкил низ мусоидат хоҳад кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...