Дирӯз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар пайи тағйироти кадрӣ Манучеҳр Шарифзодаро роҳбари Театри миллӣ таъйин кард. Ин театри комилан нав буда, моҳи декабри соли 2025 таъсис шудааст ва акнун Шарифзода аввалин директори он мебошад.
Манучеҳр Шарифзода аз соли 2020 ба ҳайси муовини вазири фарҳанг фаъолият дошт ва 7-уми январи имсол аз ин вазифа барканор шуда, роҳбарии Театри миллиро ба зимма гирифт.
Шарифзода 48 сол дорад ва хатмкардаи Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия аст. Ӯ фаъолияти кориашро аз соли 1994 оғоз карда, дар ҷойҳои гуногун ба ҳайси омӯзгор, менеҷмент ва сариқтисоддон фаъолият кардааст. Солҳои 2015-2020 директори Театри опера ва балети Тоҷикистон буд.
Театри миллӣ, ки акнун Шарифзода директори он таъйин шуд, ҳоло бино надорад. Сохтмони бинои нави он идома дорад.
Дар бораи таъсиси ин театр рӯзи 1-уми декабр фармони раисҷумҳур ба имзо расид. Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамон фармон Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволро масъул кард, ки то ба истифода додани бинои Театри миллӣ ҳайати онро муваққатан бо бино таъмин кунад.
Хишти аввали бинои Театри миллӣ соли 2015 гузошта шуда, дар ин миён, соли 2017 сохтмони ин бино бо сабаби ҷой доштани мушкилиҳои молӣ боздошта шуд. Моҳи июли соли 2024 сохтмони Театр аз нав оғоз шуд ва то кунун сохтмонаш ба итмом нарасидааст.
Аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон дирӯз ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки то ҳол ба ҳайати Театри миллӣ бинои муваққат надодаанд ва таъкид доштанд, Манучеҳр Шарифзода, ки то кунун муовини соҳавии вазири фарҳанг буд, раванди сохтмони бинои Театри миллиро назорат мекард.
Шарифзода дирӯз дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, бинои Театри миллӣ то ҷашни 35-солагии истиқлол ба истифода дода мешавад, вале то ҳол бинои муваққатӣ барои ҳайати театр ҷудо нашудааст.
Манучеҳр Шарифзода иброз дошт, ки аввалин кори мекардааш дар ин вазифа бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амвол мувофиқа карда, бинои муваққатӣ гирифтан аст.
Ӯ аз гуфтани нақшаҳояш дар вазифаи роҳбари Театри миллӣ худдорӣ карда, кӯтоҳ гуфт, ки “дар ояндаи наздик ба шумо хабар медиҳем”.
Вазифаи роҳбари Театри миллӣ чист?
“Азия-Плюс” чанде пеш Оинномаи Театри миллиро дарёфт кард ва бо ҷузъиёти он ошно шуд. Тибқи он, роҳбари Театри миллиро раисҷумҳур ва муовини аввал, муовинон ва сармуҳосибро роҳбари дастгоҳи раисҷумҳур таъйин ва аз кор озод мекунанд. Роҳбари Театри миллӣ танҳо ҳуқуқи ба кор пазируфтан ё ихроҷ кардани корномандонро дораду бас.
Дар боби 3-юм, банди 15-и оиннома зикр мешавад, ки Театри миллӣ дорои вазифаҳои зерин аст:
– нигоҳдорӣ ва инкишофи анъанаҳои санъати касбӣ ва тарғиби мероси таърихию фарҳангӣ;
– офаридан ва ба тамошобинон пешниҳод намудани намоишномаҳои театрӣ ва барномаҳои консертӣ;
– баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии шаҳрвандон;
– муаррифии санъати театрии миллӣ дар дохил ва хориҷи кишвар;
– ба таври пайваста мусоидат намудан бобати тайёр кардани мутахассисони соҳаи санъати касбӣ;
– ҷорӣ намудани шаклҳои мухталифи ҳавасмандгардонии моддиву молиявӣ барои инкишофи маҳорати касбии ҳунарпешагон, режиссёрон, композиторон, рассомон ва мутахассисони дигари соҳа;
– таъмини дастрасии инсон ва шаҳрванд ба Театр;
– баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ-фароғатӣ дар Театр;
– ташкили заминаи моддиву техникӣ барои гузаронидани намоишҳои театрӣ ва консертӣ;
– вазифаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.
Ба иттилои дастрас, ҷашни 35-солагии истиқлол дар бинои нави Театри миллӣ таҷлил мешавад. Ҷузъиёти дигари таъсис ва идомаи фаъолияти Театри миллиро дар ин матлаби “Азия-Плюс” мутолиа кунед.


