“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёми худ ба парлумон, бо ишора ба маҳдудияти интиқоли барқ дар кишвар, ба мардум муроҷиат кард ва гуфт, ин охирин зимистони душвор аст ва аз зимистонҳои баъдӣ вазъ беҳтар мешавад. “Моро дуруст фаҳмед. Мову шумо аз ҳама рӯзҳои сахту сангин дар солҳои навадро гузаронидем. Як зимистони дигар дар пеш […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёми худ ба парлумон, бо ишора ба маҳдудияти интиқоли барқ дар кишвар, ба мардум муроҷиат кард ва гуфт, ин охирин зимистони душвор аст ва аз зимистонҳои баъдӣ вазъ беҳтар мешавад.

“Моро дуруст фаҳмед. Мову шумо аз ҳама рӯзҳои сахту сангин дар солҳои навадро гузаронидем. Як зимистони дигар дар пеш аст, зимистони соли 2026 сабуктар мешавад. Мо иқтидорҳои нав ба истифода медиҳем ва соли 2027 маҳдудияти барқро фаромӯш мекунем”, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ таъкид кард, ки моҳи сентябри соли 2027 чархаи сеюми нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба истифода дода мешавад ва баъди ин кишвар ба истиқлоли энергетикӣ мерасад.

Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, ҳоло дар ин нерӯгоҳ 18 ҳазору 600 коргар дорад машғули сохтмон ҳаст ва зиёда аз 3 ҳазору 900 техника истифода мешавад.

“То имрӯз 60 дарсади корҳо, ки аз ҳама корҳои вазнину душвор ва серхароҷот буданд, иҷро шудаанд”, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Ёдовар мешавем, ки НБО Роғун дар маҷмуъ 6 чарха хоҳад дошт. Иқтидори ҳар кадоми ин чархаҳо 600 МВт мебошад.

Чархаи аввали ин нерӯгоҳ соли 2018 ба истифода дода шуд ва дар назар аст, ки чархаи охирини он соли 2029 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад. Анҷоми пурраи корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳ соли 2035 пешбинӣ шудааст.

Интизор меравад, ки “Роғун” бо иқтидори насбшудаи 3600 МВт бузургтарин неругоҳи барқии обӣ дар Осиёи Миёна гардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.