Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб

Ширкати IRS марги ду корманди БДА-ро, ки гуфта мешуд, дар Варзоб зери тарма мондаанд, тасдиқ кард. Хабари марги онҳо 1-уми январ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда буд. Ин ширкат, ки масъули нигоҳубини роҳи Душанбе – Чаноқ аст ва барои он аз ронандагон пул мегирад, дар баёнияе ба хонаводаи Фаррух Ҳасанзода ва Саидмурод Ғанизода таслият гуфт […]

Asia-Plus

Ширкати IRS марги ду корманди БДА-ро, ки гуфта мешуд, дар Варзоб зери тарма мондаанд, тасдиқ кард. Хабари марги онҳо 1-уми январ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда буд.

Ин ширкат, ки масъули нигоҳубини роҳи Душанбе – Чаноқ аст ва барои он аз ронандагон пул мегирад, дар баёнияе ба хонаводаи Фаррух Ҳасанзода ва Саидмурод Ғанизода таслият гуфт ва зикр кард, ки онҳо “зимни иҷрои вазифаҳои хидматӣ ҳалок шуданд”.

Радиои Озодӣ навишт, ки ҷасади ду корманди БДА ба наздиконашон супорида шуда, дирӯз, 2-юми январ, маросими видоъ бо Фаррух Ҳасанзода дар ноҳияи Фирдавсӣ ва ҷанозаи Саидмурод Ғанизода дар зодгоҳаш Файзобод баргузор мешавад.

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносии кишвар аз хатари фаромадани тарма дар роҳи Душанбе-Чаноқ ва қитъаи Майхӯраи ноҳияи Варзоб ҳушдор дода буд.

Боридани барф ва фаромадани тарма боиси мушкил ва маҳдудияти ҳаракати нақлиёт дар масири ягона аз пойтахт ба шимоли кишвар гардидааст. Ронандагони зиёд бо нашри наворҳо мегӯянд, дар баъзе қитъаҳо ҳаракат танҳо аз як самт иҷоза аст ва баъзан онҳо маҷбур мешаванд, соатҳо интизори боз шудани роҳ монанд.

Дар ҳамин ҳол, ширкати IRS мегӯяд, роҳ кушода аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.