“Масъалаи қаламравҳои Украина ҳал нашуд”. Гуфтугӯи Доналд Трамп ва Владимир Зеленский дар Флорида бо чӣ анҷом ёфт?

Asia-Plus, бо истифода аз маводи расонаҳо

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико эълом кард, ки музокирот бо Владимир Зеленский, ҳамтои украиниаш барои хотима додан ба ҷанг дар Украина пешрафт доштааст, аммо “як ё ду масъалаи ҳассос ва муҳим" – бахусус мавзуи қаламравҳои ин кишвар, ҳанӯз ҳал нашудаанд.

Дар ҳамин ҳол, сарони Амрико ва Украин гуфтаанд, дар мулоқоташон дар иёлати Флорида, ки ба вақти маҳаллӣ, рӯзи якшанбе доир шуда, ҳудуди 3 соат давом ёфт, ба пешрафтҳои назаррасе даст ёфтаанд.

Зеленский изҳор дошт, ки баъзе аз бахшҳои тарҳи 20-бандии сулҳ "90 дарсад" ниҳоӣ шудаанд ва замонатҳои амниятии Амрико барои Украина пурра мувофиқа гардидаанд, аммо Трамп ин рақамро "наздик ба 95 дарсад" арзёбӣ кард.

Трамп гуфт, гуфтугӯҳо ҳамчунон “бисёр печидаанд”, аммо аз ироаи мӯҳлати дақиқ барои поёни ҷанг худдорӣ кард. Дар ҳамин ҳол раисҷумҳури Амрико гуфт, “фикр мекунам, дар зарфи чанд ҳафта мо ба як натиҷа мерасем. Ба як самт ё самти дигар”.

Яке аз масъалаҳои асосии ҳалнашуда, ба гуфтаи Трамп, мавзуи қаламрав, ба хусус назорат кардан ба минтақаи Донбасс аст. Ҳоло, ба навиштаи расонаҳо, қисматҳои Донбасс, ки Русия онҳоро назорат мекунад, тақрибан 75%-и Донетск ва 99%-и Луҳанскро дар бар мегиранд.

Зеленский бори дигар ба мавқеи доимии худ дар ин масъала таъкид кард ва гуфт, “мо бояд ба қонун ва мардумамон эҳтиром гузорем”.

Қонуни асосии Украина иҷозат намедиҳад, ки ин кишвар қаламрави худро тавассути овоздиҳии парлумонӣ сарфи назар кунад. Тасмим дар бораи вогузории сарзамин бояд тавассути ҳамапурсӣ ва овоздиҳии мардум тасдиқ карда шавад.

Трамп ҳамчунин, аз эҳтимоли мулоқоти ояндаи Владимир Зеленский ва Владимир Путин дар “вақти муносиб” сухан гуфта, таъкид кардааст, ки ҳарду президент ба хотима додан ба ҷанг тамоюл доранд.

Ӯ эҳтимоли пайдо шудани мушкилоти ғайричашмдоштро дар раванди баррасии сулҳ  истисно накард ва афзуд, ки ҳар нукта дар нақшаи сулҳ "метавонад хеле муҳим бошад" ва тамоми созишномаро халалдор кунад.

Ба гуфтаи Трамп, баъди мулоқот бо Зеленский, бо чанд роҳбари кишварҳои аврупоӣ, аз ҷумла Фаронса, Норвегия, Италия, Бритониё ва Олмон, низ суҳбатҳои телефонӣ анҷом додааст.

Пас аз ин суҳбат, Урсула фон дер Лейен, раиси Комиссияи Аврупо дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ “X” (“Твитер”-и пешин) навишт, ки “Аврупо омода аст, ки бо Украина ва шарикони амрикоии худ барои тақвияти пешрафт (дар гуфтушунидҳо ба даст омада) ҳамкорӣ кунад. Дар маркази ин талошҳо бояд таъмини кафолатҳои амниятии қавӣ бошад".

Сухангӯи сарвазири Бритониё Кир Стармер, ки низ дар ин мулоқоти маҷозӣ ҳузур дошт, гуфтааст, ҳам Стармер ва ҳам роҳбарони аврупоӣ "аҳамияти кафолатҳои амниятии қатъӣ ва зарурати ҳарҷӣ зудтар хотима додан ба ин ҷанги ваҳшиёнаро таъкид карданд".

Русия то ҳол дар робита ба ин мулоқот вокуниш накардааст. Танҳо Кирилл Дмитриев, фиристодаи махсуси президенти ин кишвар дар шабакаи “X” аз Доналд Трамп изҳори сипос кард ва илова кард, ки “тамоми ҷаҳон талошҳои сулҳҷӯёнаи президент Трамп ва дастаи ӯро қадр мекунад".

Мулоқоти Трамп ва Зеленский дар Мар-а-Лаго, қароргоҳи шахсии Доналд Трамп дар иёлати Флорида баргузор шуд.

Пеш аз шуруъи мулоқоти Зеленский ва Трамп, раисҷумҳури Амрико ба хабарнигорон гуфт, ки фикр мекунад раисҷумҳурҳои Украина ва Русия “ҳарду мехоҳанд ба созиш расанд”. Ба андешаи Трамп, Владимир Путин, ҳамтои руси ӯ барои сулҳ бо Украина “ҷиддӣ аст”.

Зеленский гуфта буд, ки ин "яке аз муаасиртарин рӯзҳои дипломатии сол" хоҳад буд ва "бисёр чизҳо" метавонанд дар соли 2025 ҳал шаванд.

Соате пеш аз ин, Трамп эълон кард, ки бо Путин суҳбати телефонии “бисёр созанда”-е доштааст.

Юрий Ушаков, ёвари раисҷумҳури Русия гуфта буд, Путин дар суҳбат бо Трамп изҳор дошт, ки ба оташбаси муваққатӣ розӣ нест ва ин "танҳо боиси тӯлонитар шудани ҷанг мешавад”. Ба гуфтаи ӯ, раисҷумҳури Амрико ҳам ба ин дидгоҳ розӣ аст.

Қарор аст пас анҷоми дидори Трамп бо Зеленский, раисҷумҳурҳои Амрико ва Русия дигарбора тамос гиранд. 

Ёдовар мешавем, ки Амрико тарҳеро барои поён додани ҷанг дар Украина таҳия карда буд. Қаблан ин тарҳро Доналд Трамп ва Владимир Зеленский дар Кохи Сафед ва Владимир Путин ва Стив Виткофф, фиристодаи вижаи ИМА дар Кремл баррасӣ карда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии ба номи С.Айнӣ, “Фирдавсӣ”, “Куруши Кабир”, “Кӯли ҷавонон” ва майдончаи фарҳангу фароғатии воқеъ дар кӯчаи...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.