Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард

Дар пойтахти Венесуэла, шаҳри Каракас садои чандин инфиҷор шунида шудааст. Расонаҳо навиштаанд, ки субҳи имрӯз, 3-юми январ, (ба вақти маҳаллӣ) чандин садои инфиҷори шадид дар ин шаҳр ба гӯш расида, чархболу ҳавопаймоҳои ношиносе дар осмон дида шудаанд. Аз чанд макон ҳам сутуни дуд баланд шудааст. Дар бахшҳое аз ҷануби шаҳри Каракас ва наздик ба як […]

Asia-Plus

Дар пойтахти Венесуэла, шаҳри Каракас садои чандин инфиҷор шунида шудааст. Расонаҳо навиштаанд, ки субҳи имрӯз, 3-юми январ, (ба вақти маҳаллӣ) чандин садои инфиҷори шадид дар ин шаҳр ба гӯш расида, чархболу ҳавопаймоҳои ношиносе дар осмон дида шудаанд.

Аз чанд макон ҳам сутуни дуд баланд шудааст. Дар бахшҳое аз ҷануби шаҳри Каракас ва наздик ба як пойгоҳи бузурги низомӣ барқ қатъ шудааст.

Расонаҳо аз ҳамла ба хонаи вазири дифои Венесуэла хабар медиҳанд. Ҳамчунин, дар бандаре дар наздикии шаҳри Каракас низ таркишҳо шунида шудааст.

Иван Ҳил, вазири дифои Венесуэла гуфтааст, ки Амрико ба кишвараш таҷовуз кардааст.

“Ҳадафи ин ҳамла, бешак тасарруфи захираҳои роҳбурдии Венесуэла, махсусан, нафт ва канданиҳои фоиданок, талоши бо зӯр шикасти истиқлоли сиёсии кишвар аст. Онҳо ба ин муваффақ нахоҳанд шуд”, – гуфтааст Ҳил.

Ба навиштаи “Ройиерз”, Николас Мадуро, раисҷумҳури Венесуэла дар кишвараш вазъияти изтирорӣ эълон кардааст. Аммо то ҳол худи Мадуро мустақим ва дар мазҳари ном намудор нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, телевизиони амрикоии CBS News бо такя ба манобеи худ хабар додааст, ки дастури ҳамла ба ҳадафҳои низомӣ дар Венесуэларо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико додааст.

Манобеи Fox News ҳам тасдиқ кардаанд, ки Амрико ба Венесуэла зарба мезананд.

Худи Доналд Трамп ё мақомоти расмии Амрико то кунун дар ин маврид изҳори назар накардаанд.

Бояд гуфт, моҳҳои ахир миёни Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва Николас Мадуро, раисҷумҳури Венесуэла танишҳои лафзӣ боло гирифта буд.

Ба навиштаи хабаргузории “Ройтерз”, Трамп борҳо ваъдаи анҷоми амалиёти заминӣ дар Венесуэларо додааст. Бо ин мақсад, дар чанд вақти охир нерӯҳои ҳавоӣ ва баҳрии худро ба наздикиҳои Венесуэлла ирсол карда, чанд киштии ин кишварро мавриди ҳамла қарор дода буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.