Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод

Дар пайи марги як шаҳрванди Ӯзбекистон пас аз рейди мақомоти амниятии Русия дар шаҳри Хабаровск, консулгарии генералии Ӯзбекистон дар Владивосток ба Прокуратураи кишвари Хабаровск, мақомоти тафтишотӣ ва намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Русия нота фиристода, тафтиши марги шаҳрвандашро талаб кард. Шаҳрванди Ӯзбекистон дар пайи рейди мақомоти Русия аввал боздошт шуд ва баъдан ҷон бохт. Ба навиштаи […]

Asia-Plus

Дар пайи марги як шаҳрванди Ӯзбекистон пас аз рейди мақомоти амниятии Русия дар шаҳри Хабаровск, консулгарии генералии Ӯзбекистон дар Владивосток ба Прокуратураи кишвари Хабаровск, мақомоти тафтишотӣ ва намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Русия нота фиристода, тафтиши марги шаҳрвандашро талаб кард.

Шаҳрванди Ӯзбекистон дар пайи рейди мақомоти Русия аввал боздошт шуд ва баъдан ҷон бохт. Ба навиштаи хабаргузории kun.uz, ҳодиса 12-уми декабр дар як қаҳвахонае дар шаҳри Хабаровск рух додааст. Кормандони пулиси вижаи (ОМОН) Русия шаҳрвандони Ӯзбекистонро латукӯб ва ду нафари онҳоро боздошт кардаанд. Баъдтар яке аз боздоштшудагон ба таври мармуз ҷон бохтааст.

Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон изҳор доштааст, ки айни замон дар бораи сабаби марг маълумоти расмӣ нест ва он танҳо пас аз гирифтани иттилоъ аз мақомоти салоҳиятдори Русия нашр карда мешавад.

Рӯзномаи маҳаллии "Вести" дар бораи рейд ба як қаҳвахонаи таомҳои шарқӣ, ки эҳтимолан марҳум дар он ҷо буд, хабар додааст. Дар гузориш зикр мешавад, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон тафтиш карда мешаванд. Афроде, ки пас аз гирифтани шаҳрвандии Русия ҳуҷҷатҳоро пешниҳод накарданд ё барои хидмати ҳарбӣ сабти ном нашуданд, аз ҷониби кормандони пулиси вижа боздошт ва барои тафтиш ба идораи бақайдгирии ҳарбӣ ба утоқи алоҳида интиқол ёфтанд.

Аммо расонаҳо ва мақомоти Русия дар бораи сабаби марги ин шаҳрванди Ӯзбекистон хабаре нашр накардаанд.

Дар пайи ин ҳодиса, Алишер Қодиров, вакили парлумони Ӯзбекистон аз ӯзбекистониҳо хост, Русияро тарк кунанд. Зеро, ба қавли ӯ, “вазъ танҳо бад мешавад”.

“Ақлатонро кор фармоед, аз Русия тезтар равед. Ҳеҷ даромад ба ашки падару модар ва фарзандонатон намеарзад”, – гуфт Қодиров.

Бояд гуфт, рейдҳои мақомоти Русия алайҳи зодагони кишварҳои Осиёи Миёна аксар вақт бо шеваи хашин ва олуда ба таҳқиру латукӯб мегузарад. Мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ борҳо аз шеваи баргузории рейдҳо алайҳи шаҳвандонашон ба мақомоти Русияи эътироз кардаанд, аммо ин вокунишҳо дар умум вазъро тағйир надодааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.