Сохтмони Театри миллии Тоҷикистон боздошта шуд

Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода изҳор намуд, ки бинобар сабаби ҷой доштани мушкилиҳои молӣ, сохтмони Театри миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе боздошта шуд. «Баъзе мушкилиҳо пайдо шуданд, ки онҳоро ҳал мебояд кард ва айни замон онҳо мавриди ҳаллу фасл қарор доранд. Иншооти мазкур бузург буда, барои бунёди он вақт ва маблағ […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Зимни нишасти хабарии имрӯза вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода изҳор намуд, ки бинобар сабаби ҷой доштани мушкилиҳои молӣ, сохтмони Театри миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе боздошта шуд.

«Баъзе мушкилиҳо пайдо шуданд, ки онҳоро ҳал мебояд кард ва айни замон онҳо мавриди ҳаллу фасл қарор доранд. Иншооти мазкур бузург буда, барои бунёди он вақт ва маблағ зарур аст. Ҷараёни сохтмон муваққатан боздошта шуда, ояндаи наздик корҳо дубора оғоз мешаванд», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки бо назардошти ин таваққуф, анҷоми сохтмони Театри миллии Тоҷикистон солҳои 2019-2020 ба нақша гирифта шудааст. «Умедворем, ки иншоот дар муҳлати муқарраршуда мавриди истифода қарор мегирад», – афзуд вазир.

Қобили зикр аст, ки бинои Театри миллӣ аз ду ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат буда, баландиаш 34,5 метр хоҳад буд. Тибқи лоиҳа, бинои театр аз 3 толори калон ва толору утоқҳои сершумори дигар иборат мешавад. Толори асосии он дорои 2500 ҷойи нишаст ва 2 толори дигар яке дорои 1200 ва дувумӣ 1000 ҷойи нишаст мебошанд.

Баландии толори асосӣ 16-18 метр, дарозию паҳноии саҳнааш 30х21,6 метр буда, он ҳамчунин дорои ҷойи нишасти оркестр, ду саҳнаи паҳлӯӣ, саҳнаи пушт, утоқҳои машқу тамрин ва дигар шароити зарурии сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.

Дар ошёнаҳои болоӣ толорҳои намоишӣ ва бадеӣ, толорҳои машқу тамрин, устохонаҳои бадеӣ ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгир мешаванд. Дар ошёнаҳои зеризаминӣ барои қариб 250 мошин таваққуфгоҳ ва ҳам утоқҳои зиёди техникӣ ва ёрирасон ҷой хоҳанд гирифт. Бино бо шабакаҳои гармидиҳӣ, ҳавотозакунию салқинсозӣ ва дигар шабакаҳои зарурӣ муҷаҳҳаз мешавад.

Таъкид мешавад, ки лоиҳаи Театри миллии Тоҷикистон давоми 5 сол дар асоси омӯзиши тарҳи беҳтарин театрҳои кишварҳои гуногуни ҷаҳон омода шуда, ба тамоми стандартҳои муосир ҷавобгӯй мебошад. Фармоишгар ва пудратчии асосӣ аз тарафи ҳукумати кишвар таъйин шудааст, ки онҳо Дирексияи сохтмони назди дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶСП “Сирдарё” мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио