Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”

Asia-Plus

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, чанд лаҳза пеш эълон кард, ки нерӯҳои вижаи низомии кишвараш Николас Мадуро, раисҷумҳури Венесуэларо боздошт ва ӯро ҳамроҳи ҳамсараш аз ин кишвар берун бурдаанд.

“Иёлоти Муттаҳидаи Амрико амалиёти густурда ва муваффақро алайҳи Венесуэла ва раҳбари он, раисҷумҳур Николас Мадуро, анҷом дод. Ӯ ҳамроҳ бо ҳамсараш боздошт шуда, аз кишварашон берун бурда шуданд. Ин амалиёт дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Амрико гузаронида шуд. Тафсилот баъдтар эълон мешавад. Имрӯз соати 11:00 (ба вақти маҳаллӣ) дар Мар-а-Лаго (бӯстонсаройи Доналд Трамп дар Флорида) нишасти матбуотӣ баргузор мешавад”, – навиштааст Трамп дар саҳифаи “Truth Social”-и худ.

Пас аз ин навиштаи Трамт, Кристофер Ландау, муовини котиби давлатии Амрико дар шабакаи Х навишт, ки “Аҳди нав барои Венесуэла. Мустабид (ҳокими ситамгар) суқут дода шуд. Акнун барои ҷиноятҳояш дар додгоҳ посух хоҳад гуфт”.

Бояд зикр кард, ки Амрико барои кумак дар боздошти Николас Мадуро 50 млн доллар ҷоиза ваъда карда буд.

Сенатор Майк Ли бошад, бо истинод ба суҳбаташ бо Марк Рубио, котиби давлатии Амрико, навишт, ки “ИМА амалиёти минбаъдаро дар Венесуэла дар нақша надорад”.

Дар ҳамин ҳол, Делси Родригес, ноиби раисҷумҳури Венесуэле тариқи телевизиони давлатӣ изҳор дошт, ки макони будубоши Николас Мадуро ва ҳамсари ӯ барояш маълум нест.

Ӯ аз Доналд Трамп хост, далеле барои зинда будани онҳо пешниҳод кунад.

 

Ҳамла ба Венесуэла ва амалиёти низомии Амрикоро чанд кишвари ҷаҳон маҳкум карданд.

Аз ҷумла, Густаво Франсиско Петро Уррего, раисҷумҳури Колумбия бо маҳкум кардани ҳамла, аз Созмони миллали муттаҳид хост, нишасти изтирорӣ баргузор кунад.

Вазорати корҳои хориҷии Русия низ бо нашри баёния ҳамла ба Венесуэларо маҳкум кард, баҳонаи ИМА барои ҳамла ба ин кишварро бепоя хонд ва ба мардуми Венесуэла ҳамрайъӣ баён кард.

Эрон ҳам ҳамлаи Амрико ба Венесуэларо маҳкум кард ва хостори "ба ҷавобгарӣ кашидани банақшагирон ва омилони ин таҷовуз" шуд. 

Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфта шудааст, ки "таҷовузи низомии ИМА алайҳи як давлати мустақил, ки узви Созмони милали муттаҳид аст, поймол кардани дағалонаи сулҳ ва амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошад, ки оқибатҳои он ба тамоми низоми байналмилалӣ таъсир мерасонанд".

Эрон дар изҳорот гуфт, ки Венесуэла ҳақ дорад аз истиқлолияти миллии худ дифоъ кунад.

Роҳбари дипломатияи Иттиҳоди Аврупо Кая Каллас ба риояи ҳуқуқи байналмилалӣ ва оинномаи СММ даъват кард, аммо ҳамлаи Амрикоро ошкор маҳкум накард. Ӯ гуфт, "борҳо таъкид кардаам, ки Мадуро машрӯият надорад" ва ба интиқоли сулҳомези қудрат таъкид кард.

Баъзе аз сиёсатмадорони Амрико ҳам ин ҳамларо маҳкум карданд. Аз ҷумла, Рубен Галйего, сенатор аз Ҳизби ҷумҳурихоҳон навишт, ки "ин ҷанг ғайриқонунӣ" аст. Ӯ, ки худ дар Ироқ ҷангидааст, гуфт, ки "ин дуюмин ҷанги беасос дар ҳаётам аст".

Ёдовар мешавем, ки таркишҳо дар Каракас субҳи имрӯз оғоз шуданд. Расонаҳо навиштаанд, ки субҳи имрӯз, 3-юми январ, (ба вақти маҳаллӣ) чандин садои инфиҷори шадид дар ин шаҳр ба гӯш расида, чархболу ҳавопаймоҳои ношиносе дар осмон дида шудаанд.

Аз чанд макон ҳам сутуни дуд баланд шудааст. Дар бахшҳое аз ҷануби шаҳри Каракас ва наздик ба як пойгоҳи бузурги низомӣ барқ қатъ шудааст.

Расонаҳо аз ҳамла ба хонаи вазири дифои Венесуэла хабар медиҳанд. Ҳамчунин, дар бандаре дар наздикии шаҳри Каракас низ таркишҳо шунида шудааст.

Иван Ҳил, вазири дифои Венесуэла гуфтааст, ки Амрико ба кишвараш таҷовуз кардааст.

“Ҳадафи ин ҳамла, бешак тасарруфи захираҳои роҳбурдии Венесуэла, махсусан, нафт ва канданиҳои фоиданок, талоши бо зӯр шикасти истиқлоли сиёсии кишвар аст. Онҳо ба ин муваффақ нахоҳанд шуд”, – гуфтааст Ҳил.

Бояд гуфт, моҳҳои ахир миёни Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва Николас Мадуро, раисҷумҳури Венесуэла танишҳои лафзӣ боло гирифта буд.

Ба навиштаи хабаргузории “Ройтерз”, Трамп борҳо ваъдаи анҷоми амалиёти заминӣ дар Венесуэларо додааст. Бо ин мақсад, дар чанд вақти охир нерӯҳои ҳавоӣ ва баҳрии худро ба наздикиҳои Венесуэлла ирсол карда, чанд киштии ин кишварро мавриди ҳамла қарор дода буд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки ИМА қаблан ҳам раисҷумҳурони кишварҳои дигарро боздошту ҳабс карда буд. Аз ҷумла, пас аз ҳамла ба Панама дар соли 1989 Амрико раҳбари низомии ин кишвар Мануэл Норегаро боздошт карда буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...