Аз НБО “Роғун” то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд

Date:

Соли 2025 барои Тоҷикистон соли тасмимгирӣ, ҷорӣ шудани қоидаҳои нав ва баъзе маҳдудиятҳо буд. Дар умум, масоили муҳоҷирату иқлим, таъминот бо барқ, муҳити шаҳр ва соҳаи маориф мубрам буданд.

Масоили муҳими дар сархати расонаҳо қарордоштаи соли 2025 дар Тоҷикистонро мо бо ёрии ҳуши маснӯӣ муайян кардем. Он мунтазам чӣ гуна инъикос шудани мавзӯъҳоро дар хабару гузоришҳо пайгирӣ карда, муайян кард, ки кадоме аз онҳо дар сомонаи мо "писандидатарин" ва "мавриди баҳсу баррасӣ" буд.

 

НБО "Роғун" – рамзи амният ва сарбории қарз

Соли 2025 Нерӯгоҳи барқи обӣ (НБО)-и “Роғун” яке аз мавзуъҳое буд, ки бо ҳаҷми сармоягузорӣ ва баҳсу баррасиҳо, бахусус дар пасманзари маҳдудияти шадиди таъминоти аҳолӣ бо барқ, таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб кард.

Лоиҳа аз чаҳорчӯби “сохтмони аср” берун рафта, ба ҷузъе аз сиёсати иқтисодӣ, молиявӣ ва энергетикии кишвар табдил ёфт. 

Масъалаи калидӣ маблағгузории байнулмилалӣ бо шартҳо аст. Агентии Standard & Poor’s ошкоро ишора кард, ки сармоягузорони байнулмилалӣ ба маблағгузории ҳудуди 50% аз 6,4 млрд доллари зарурии боқимонда барои анҷоми сохтмон омодаанд, лекин танҳо бо шарти риояи талаботи марбут ба шаффофият, экология, бехатарии сарбанд ва модели устувори молиявӣ.

Бонки осиёии сармоягузории зерсохторӣ, ки маблағгузорӣ ба лоиҳаро то 500 млн доллар афзуд, инчунин Бонки ҷаҳонӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ки намояндагонашон соли 2025 аз нерӯгоҳи “Роғун” боздид карда, таваҷҷуҳашон ба лоиҳаро дар мазҳари ом изҳор доштанд, ба ин монанд мавқеъгирӣ карданд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Майдони сохтмони НБО "Роғун"

 

Ҳамзамон сарбории зиёд ба буҷет боқӣ мемонад. Соли 2025 ба идомаи сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” ҳудуди 5 млрд сомонӣ ё худ қариб 10%-и ҳамаи хароҷоти давлатӣ равона шуда, иловатан маблағҳои Фонди муътадилсозӣ истифода шуданд. Дар ҳамин ҳол, арзиши лоиҳа зиёда аз 2 баробар – аз 3 млрд то 6,4 млрд доллар афзуд.

Боз як ҳушдори муҳим таъсиси “Фонди тақсими фоидаҳо” аз фурӯши барқи нерӯгоҳи “Роғун” шуд. Мақомот изҳор доштанд, ки қисме аз даромадҳои оянда ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ ва зерсохтор равона мешавад, ки ин як посух ба дархости иҷтимоӣ буд: чӣ гуна кишвар аз лоиҳаи бузургтарин бурд мекунад.

 

Ҳаво ва тӯфони гарду ғубор. Экология ба “мушкилоти маишӣ” табдил ёфт

Соли гузашта сифати ҳаво дар Тоҷикистон бешак, яке аз мавзӯъҳои сербаҳс шуд. Тӯфонҳои чангу ғубор, сатҳи баланди заррачаҳои РМ2.5 ва давраҳои зиёди фаромадани туман тавонистанд ба ҳаёти рӯмарраи мардум, бахусус дар Душанбе мустақиман таъсир расонанд.

Тибқи маълумоти мониторингҳои байнулмилалӣ, ҷамъшавии РМ2.5 дар пойтахт мунтазам аз меъёрҳои тавсияшудаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чандин маротиба зиёд аст.

Давоми сол Душанбе дар сафи шаҳрҳое, ки ҳавояш олуда аст, қарор гирифт.

Бино ба арзёбии Бонҷи ҷаҳонӣ, барои ба таври назаррас беҳтар шудани ҳаво дар Душанбе ҳудуди 111 млн доллар сармоягузорӣ талаб мешавад. Ин маблағ барои таъмиру навсозии низоми гармидиҳӣ, коҳиши истифодаи сӯзишвории дурушт (сахт), рушди нақлиёти ҷамъиятӣ ва тавсеъаи низоми мониторинги сифати ҳаво зарур аст.

Манбаъҳои асосии ифлосшавӣ мисли пешина боқӣ мемонанд: чангу ғубор ва хоки заволёфта, гармидиҳӣ ба бахши хусусӣ бо сӯзишвории дурушт, энергетика ва нақлиёт.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Душанбе, тирамоҳи соли 2024

 

Муҳоҷират. Қоидаҳои сангин

Ин сол барои муҳоҷирати корӣ аз Тоҷикистон ба Русия боз ҳам душвортар шуд. Қариб ҳамаи тағйирот ба як чиз ҷамъбаст шуд: ҳуҷҷатҳо бояд пешакӣ ва дуруст тартиб дода шаванд, зеро бе ин кору зиндагӣ дар Русия ғайриимкон шуд.

Дар зер тағйироти соли 2025, ки воқеъан ба муҳоҷирони корӣ  аз Тоҷикистон таъсир расониданд:

Маҳдудияти муҳлати будубош. Аз 1-уми январи соли 2025 шаҳрвандони Тоҷикистон на дертар аз 90 рӯз дар соли тақвимӣ метавонанд дар Русия ҳузур дошта бошанд. Реҷаи то ин замон амалкунандаи “90 рӯз дар ним сол” дигар амал намекунад ва зиёд шудани ин муҳлат риоя накардани қоидаҳои муҳоҷират шуморида мешавад.

Симои рақамӣ ва биометрия. Аз тобистони соли 2025 барои шахсоне, ки бидуни раводид ба Русия ворид мешаванд, таҳияи симои рақамӣ оғоз шуд. Он аз огоҳиномаи онлайн дар бораи ҳадаф ва муҳлати сафар, ки зимни вуруд дода шуда, ба низоми рақамӣ тариқи замимаи RuID (Хадамоти давлатӣ) дохил мешаванд, иборат аст.

Огоҳиномаи онлайн ихтиёрӣ дониста шуда, худ ба худ барои рад кардани вуруд асос шуда наметавонад, лекин мақомот тавсия медиҳанд, ки аз вуруд пешакӣ огоҳ карда шавад, вагарна хавфи санҷишҳои иловагӣ ва мушкилот дар сарҳад зиёд мешавад. Профили рақамӣ ба мақомот ҷиҳати пайгирии роҳи муҳоҷирати шахс – аз вуруд то будубош ва кор имкон медиҳад.

Рӯйхати шахсони таҳти назорат ва ихроҷ бидуни қарори додгоҳ. Мақомоти ҳуқуқ пайдо карданд, ки муҳоҷиронро бидуни қарори додгоҳ ихроҷ кунанд. Шахсонеро, ки қоидаро риоя намекунанд, ба рӯйхати махсуси манъи кор, бақайдгирӣ, анҷоми муомилот ва ҳатто ақди никоҳ бастан шомил мекунанд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Акси марбута

 

Болоравии нархнома ва ҷаримаҳо. Акнун қариб ҳама гуна амал бо ҳуҷҷатҳо пулакӣ аст: патент, тамдиди муҳлат, бақайдгирӣ. Ҷаримаҳо барои қоидавайронкуниҳо боло рафта, риоя накардани ҳама гуна қоидаҳои муҳоҷират бештар бо ихроҷ хотима меёбанд.

 

Ноустувории энергетикӣ. "Лимит"-и интиқоли барқ

Қариб дар ҳар як давраи тирамоҳу зимистон масъалаи таъминот бо барқ дар Тоҷикистон дар сархати хабарҳо қарор мегирад. Ин аллакай ба мушкили музмин табдил ёфтааст.

Сабаби ин ҳолат дар вобастагии зиёди низоми энергетикӣ ба нерӯгоҳҳои барқи обӣ ва сатҳи об дар дарёҳо ифода меёбад. Дар давраҳои хушки тирамоҳ резиши об ба нерӯгоҳи “Норак” кам шуда, истеҳсоли барқро маҳдуд месозад ва ба реҷаи маҳдуди интиқоли барқ барои истифода оварда мерасонад.

Ноустувории энергетикӣ мустақиман ба фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва ҳаёти рӯзмарраи оилаҳо таъсир мерасонад.

Мақомот камбуди барқро ба тағйирёбии сатҳи об дар обанборҳо ва афзоиши истифодаи дохилӣ нисбат медиҳанд. Дар ҳамин ҳол, содироти барқ ба хориҷи кишвар идома дошта, шиддати вазъият дар ҷомеаро тақвият медиҳад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки соли 2027 аз ҳисоби ба истифода додани иншооти нави энергетикӣ, аз ҷумла мавриди истифода қарор гирифтани агрегати сеюми НБО “Роғун”, “мушкили барқ дар кишвар ба гӯшаи фаромӯшӣ меравад”.

 

Саноат ва “монеаҳо”-и рушд

Имсол талабот ба рушди иқтисод бахусус назаррас буда, дар пасманзари ин мухтасар 5 монеъаи доимии саноатро ошкор месозем: кадомашро метавон зуд ҳал кард ва кадомашро танҳо ба воситаи ислоҳот.

Яке аз монеъаҳои калидӣ арзиши аслии баланди маҳсулот бар асари ашёи хоми гарон ва хароҷот ба барқ мебошад. Мушкили таъминот бо барқ ва интиқоли ноустувори он низ душвориҳои иловагӣ ба вуҷуд меоранд. Ин мушкилро метавон дар муҳлатҳои кӯтоҳ ба воситаи баланд бардоштани самаранокӣ ва таъмиру навсозии зерсохтор ҳаллу фасл кард.

Монеъаи дигари муҳим норасии кадрҳои ҳирфаӣ ва технологияҳои муосир аст, ки талошҳои дарозмуҳлатро тақозо мекунад. Ҳалли ин мушкил бидуни ислоҳот дар соҳаи маориф ва ҷорисозии технологияҳои нав дар истеҳсолот ғайриимкон аст.

Ҳамчунин зерсохтори заъиф низ монеъаи ҷиддӣ маҳсуб меёбад, бахусус дар минтақаҳои дурдаст. Ин логистика ва дастрасӣ ба захираҳои заруриро душвор месозад. Сохтмони иншооти нав маблағгузории назаррасро тақозо мекунад, лекин натиҷа дарозмуҳлат хоҳад шуд.

Ғайр аз ин, сатҳи пасти коркарди ашёи хом дар кишвар низ имконоти рушдро маҳдуд месозад. Инро метавон аз ҳисоби ҷалби сармоягузорӣ ва ҷорисозии технологияҳои нав беҳтар кард.

 

Соли кишоварзӣ ва афзоиши истеҳсол, аммо мушкил

Дар паcманзари болоравии нарху даромадҳо, мардум ҳамчунин ба ҳосили зироат, содирот, дурнамо ва хавфҳои минбаъда низ таваҷҷуҳ доранд.

Соли 2025 барои соҳаи кишоварзӣ соли рекордҳо буд. Кишвар дар истеҳсоли сабзавоту мева, аз ҷумла ангуру себ ва зардолу ба натиҷаҳои муассир ноил шуд. Ин ба афзоиши назарраси содирот боис шуда, дар нимсолаи аввал бо афзоиши содирот ба андозаи 17,5% ҳудуди 34 млн доллар даромад ба даст оварда шуд.

Сарфи назар аз чунин дастовардҳо, дар бахши кишоварзӣ масоили ҷиддии ҳалталаб боқӣ монда, Тоҷикистон бо мушкилоте дучор аст, ки метавонанд барои рушди минбаъда монъа эҷод созанд.

Мушкилоти асосӣ дар логистика, захираву нигаҳдории маҳсулот ва роҳ ёфтан ба бозорҳои нав аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҷамъоварии ангур дар Тоҷикистон

 

Ҳамчунин дар Тоҷикистон коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ба таври кофӣ роҳандозӣ нашуда, ҷумҳурӣ ба мушкилоти зерсохтори нақлиётӣ рӯбарӯст, ки имконот барои афзоиши содиротро маҳдуд месозад.

Масъалаи вобастагии хеле зиёд ба воридот ва мавҷуд набудани марказҳои муосири логистикӣ ҳаллу фасл тақозо мекунанд.

Дар шароити тағйироти глобалӣ дар иқтисод ва иқлим, яқинан маълум мешавад, ки барои рушди устувор сармоягузорӣ ба коркард, беҳбуди иншооти зерсохтор ва бунёди занҷираҳои самараноки логистикӣ зарур аст.

 

“Соли гармшавӣ”. Дарк ва эҳсоси тағйирёбии иқлим чун меъёри нав

Соли 2025 гармтарин сол дар таърих шуда, таваҷҷуҳро ба тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои он ҷалб кард. Таъсири гармои шадид ба бахши кишоварзӣ, солимии одамон ва зерсохтор оғоз шуда, дарки ба меъёри нав табдил ёфтани тағйирот дар иқлимро тақвият дод.

Бахши кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба обёрӣ вобаста буда, вазъи марбут ба захираҳои об сол то сол бад мешавад. Ҳаҷми пиряхҳо, ки маъмулан кишварро бо об таъмин мекунанд, бар асари болоравии ҳарорат кам мешавад. Соли 2025 вазъияти пиряхҳо, аз ҷумла Деҳдал бад шуда, хавфи амнияти ғизоиро зиёд кард. Гармӣ инчунин ба солимии одамон таъсир мерасонад.

Бемориҳо аз ҳавои гарм, нуқсонҳои дилу рагҳо ва бадшавии вазъияти рӯҳӣ торафт маъмул мешаванд. Ин бахусус ҳаёти касонеро, ки дар ҳавои кушод кор мекунанд, мушкил месозад. Низоми тандурустӣ сарбории навро эҳсос намуда, хароҷот барои табобатро зиёд мекунад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Тағйироти иқлим ба иншооти зерсохтор таъсир мерасонад. Хушксолӣ ва гармиҳои шадид роҳу пулҳоро тахриб карда, вазъи таъминот бо барқро бад мекунанд. Ин дар навбати худ ба болоравии арзиши ҳаёт ва душвор шудани кори иқтисод оварда мерасонад.

Барои мутобиқат Тоҷикистон ва дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро зарур аст, ки ба обёрӣ, таъмиру навсозии зерсохтор ва ҳифз аз хавфҳои иқлимӣ маблағгузорӣ кунанд. Бидуни ин кор оқибатҳои гармшавии иқлим боз ҳам амиқтар шуда, метавонанд ба зиёни зиёд дар низоми экологӣ ва иқтисодӣ боис шаванд.

 

Иқлим ва пиряхҳо. Душанбе ба сифати майдони дипломатияи иқлим

Соли 2025 мавзӯи иқлим ва пиряхҳо дар Тоҷикистон ба сатҳи байнулмилалӣ баромад. Душанбе ба майдони якумин Конфронси байнулмилии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо табдил ёфт. Дар кори он намояндагони даҳҳо кишвар, созмонҳои байнулмилалӣ ва олимон ширкат варзиданд. Иқлим аз мушкили тахайюлӣ ба масоили сиёсату иқтисод ва амният дар соҳаи об табдил ёфт.

Баҳона барои чунин таваҷҷуҳ муҳим буд: тайи даҳсолаи ахир Тоҷикистн қисми зиёди пиряхҳои худро аз даст дод. Тибқи арзёбии мутахассисон, тайи 50-60 соли ахир сеяки майдони онҳо коҳиш ёфт. Ин мустақиман ба дарёҳо, бахши энергетика, кишоварзӣ ва дастрасӣ ба об на танҳо дар дохили кишвар, балки саросари минтақа таъсир мерасонад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Қуллаҳои Помир

Натиҷаи калидии конфронс дар Душанбе қабули Эъломияи Душанбе шуд, ки дар он кишварҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо, табодули маълумот ва дастгирии лоиҳаҳои муштарак ба мувофиқа расиданд. Ҳамчунин, таъсиси Фонди байнулмилалӣ эълон шуд, ки бояд ба таҳқиқоти илмӣ, мониторинг ва тадбирҳои амалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо маблағгузорӣ кунад.

Чунин тадбирҳо ба тақвияти таваҷҷуҳи ҷомеаи байнулмилалӣ ба нақши Тоҷикистон ба сифати яке аз манбаъҳои калидии захираҳои об дар минтақа мусоидат карданд.

 

Рақамисозии молия ва технологияҳои молиявӣ: рақобати бонкҳо

Дар соли 2025 ҳисоббаробариҳои ғайринақдӣ ба як ҷузъи ҷудонопазири ҳаёти рӯзмарра дар Тоҷикистон табдил ёфта, одатҳои одамон ва тарзи кор бо амалиёти молиявиро ба таври назаррас тағйир доданд.

Бонк ва ширкатҳои технологияҳои молиявӣ фаъолона хадамоти қулайи онлайнро ҷорӣ месозанд.

Ҷорисозии технологияҳо, аз ҷумла худкор гардонидан ва ҳуши маснӯӣ ба бонкҳо ҷиҳати зудтар пешниҳод намудани хидматрасониҳо ва босифат кардани онҳо ёрӣ мерасонад. Ҳамчунин сатҳи баланди бехатарии чунин амалиёт омили муҳим аст, ки ба туфайли низомҳои муосири ҳифзи маълумот кафолат дода мешавад.

Замимаҳои мобилӣ барои амалиёти молиявӣ натанҳо барои пардохтҳои ҳамарӯза, балки барои интиқолҳои байнулмилалӣ низ қулай мешаванд, ки акнун онҳоро метавон бо пахши чанд тугма анҷом дод. Ин дастрасӣ ба хадамоти молиявиро барои теъдоди зиёди одамон сарфи назар аз макони ҷойгишавии онҳо ва вақт, беҳтар месозад.

Дар натиҷа ҳисоббаробариҳои ғайринақдӣ дар соли 2025 соҳаи молия ба таври назаррас дигаргун ва барои ҳама бештар дастрасу қулай ва бехатар шуд. 

 

Душанбе. Танбашавӣ, тарҳрезӣ ва сифати ҳаёти шаҳрнишинон

Соли 2025 ҳолатҳои танбашавии нақлиёт дар роҳҳои Душанбе яке аз мавзӯъҳое буданд, ки миёни сокинон зиёд баррасӣ мешуданд. Аз ҷойе ба ҷойе рафтан агар пештар 20-30 дақиқа вақтро мегирифт, акнун як соат ё зиёда аз он тӯл мекашад. Васеъ кардани кӯчаҳо ва сохтмони чорраҳа ва роҳҳои ҳамшафат ҳоло натиҷаи дилхоҳ намедиҳанд.

Афзоиши шумори мошинҳои шахсӣ дар пойтахт идома дошта, ҳамзамон нақлиёти ҷамъиятӣ дар ҳоли рушд нест. Автобусҳо дар ҳамон ҳолатҳои танбашавӣ дармонда, мардум бештар нақлиёти шахсӣ мегиранд, ки ин дар навбати худ, сарборӣ ба роҳҳоро зиёд мекунад.

Вазъиятро сохтмони зичи биноҳо боз ҳам душвортар месозад. Нисбат ба роҳу таваққуфгоҳ ва иншооти зерсохтори иҷтимоӣ, маҷмааҳои нави истиқоматӣ тезтар қомат меафрозанд. Ин ба зиёд шудани шумори автомобилҳо ва сарбории бе ин ҳам зиёд дар роҳҳо боис мегардад.

Давоми сол мутахассисон роҳу воситаҳои имконпазири ҳалли мушкилро баррасӣ карданд, аз ҷумла харитасозии рақамии роҳҳо, истифодаи технологияҳои идоракунии ҳаракат ва афзоиши таваққуфгоҳҳои пулакӣ, инчунин насби чароғакҳои ҳушманд, хатҳои ҷудогардида барои нақлиёти ҷамъиятӣ, таваққуфгоҳҳои бисёрқабата ва бозбинии шабакаи хатсайрҳо барои алоқаи мустақим байни ноҳияҳо.

 

Маориф. Ислоҳот, мамнуият ва мубориза барои сифат

Яке аз тағйироти назаррас дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар соли 2025 гузаштан ба баҳогузории 10-баллӣ мебошад.

Дар Вазорати маориф шарҳ доданд, ки тариқи низоми дақиқ муайян кардани дониши хонанда ва ба таҷрибаи байнулмилалӣ мувофиқ шудани сатҳи дониш муносибтар аст.

Дар давоми сол баррасии масъалаи гузаштан ба таълими 12-сола баррасӣ шуд, ки анҷоми он дар соли хониши 2029-2030 ба нақша гирифта шудааст. Мушкили асосӣ мисли пешин ба омодагии мактабҳо, аз ҷумла норасоии омӯзгорон, барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии муосир барои модели нави таълим вобаста аст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Мактабхонҳои Душанбе, акс аз бойгонӣ

 

Ҳамчунин қарорҳое мавриди баррасӣ қарор доштанд, ки мустақиман ба сифати таълим вобаста нестанд, лекин ба ҳаёти мактаб таъсир мерасонанд. Ин ҷо сари манъи истифодаи смартфон дар мактабҳо ва маҳдудияти бо автомашинаҳои шахсӣ ба дарс ҳозир шудани донишҷӯён, ки барои риоя нашудани онҳо чораҳои шадид пешбинӣ шудааст, сухан меравад.

Мушкилиҳо зимни қабули кӯдакон ба синфи якум, бахусус кӯдакони дорои талаботи махсус ба таълим мавзӯи ҷудогона боқӣ мемонад. Волидон дар бораи зарурати рушди таълими фарогир (инклюзивӣ), инчунин норасоии дастгирӣ ва шароитҳо барои мутобиқати чунин хонандагон дар мактабҳои маъмулӣ изҳори назар карданд.

 

Қаллобӣ ва хатарҳои рақамӣ: аз кормандони “сохта” то ахбори бардурӯғ

Афзоиши ҳолатҳои қаллобӣ дар интернет идома дошта, соли 2025 роҳу воситаҳои нави фиреб пайдо шуданд.

Яке аз усулҳои маъмул худро корманди ширкатҳо, масалан операторони мобилӣ муаррифӣ кардан мебошад. Қаллобон гузаштан ба суроғаҳо ва ворид намудани рамзҳои тасдиқро дархост мекунанд, ки метавонад ба дуздии маълумот боис гардад. Дар хотир доштан муҳим аст, ки ширкатҳои расмӣ тариқи телефон пешниҳоди чунин маълумотро дархост намекунанд.

Боз як методи дигар пешбурди лоиҳаҳои сармоягузории қалбакӣ аст, ки дар онҳо хеле зиёд дарёфт кардани пул ваъда дода мешавад. Қаллобон дар аввал аз маблағҳои начандон зиёд оғоз намуда, сипас ҳарчи бештар пул талаб мекунанд ва баъдан нопадид мегарданд.

Паҳн кардани ахбори бардурӯғ (фейкҳо) низ ба хатари ҷиддӣ табдил ёфт. Қаллобон саҳифаҳои сохтаи тамғаҳо (брендҳо)-ро таҳия намуда, тахфифҳои қалбакӣ ва бозиҳои бурднок роҳандозӣ мекунанд, то ки маълумоти шахсӣ ҷамъ оваранд.  

Ахбори бардурӯғи амиқ ё худ дипфейк дар ҳолатҳои қаллобӣ нақши бузург мебозанд. Қаллобон метавонанд видеои шахсони маъруфро иваз намуда, доир ба роҳу воситаҳои фоидаовар ахбори бардӯрӯғ таҳия кунанд. Шинохтани ин наворҳо душвор буда, хавфи фиребро бештар мекунад.

Бинобар сабаби хеле зуд афзоиш ёфтани хавфҳои рақамӣ, болоравии таваҷҷуҳ ба амният ва зиёд шудани ҳолатҳои қаллобӣ дар интернет, инро метавон ба қатори тамоюлҳои  асосии соли 2025 мансуб донист.

 

Чӣ натиҷа ҳосил шуд?

Инак, 3 тамоюли аз ҷониби ҳуши маснӯӣ интихобшуда аз 12 тамоюл ба масоили иқлим ва экология дахл доранд, яъне ин ҳамон мушкилест, ки мақомот дар оянда ба онҳо бояд бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд. Ҳамчунин масъалаи амнияти энергетикӣ ва таъмини аҳолии кишвар бо гармӣ ва барқ рӯзмарра боқӣ мемонад.

Технологияҳои рақамӣ ва ҳамроҳи онҳо хавфу таҳдидҳои марбут ба онҳо ба зинаҳои аввал мебароянд.

Мавзӯи муҳоҷират ин аллакай тамоюли як даҳсола набуда, ин ба сифати таълим низ дахл дорад.

Лекин тамоюли шаҳршавии пойтахт падидаи каме нав аст ва шаҳрвандонро ҳарчи бештар мушкили тарҳрезии сохтмони шаҳр ба ташвиш меорад. Таваҷҷуҳ ба ин масъала низ муҳим аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...