Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат барои 5 соли оянда қариб 100 миллион сомонӣ ҷудо кард, ки он барои баргузории фестивалу озмуну маҳфил ва рушди театру рақамисозии китобхонаҳо, тарбияи кадрҳо ва пажӯҳишҳои илмиву тадқиқоти фарҳангӣ, тағйири низоми идоракунӣ ва таъмини таҷҳизоти замонавӣ равона мешавад.
Дар ин робита ҳукумати Тоҷикистон “Барномаи давлатии рушди соҳаи фарҳангу санъат барои солҳои 2026-2030”-ро рӯзи 26-уми ноябр тасдиқ кард. “Азия-Плюс” барномаро дастрас кард ва бо мундариҷаи он ошно шуд.
Барнома бо маблағгузории умумии 94 миллиону 140 ҳазор сомонӣ тартиб дода шудааст, ки аз манбаъҳои гуногун таъмин мешавад. Маблағгузорӣ дар 5 сол зина ба зина қариб 5 маротиба меафзояд: аз 5 миллиону 800 ҳазор сомонӣ дар соли 2026 то 24 миллион 900 ҳазор сомонӣ дар соли 2030.
Қисми калонтарини буҷет ба инфрасохтори фарҳангӣ равона мешавад, аз ҷумла барои сохтмони қасрҳои фарҳанг дар ноҳияҳои Вахш ва Панҷ – 15,2 млн сомонӣ ва барои бунёди боғҳои фарҳангӣ дар ноҳияҳои Айнӣ (9 млн сомонӣ), Мурғоб (9 млн сомонӣ), Балҷувон (8 млн сомонӣ) ва Сангвор (6 млн сомонӣ) ҷудо шуааст.
Чуноне дар Барнома зикр шудааст, имрӯз дар кишвар 368 муассисаи фарҳангии таъмирталаб ва 75 адад садамавӣ вуҷуд доранд. Вазъияти ҷойгиршавии муассисаҳо боиси нигаронист: 886 муассиса дар макони номувофиқ ҷойгир шудаанд – 77-тои онҳо дар хонаҳои шахсӣ, 154-то дар биноҳои мактабҳо, 270-то дар биноҳои ҷамоат ва 60-то дар бунгоҳҳои тиббӣ қарор доранд.
Китобхонаҳо бо мушкилоти махсус рӯбарӯянд. Ба навиштаи манбаъ, “дар таркиби фонди китобхонаҳои ҷумҳурӣ теъдоди китобҳо ба забонҳои хориҷӣ, китобҳои аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа куҳна афзалият дошта, танҳо 38 дарсади фонди онҳоро адабиёт ба забони давлатӣ ташкил дода, саҳми аксари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мукаммалгардонии фонди китобхонаҳо бо адабиёти тозанашр ба забони давлатӣ назаррас нест”.
Масъалаи кадрҳо дар муассисаҳои соҳаи фарҳанг ва санъат низ ҳадде ҷиддӣ аст: аз 10 ҳазору 814 воҳиди корӣ, танҳо 10 ҳазору 245 нафар дар ҷойҳои корӣ машғуланд. Норасоии кадрӣ 1 ҳазору 693 нафарро ташкил медиҳад, ки барои рушди соҳа халалрасон аст.
Барои рафъи ин мушкилот “Барномаи давлатии рушди соҳаи фарҳангу санъат барои солҳои 2026-2030” маблағ ҷудо кардааст. Инчунин, Барнома 18 фестивал, озмун ва маҳфили доимиро пешбинӣ мекунад, ки баъзе аз онҳо барои аввалин маротиба баргузор мешаванд.
Таваҷҷуҳи махсус ба маҳфилҳои эҷодии шеъру суруд дода шудааст – барои баргузории маҳофили “Рӯдакихонӣ”, “Шоҳномахонӣ”, “Маснавихонӣ”, “Ғазали Ҳофиз”, “Шеъри Камол”, “Ҷони ширин”, “Лоиқхонӣ” 240 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст.
Дар бораи ба кадом самт чӣ миқдор маблағ равона шудан дар баргаи “Азия-Плюс” маълумоти муфассал гиред.
🎭 Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Барномаи давлатии рушди фарҳанг ва санъат дар солҳои 2026-2030
💰 Самтҳои асосии маблағгузорӣ
🎨 Фестивалҳо, озмунҳо ва маҳфилҳои фарҳангӣ
📊 Маблағгузорӣ барои 5 соли оянда
💡 Маблағгузорӣ аз соли 2027 ба таври назаррас меафзояд ва дар соли 2030 ба баландтарин сатҳ мерасад
Миқдорҳо бо миллион сомонӣ
💼 Сарчашмаҳои маблағгузорӣ
Вале муваффақияти барнома на танҳо ба маблағ, балки ба сифати иҷро, шаффофияти харҷҳо ва ҷалби фаъолонаи ҷомеа ва бахши хусусӣ вобаста мебошад. Ҳамчунин, муҳим аст, ки маблағҳои грантӣ ва буҷети маҳаллӣ низ бояд дуруст. Комил ва саривақт таъмин гарданд.


