Аз “Моҳӣ дар шаст”-у “Хоби сурх” то “Мулло”-ву “Сиёҳ, сурх, зард”. Беҳтарин фимҳои Осиёи Марказӣ дар соли 2025

Date:

Синамои Осиёи Миёна дар соли 2025 ҳамчун майдони андешаи иҷтимоӣ ва таҷрибаи бадеӣ муаррифӣ шуд. Фалсафаи зиндагӣ, андешаҳои иҷтимоиву инсонӣ, сарнавиштҳои ба ҳам печидаи ишқӣ ва мазҳакаҳои талх, ки воқеиятҳои зиндагиро инъикос мекунанд, меҳвари филмҳои минтақаро дар соли ҷорӣ ташкил доданд.

Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии синамо, ки 28-уми декабр дар саросари ҷаҳон таҷлил мешавад, беҳтарин филмҳои Осиёи Миёнаро, ки соли 2025 рӯйи пардаи синамо омаданд, гирд овардем. 

 

“Моҳӣ дар шаст”

“Моҳӣ дар шаст” филми муштараки Тоҷикистону Эрон буда, моҳи октябри имсол дар ҳошияи Синамоҷашвораи дуюми байналмилалии “Тоҷи Сомон” дар Душанбе нахустин маротиба ба саҳна гузошта шуд ва соҳиби “Шоҳҷоиза” шуд. Филм гарчанде соли 2024 дар Тоҷикистон сабт шуд, аммо соли 2025 рӯйи экранҳои ҷаҳонӣ ва Тоҷикистон омада, қабл аз намоиши расмии худ дар кишвар, дар кинофестивалҳои байналмилалӣ ҷоиза гирифт ва собит кард, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ рақобатпазир аст.

Нахустнамоиши ҷаҳонии филм дар 30-юмин Синамоҷашнвораи байналмилалии бачагон ва навҷавонон “Шилингел” дар шаҳри Хемнитсеи Олмон ва сипас 21-уми сентябри соли 2025 дар шаҳри Теҳрон баргузор шуд. Ахиран он ба ду ҷашнвораи байналмилалӣ роҳ ёфт ва аввали соли 2026 ба Булғористон ва Банлога меравад.

Ин филм бо коргардонии Муҳиддини Музаффар офарида шуда, қиссаи таъсирбахши писарбачаи даҳсолаеро бо номи Далер ҳикоят мекунад, ки тарбиятгирандаи мактаб-интернат буда, ҳамроҳи Самади қиморбоз ба сафари тӯлонӣ аз шимол то ҷануби Тоҷикистон барои ҷустуҷӯи модараш мебарояд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Раванди сабти филмӣ "Моҳӣ дар шаст"

Ин сафар на танҳо достони ҷустуҷӯи модари кӯдак, балки тағйири ботини ӯ ва атрофиёнаш низ мебошад. Филм бо забони рамзу абзорҳои ҳунарӣ ҷаҳони ботинии қаҳрамононро пеши рӯи бинанда боз мекунад ва паёмҳое дар бораи маънии зиндагӣ, озодагӣ ва қадру қимати инсонро дорад.

 

“Харгӯши сиёҳ, харгӯши сафед”

“Харгӯши сиёҳ, харгӯши сафед” филми муштараки Тоҷикистону Эрон буда, коргардони он Шаҳром Мукрӣ аз Эрон аст. Дар он ҳунармандони тоҷику эронӣ нақш офаридаанд.

Нахустнамоиши филми мазкур 24-уми сентябри имсол дар толори синамоии “Ватан” дар пойтахт баргузор шуд. Наворбардорӣ се моҳ давом карда, саҳнаҳои филм дар муассисаи давлати “Тоҷикфилм”, мавзеъҳои Ҳисор ва Варзоб бардошта шудаанд.

Он ахиран дар ҷашнвораи байналмилалии филми Ҳойнон дар ҷазираи Ҳойнони Чин бо дарёфти ҷоизаи “Норгили тиллоӣ” унвони “Беҳтарин филм”-ро соҳиб шудааст. Ин филм аз синамоҷашнвораи “Пусан” низ ҷоизаи “Чашмандози байналмилалӣ дар синамои Осиё”-ро ба даст оварда буд.

Чанде пеш Сафар Ҳақдод, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон гуфта буд, ки тасмим дорад, филми “Харгӯши сиёҳ, харгӯши сафед”-ро ба ҷоизаи Оскар пешниҳод кунад.

Муҳтавои асосии филм он аст, ки ҳеҷ чиз беҷавоб намемонад ва таърих такрор мешавад. Қиссаи асосӣ дар бораи як зан аст, ки баъд аз садама зиндагиаш тағйир ёфта, ҳаводиси атрофи ӯ дигаргун пеш мераванд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Постери филм

 

“Хоби сурх”

Филми бадеии “Хоби сурх” бо коргардонии Соҳибёр Толиб рӯйи саҳна омада, 16-уми майи имсол дар толори синамои “Ватан” нахустин маротиба намоиш дода шуд. Филм қаблан “Девона” ном дошта, сипас унвони “Хоби сурх”-ро гирифтааст. 

Нақшҳои асосии филми “Хоби сурх”-ро ҳунармандони шинохтаи тоҷик, Исфандиёр Ғуломзода, Меъроҷиддин Асоев, Таҳмина Раҷабова, Ғолиб Исломов, Қурбони Собир, Зарпарӣ Хушвақт, Қандил Тоиров ва дигарон офаридаанд.

Достони филм тасвири зиндагии нафарест, ки дар даврони истиқлол зери таъсири андешаҳои ташаккулёфтаи давраи Шӯравӣ қарор дорад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Лаҳзаи банаворгирии филми "Хоби сурх"

Филм дар бораи пирмарде қисса мекунад, ки дар ҷанги Афғонистон сарбози шуравӣ буд. Ӯ дар бузургсолӣ гирифтори беморӣ шуда, пас аз 2 соли бистарӣ шудан дар бемористони рӯҳӣ, мехоҳад Иттиҳодияи Шуравиро барқарор кунад.

Дар филми “Хоби сурх” андешаҳои иҷтимоиву инсонӣ ба таври вижа ба тасвир омада, масоили замонаро низ матраҳ мекунад.

 

“Сиёҳ, сурх, зард”

Филми “Сиёҳ, сурх, зард” маҳсули филмофарони Қирғизистон буда, соли 2025 бо коргардони Актан Абдикаликов рӯйи пардаи синамо омадааст. 

Филм моҳи июни имсол дар Синамоҷашнвораи Шанхай дар Чин нахустин маротиба намоиш дода шуда, “Ҷоми тиллоӣ”, ҷоизаи асосии ин ҷашнвораро ба даст овард.

Он дар бораи се сарнавишти ба ҳам даромехта қисса мекунад, ки меҳвари он ишқи ду сокини одии деҳа аст, ишқе, ки аз озмоиши замон мегузарад ва такондиҳанда аст. Дар филм масъулияти ахлоқӣ дар оила, инчунин арзиши ҳифз ва эҳтироми мутақобил мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Дар меҳвари қисса Турдигул ном ягона бофандаи қолин дар деҳа қарор дорад, ки қолинҳои бофтааш рамзианд. Дар дасти ӯ ҳар қолин ба оинаи сарнавишти соҳибаш табдил меёбад: яке сиёҳ, дигаре сурх ва саввумӣ зард. Ин рангҳо рамзи табиати инсонанд, яъне сиёҳ – ором ва устувор, сурх – оташин ва пуршиддат, зард – пур аз ҳасрату андешаҳои ғамолуд.

Тавассути ҳунари ӯ, умқи зиндагии рӯзмарра, қувваи эҳсосии суннатҳо ва чӣ гуна дар ҳар тору пуд ба ҳам пайвастани шахс бо тақдир инъикос шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Лаҳзае аз филм

 

“Худо ҳифз кунад”

“Худо ҳифз кунад” (Құдай сақтасын) филми маъруфи комедӣ-драмавии қирғизӣ аст, ки соли 2025 бо коргардонии Эрболот Тойгонбаев дар ин кишвар рӯйи пардаи синамо омад ва моҳи август дар Қирғизистон аввалин маротиба намоиш дода шуд.

Он нахустин асари синамоӣ дар Қирғизистон аст, ки тасдиқи Комиссияи давлатии корҳои динӣ ва муфтиётро гирифтааст ва ин далел муносибати эҳтиромомези филмро нисбат ба арзишҳои динӣ ва фарҳангӣ тасдиқ мекунад.

Филми мазкур саргузашти Ҷумабек ва Рамазон ном ду ғоратгарро қисса мекунад, ки пас аз дуздидани пул, ҳангоми фирор аз таъқиби пулис маҷбур мешаванд, ба масҷид паноҳ баранд ва худро имомони масҷиди деҳот вонамуд созанд. Ин иттифоқ сабаб мегардад, ки Ҷумабек ва Рамазон дар ҷараёни ин ҳодисаҳо ба таври ғайричашмдошт маънои нави зиндагиро барои худ кашф кунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Постери филм

 

“Патрул. Фармони охирин”

“Патрул. Фармони охирин” истеҳсоли филмофарони Қазоқистон дар соли 2025 буда, бо коргардонии Рустам Умаров дар жанри мазҳака офарида шудааст. Он ҳамчун идомаи филми маъруфи “Патрул”, ки соли 2015 рӯйи экранҳои ҷаҳонӣ омад, саргузашти ҷолиби кормандони пулисро ба тасвир кашидааст.

Ҳодисаҳои филм дар шаҳри Семей дар остонаи як рӯйдоди муҳим – сафари расмии раисҷумҳури кишвар рух медиҳанд. Қисса аз он шурӯъ мешавад, ки роҳбарият бо назардошти таҷриба ва иштибоҳҳои қаблӣ кормандони пулисро ба гурӯҳе, ки президентро ҳамроҳӣ бояд кунанд, роҳ намедиҳад. Ин масъулият ба афсарони интихобшуда – Дима ва Ренат вогузор мешавад ва дигар кормандони пулис аз ин қарор норозӣ шуда, тасмим мегиранд, ки бо ҳар роҳе набошад, исбот кунанд, ки онҳо ба ин масъулият сазоворанд.

Сужаи филм кӯшишҳои ин кормандони пулисро барои баргардонидани эътимоди роҳбарият дарбар мегирад, ки ба ҳолатҳои хандаовар, ҳодисаҳои ғайриинтизор ва нофаҳмиҳо мувоҷеҳ мегарданд. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар ҷараёни ҳодисаҳо онҳо на танҳо мушкилоти касбиро эҳсос мекунанд, балки масъулият ва рисолати воқеии вазифаи худро дарк карда, муносибати байниҳамдигариро меомӯзанд.

Дар филм, ки моҳи апрел дар Қазоқистон муаррифӣ шуд, ҳунармандони маъруфи ин кишвар нақш офаридаанд ва филм давоми чанд моҳ дар ин кишвар ва берун аз он аз маҳбубияти вижа бархурдор гардид.

 

“Мулло”

“Мулло” (Молда) яке аз маъруфтарин филмҳои Қазоқистон дар соли 2025 аст. Он бо коргардонии Абдусаид Шайхисломӯғлӣ дар жанри мазҳака рӯйи пардаи синамо омада, нахустнамоишаш моҳи феврал дар Қазоқистон доир шуд. 

Филм қиссаи пуртаниши як ҷинояткорро нақл мекунад, ки аз фармони роҳбари худ сар мепечад ва ин қарор ба қадами сарнавиштсоз дар ҳаёти ӯ табдил меёбад. Ӯ фавран хоин эълон мешавад ва хатарноктарин гурӯҳҳои ҷиноии ИДМ ба таъқибаш оғоз мекунанд. Қаҳрамони филм тасмим мегирад, дар ягона маконе, ки ба гумонаш касе ӯро ҷустуҷӯ нахоҳад кард – масҷид наҷот пайдо кунад.

Қаҳрамони асосӣ дар макони муқаддас пинҳон шуда, на танҳо бо таҳдидҳои беруна, балки бо кашмакашҳои ботинии худ низ рӯбарӯ мешавад. Хомӯшии масҷид хотираҳои гузашта, ҳисси гуноҳ, шакку тардид ва тарсро бедор мекунад. Ҳар ҳаракат ва ҳар садое аз паси девор, барои ӯ  аз наздик будани ҷазо нишона медод. 

Танҳоӣ ва ҷудоии иҷборӣ ӯро водор месозад, ки дар бораи қимати вафодорӣ, масъулияти интихоб ва пайомадҳои ногузири қарорҳои худ амиқ андеша кунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Лаҳзаи филм

 

“Арлан. Даври ҳалкунанда”

Филми “Арлан. Даври ҳалкунанда” драмаи варзишии филмофарони Қазоқистон буда, бо коргардонии Давлат Ҷумабоев офарида шудааст. 

Он саргузашти Арлан ном муштзани ҷавонеро бозгӯ мекунад, ки маҷбур мешавад аз орзуи деринаи худ – иштирок дар Бозиҳои олимпӣ даст кашад ва барои наҷоти бародари бемораш ба муборизаҳои ғайриқонунӣ рӯ оварад.

Ӯ варзишгари боистеъдод буда, дар дастаи захираи олимпӣ тамрин мекунад. Вақте ки вазъи бародари хурдсолаш ногаҳон вазнин мешавад, табибон фавран анҷом додани амалиёти ҷарроҳиро, ки маблағи калонро талаб мекард, тавсия медиҳанд. Арлан барои ба даст овардани пул ба роҳи хатарнок қадам мегузорад ва бо маслиҳати дӯсташ вориди ҷаҳони муборизаҳои ғайриқонунӣ мешавад. 

Дар ин майдон Никита Адай ном муборизи “мағлубнашаванда” ҳукмрон аст, ки то имрӯз касе бар ӯ пирӯз нашудааст. Маҳз ӯ ҳарифи Арлан дар рақобат барои ҷоизаи асосӣ мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Қаҳрамони филм

 

“Аз дунболи баҳор”

“Аз дунболи баҳор” (Bahorni quvib) филми драмавии киностудияи “Ӯзбекфилм” буда, соли 2025 таҳти коргардонии Аюб Шаҳобиддинов ба навор гирифта шудааст. Нахустнамоиши ҷаҳонии филм моҳи июли имсол дар доираи Ҷашнвораи синамои Шанхай дар Чин баргузор ва соҳиби ҷоиза ҳам шуд.

Филм қиссаи занеро нақл мекунад, ки пас аз солҳои тӯлонии фирор ба зодгоҳаш бармегардад ва бо фишори ҷомеа, хотираҳои сангин ва талафоти гузашта рӯ ба рӯ мешавад.

Кашмакашҳои даврони Шӯравӣ, ки замоне ҷавонӣ ва муҳаббати ӯро хароб карда буданд, ҳамоно ба ӯ соя меафкананд. Аммо ӯ барои барқарор кардани робита бо сокинони деҳа тобовар ва матин буда, барои оромиши ботинии худ талош мекунад.

Филм дар як қатор ҷашнвораҳои байналмилалӣ дар Чин, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Канада ва дигар кишварҳо иштирок кардааст.

Мунаққидони синамо расидан ба умқи эҳсосот, воқеиятнигории равонӣ ва тасвири табиии ҳаёти деҳотро аз бартариҳои асосии филм медонанд. 

ИЗОБРАЖЕНИЕ Посетри филм

 

“Духтари таҷрибаомӯз”

“Духтари таҷрибаомӯз” (Amaliyotchi qiz) яке аз филмҳои ҳунарии мазҳакавии Ӯзбекистон буда, таҳти коргардонии Иқбол Мелиқозиев офарида шудааст.

Филм фаъолияти шуъбаи ноҳиявии адлияро аз нигоҳи духтари таҷрибаомӯз бозгӯ мекунад. Дар ҷараёни таҷрибаомӯзӣ қаҳрамон бо шахсиятҳои гуногун ва ҳолатҳои аҷибу ҳамзамон андешабарангез рӯ ба рӯ мешавад. 

Муаллифон филмро ҳамчун “мазҳакаи ҷиддӣ” муаррифӣ мекунанд, зеро он бар пояи рӯйдодҳои воқеӣ сохта шуда, паёми иҷтимоии равшан дорад.

Асар бо иштироки ҳунармандони шинохта, аз ҷумла Матёқуб Матҷонов ва Раъно Ярашева офарида шуда, ҳамчун намунаи мазҳакаи иҷтимоӣ бо мазмуни ҷиддӣ арзёбӣ мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Постери филм

Дар бораи филмҳои тозае, ки соли 2025 дар Туркманистон ба навор гирифта шудаанд, маълумоти боэътимод пайдо накардем. Манбаъҳои байналмилалӣ низ нишон медиҳанд, ки дар солҳои охир синамои Туркманистон асарҳои чашмрас кам пешниҳод кардааст ва иттилоъ дар бораи лоиҳаҳои нав, аз ҷумла раванди истеҳсол, чандон дастрас нест.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...