Оғози парвандаи ҷиноӣ алайҳи як хушдоман бо гумони ба худкушӣ расонидани келинаш

Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД)-и Тоҷикистон алайҳи як зани 48-сола аз ноҳияи Ҷайҳун бо гумони ба худкушӣ расонидани келинаш парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин ниҳод рӯзи 27-уми декабр, дар иттилоияе гуфтааст, ки ин хушдоман нисбати келини 23-солааш аз ноҳияи Ҷайҳун аз соли 2019 ба баъд “муомилаи бераҳмона” мекардааст. Ба гуфтаи манбаъ, зани 48-сола “пайваста келинашро мавриди […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД)-и Тоҷикистон алайҳи як зани 48-сола аз ноҳияи Ҷайҳун бо гумони ба худкушӣ расонидани келинаш парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Ин ниҳод рӯзи 27-уми декабр, дар иттилоияе гуфтааст, ки ин хушдоман нисбати келини 23-солааш аз ноҳияи Ҷайҳун аз соли 2019 ба баъд “муомилаи бераҳмона” мекардааст. Ба гуфтаи манбаъ, зани 48-сола “пайваста келинашро мавриди латтукӯб қарор дода, шаъну шарафи ӯро паст мезадааст”.

Ба қавли ВКД, ҷабрдида ба “муносибати бераҳмонаи хушдоманаш тоқат накарда”, 8-уми сентябри соли ҷорӣ “бо мақсади халосӣ ёфтан” аз ин ҳолат, сирко истеъмол карда, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ҷон бохтааст.

Назари хушдоман ва пайвандони келин дар робита ба ин ҳодиса маълум нест. Мақомот ҳам ҷузъиёти дигаре дар ин маврид ироа накардаанд ва ҳатто аз онҳо ном набурдаанд. Ҳамчунин, маълум нест, ки хушдоман дар боздошт аст ё не.

Нисбати хушдоман бо иттиҳоми “ба худкушӣ расондан” (қисми 1 моддаи 109 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ин иттиҳом аз 3 то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Баҳси муносибати келину хушдоман солҳост дар Тоҷикистон доғ аст. Иддае даъво доранд, ки аксари хушдоманҳо бо келинҳои худ муносибати ношоистаро раво мебинанд ва онҳоро чун хизматгор истифода мебаранд. Гурӯҳи дигар ба он андешаанд, ки муносибати келину хушдоман ин масъалаи оилавӣ буда, набояд ба баҳси оммавӣ кашида шавад.

Вале дар гузашта мақомот чанд хушдоманро барои ба худкӯшӣ расонидани келинҳояшон ба солҳои дароз зиндонӣ карда буданд. Аз ҷумла, моҳи сентябри соли гузашта Додгоҳи ноҳияи Деваштич як занро барои тамаъҷӯӣ ва ба худкушӣ расонидани келини хонадон 5 сол равонаи зиндон карда буд.

Ҳамчунин, моҳи майи соли 2023 баъди чанд соли баҳсу баррасӣ, Додгоҳи олӣ хушдомани Манораи Абдуфаттоҳ як наварӯс дар ноҳияи Файзободро барои хадкӯши расонидани келинаш 7 сол равонаи зиндон кард. Ин аз камтарин қазияи пурмаҷаро дар робита ба худкӯшӣ расонидани келин аз сӯи хушдоман буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.