Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 декабри соли 2025

Date:

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

– Имрӯз, соати 14:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, Зиёвиддини Нурзод, овозхони тоҷик барномаи консертӣ доир мекунад. Арзиши чипта аз 80 то 200 сомонӣ вобаста ба ҷойи нишаст аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли  1925 – Шуъбаи хабаргузори “ТАСС” дар  Тоҷикистон таъсис  ёфт,  ки баъдан  мақоми Агентии телеграфии  Тоҷикистон (ТоҷикТА)-ро гирифт. Баъдтар, "ТоҷикТА" ба Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” тағйири ном кард.

Соли 1930 – Дар шаҳри Душанбе низоми обтаъминкунии марказӣ ба фаъолият оғоз кард.

Соли 1936 – Нерӯгоҳи барқи обии "Варзоб" ба истифода дода шуд, ки аввалин нерӯгоҳи барқӣ-обӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Иқтидори ибтидоии он 3,72 МВт-ро ташкил медод ва нерӯи барқи истеҳсолнамудаи он барои таъмини корхонаҳо ва аҳолии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атроф истифода мешуд.

Соли 1940 – Дар Душанбе аввалин омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ кушода шуд. Имрӯз он бо номи Муассисаи таълимии миёнаи касбӣ-техникӣ №28 фаъолият мекунад.

Соли 1996 – Дар шаҳри Хосдеҳи Афғонистон Протокол дар бораи қатъи амалиёти ҷангӣ дар минтақаҳои Қаротегину Тавилдараи Тоҷикистон ба имзо расид.

Соли 2002 – Ҳангоми як амалиёти махсуси кормандони Раёсати корҳои дохилии ноҳияи Кофарниҳон ба гуфтаи мақомот, ҷинояткори махсусан хатарнок Маҳмадулло Муллоев, бо лақаби “Санчо” кушта шуд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Парвиз Давлатбеков

Соли 2011 – Дар Душанбе Парвиз Давлатбекови 24-сола, ки либоси “Бобои Барфӣ”-ро ба бар карда буд, аз ҷониби ашхоси номаълум ба қатл расонида шуд. Қатли ӯ дар ҷомеа сару садои зиёдеро ба бор овард.

Соли 2020 – Парлумони Тоҷикистон корхонаи “Ғаюр”-ро, ки халтаҳои полипропиленӣ истеҳсол мекунад, аз пардохти андоз озод намуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1908 – Мавлуди Бобоҷон Ғафуров, Қаҳрамони Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Бобоҷон Ғафуров

Бобоҷон Ғафуров 31 -уми декабри соли 1908 дар рустои Исфисор, ҳоло шаҳри Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омад. Модари ӯ Розия Озод, ки шоира буд, дар ташаккули шахсияти ӯ саҳми арзанда дошт.

Ӯ дар вазифаҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла ҳамчун котиби якуми Ҳизби комунисти Тоҷикистон (1946–1956) фаъолият намуда, барои рушди иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маорифи кишвар саҳми арзанда гузоштааст. Аз соли 1956 то охири умр директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Бобоҷон Ғафуров муаллифи асари таърихии “Тоҷикон” аст, ки мавҷудияти халқи тоҷик ва дорои тамаддуну таърихи куҳан будани тоҷиконро исбот мекунад. Ӯ зиёда аз 400 асару мақола навиштааст, ки дар саросари ҷаҳон ба забонҳои гуногун нашр шудаанд.

Бобоҷон Ғафуров 12-уми июли соли 1977 дар Маскав даргузашт. Соли 1997 ба Бобоҷон Ғафуров барои хизматҳои шоёнаш унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

Моҳи декабри соли 2023 дар Симпоизуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик”, ки ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар Душанбе доир шуд, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати кишвар супориш дод, ки масъалаи таъсиси Ҷоизаи давлатии ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  таъсис дода шавад. Инчунин, бо қарори президенти кишвар китоби “Тоҷикон”-и ӯ чоп ва ба ҳар як хонаводаи тоҷик тӯҳфа гардид.

Соли 1923 – Зодрӯзи Рустамбек Юсуфбеков, доктори илмҳои иқтисодӣ ва ходими давлатӣ.

Соли 1934 – Мавлуди Фотима Ғуломова, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Фотима Ғуломова

Фотима Ғуломова ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон буда, бештар аз 40 сол дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ ҳунарнамоӣ кардааст. Симои ӯ тавассути “Бой ва ғулом”, “Шоҳ Лир”, “Рӯдакӣ”, “Рустам ва Суҳроб”, “Мо аз боми ҷаҳон” барин намоишномаҳои маъруфи театри тоҷик дар хотири ҳаводоронаш нақш бастааст.

Фотима Ғуломова модари Барзу Абдураззоқов коргардони пуровозаи тоҷик ва ҳамсари нахустини Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманд ва коргардони номошнои Тоҷикистон буд. Хоҳараш Соҷида Ғуломова коргардони маъруф ва бародараш Исфандиёр Ғуломов низ аз ҳунарпешаҳои шинохтаи театру синамои тоҷик мебошад.

Ӯ фаъолияти кориашро cоли 1960 дар Театри ҷумҳуриявии мазҳакаи мусиқии ба номи А. С. Пушкин оғоз намуда, аз соли 1961 ҳамчун ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ фаъолият кард. Номбурда дар саҳнаи театр ва синамо зиёда аз 100 нақш офаридааст. Аз ҷумла, нақшҳои Хонзода дар “Бой ва хидматгор” Гонерил дар “Шоҳ Лир”, Гурдофарид дар “Рустам ва Сӯҳроб”, Нигина дар “Рӯдакӣ”, Бунафша дар “Духтари қишлоқӣ”, Клариче дар “Хизматгори ду хоҷа”, шоҳдухтар дар “Шоҳгавазн” ва ғайра.

Чеҳраи ӯ дар синамо низ ошно буда, дар филми “Овора”-и Далер Раҳматов нақши бибиро бозидааст.

Фотима Ғуломова 1-уми марти соли 2021 дар 86-солагӣ даргузашт.

Соли 1947 – Зодрӯзи Саидқул Сабзаев, забоншинос, шоир ва драматурги тоҷик.

Соли 1950 – Мавлуди Гавҳар Ҷӯраева, фаъоли ҳуқуқи башар, узви Шӯрои ҷамъиятии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия.

Соли 1955 – Зодрӯзи Рустамҷон Воҳидов, ҳунарпеша ва коргардони тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рустамҷон Воҳидов

Рустамҷон Воҳидов, бародари Маҳмудҷон Воҳидов, ҳунарпешаи маъруфи тоҷик ва аз зумраи ҳунармандони бисёрсамтаи ҳунар буда, зиндагиаш бо саҳна ва ҳунар пайванди ногусастанӣ дорад.

Ӯ идомадиҳандаи мактаби эҷодии бародараш Маҳмудҷон Воҳидов аст. Соли 1982 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзодаро бо ихтисоси ҳунарпешаи драма ва кино хатм намуда, аз мактаби ҳунарии устодони номдори санъати тоҷик – Назар Назаров, Ҳотам Нуров,  Аскар Абдураҳмонов ва Фаррух Қосимов таҷриба омӯхтааст.

Фаъолияти ҳунарии Рустамҷон Воҳидов аз соли 1982 дар Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов оғоз ёфта, сипас аз соли 1992 дар саҳнаи “Театри Аҳорун” бо нақшҳои тоза, хотирмон ва гуногунрангаш мавқеи худро ҳамчун ҳунарпешаи вижа мустаҳкам намуд.

Аз соли 2004 фаъолияти омӯзгорӣ ва маъмурии ӯ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода оғоз ёфтааст. Дар ин боргоҳи ҳунар ӯ вазифаҳои гуногун, мудири кафедраи нутқ ва ҳаракати саҳна, мудири қисми таълим ва аз соли 2017 декани факултаи театр, кино ва телевизионро бар уҳда дошт.

Нақшҳои Николай дар “Решаҳои капитализм”, Лундабек дар “Қоқалӣ ва Лундабек”, Карим дар “Нахутак”, Хирс дар “Шер ва харгӯш”, Ломов дар “Хостгорӣ”, Раҳмонқул дар “Торҳои муҳаббат”, Ҷавонписар дар “Пӯлод чӣ тавр обу тоб ёфтааст?” аз нақшҳои мондагори ӯ дар саҳнаи театр мебошанд.

Дар синамо бошад, дар филмҳои “Маҳдӣ”, “Муъҷиза”, “Захми носур”, “Журналист”, “Ҷазо”, “Ман гунаҳгор”, “Асрори хуфта”, “Лайка”, “Ҷавонмард” нақш офаридааст.

Соли 1982 – Зодрӯзи Манижа Давлатова, овозхони шинохтаи эстрадаи тоҷик.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Манижа Давлатова

Манижа Давлатова яке аз номдортарин овозхонҳои тоҷик аст, ки ба сабки мусиқии поп месарояд. Ӯ 43-сола шуд.

Манижа бо сабку услуби хоса вориди дунёи ҳунару мусиқии муосири тоҷик гашт. Ӯ ба ин ҷода соли 2001 бо суруди “Дар лаби ҷӯй” ворид гардид.

Соли 2002 албоми нахустини худро бо номи “Сарнавишти ман” таҳия намуд ва 21 сентябр дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе консерти аввалинашро барпо кард.

Соли 2006 Манижа ба Ҷумҳурии Афғонистон даъват шуд ва дар шаҳрҳои Кобул ва Мазори Шариф консерт гузошт. Аммо вай солҳои охир саҳнаро тарк кард ва дигар худ овозхонӣ намекунад ва гоҳ-гоҳе барои дигарон тарона менависад.

“Сиёҳ чашмак”, “Ман дӯст медорам туро”, “Дар ёди падар”, “Маро мешиносӣ”, “Беҳуда хорам мекунӣ” аз маъруфтарин сурудҳои ӯ мебошанд. Чанд соли охир ӯ аз саҳна дур шудааст ва сабаби онро ҳам шарҳ намедиҳад.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Рӯзи 31-уми декабри соли 1999 Борис Елтсин, президенти вақти Русия дар як муроҷиати телевизионӣ эълон кард, ки бо хоҳиши худ аз вазифаи раисҷумҳури ин кишвар истеъфо медиҳад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ӯ дар муроҷиати худ аз шаҳрвандони Русия барои хатогиҳои эҳтимолӣ дар давраи роҳбарияш узр пурсид ва изҳор дошт, ки вақти тағйирот фаро расидааст. Пас аз истеъфои ӯ, тибқи Конститутсияи Русия, салоҳиятҳои президентӣ ба Владимир Путин, сарвазири вақт гузашт ва дар интихоботи президентии соли 2000 Владимир Путин ҳамчун президенти нави Русия интихоб гардид. Инак, 26 сол мешавад, ки Владимир Путин роҳбарии Русияро ба уҳда дорад.

Имрӯз дар Озарбойҷон Рӯзи ҳамбастагии миллии озарбойҷониҳо, ки дар тамоми кишварҳои ҷаҳон зиндагӣ мекунанд, ҷашн гирифта мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Рамзи Рузи ҳамбастагии милли озарбойҷониҳо

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона ва рӯзона 2+7º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5º сард, рӯзона -2+3º.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои абрнок, бориши борон дар назар буда, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида шиддат мегирад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона ва рӯзона 3+8º гарм, дар  доманакӯҳҳо шабона ва рӯзона 2+7º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар водиҳо борон  ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф борида, рӯзона дар ноҳияҳои алоҳида шиддат мегирад. Ҳарорат: дар водиҳо шабона ва рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, рӯзона 1+6º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 3+5º гарм, рӯзона 1+6º гарм, дар шарқи вилоят шабона 15-20º сард, дар баъзе минтақаҳо то 24-26º сард, рӯзона 1-6º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 2-4 сард, рӯзона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: шабона ва рӯзона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои абрнок, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Ҳарорат: шабона ва рӯзона 5+7º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 2-4 сард, рӯзона 4+6º гарм. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...