Ӯзбекистон дараҷаҳои низомиро ӯзбекӣ мекунад. Дар Тоҷикистон ҳамоно мехоҳанд дараҷаҳои низомӣ тоҷикӣ шаванд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Ӯзбекистон соли 2026 мехоҳад истилоҳоти низомии русиро ба вожаҳои ӯзбекӣ тарҷума кунад. Ҳоло Комиссияи истилоҳшиносӣ тарҷумаи 41 калимаи русӣ ба гузинаҳои ӯзбекиро баррасӣ дорад. Дар ҳоле ки кишвари ҳамсоя нав истилоҳоти низомиашро ӯзбекӣ мекунад, талошҳои чандинсолаи бархе аз донишмандон аз Тоҷикистон барои тоҷикӣ кардани рутбаҳои низомӣ то кунун бенатиҷа анҷомидааст.​

Ба иттилои хабаргузории ӯзбекии “UzDaily”, забоншиносон ва дигар шаҳрвандони огоҳи Ӯзбекистон ҳам метавонанд ба раванди ӯзбекӣ кардани истилоҳот ва рутабҳои низомӣ шарик шаванд ва пешниҳодоти худро ба тариқи матбуот ё хаттӣ ба Комиссияи истилоҳот ироа кунанд.

 

Талошҳо дар Тоҷикистон чӣ натиҷа дод?

Дар Тоҷикистон масъалаи тоҷикӣ кардани дараҷаҳои низомӣ солҳо боз мавриди баҳс қарор дорад. Соли 2018 Умед Ҷайҳонӣ, донишманд ва пажӯҳишгари тоҷик, тарҳеро бар асоси истилоҳоти “Шоҳнома” ва сипоҳи давлатҳои тоҷикии Ашкониён, Сосониён ва Сомониён пешниҳод кард.

Коргурӯҳи муштараки Кумитаи забон ва истилоҳот ва Вазорати дифоъи Тоҷикистон онро пазируфта, соли 2020 ба Шӯрои амнияти миллӣ фиристод, вале баррасии расмии ин масъала чанд сол номаълум монд.

Моҳи феврали соли 2022 Олимҷон Муҳаммадҷонзода, раиси вақти Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки баробариҳои тоҷикии дараҷаҳои низомӣ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пазируфта нашуданд.

Муҳаммадҷонзода ҳамчунин гуфт, хулосаи Кумита барои дигар кардани дараҷаҳои низомӣ чанд сол қабл гирифта шудааст ва бо пайдо шудани шароит ва имконият мумкин, ки номи онҳо дигар карда шавад.

Дар ҳамин ҳол, Умед Ҷайҳонӣ соли 2020 дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” дар мавриди пазируфта шудан ё нашудани пешниҳодҳо аз сӯйи мақомоти зидахл гуфта буд,  ки "дар Тоҷикистон танҳо як кас тасмимгиранда аст ва ӯ ҳам касе ҷуз раисҷумҳур нест. Агар вай тасмим бигирад, ки дар 30-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон низомиён бо дараҷаҳои низомии тоҷикӣ режа (парад) бираванд, ҳамин фардо ҳама ниҳодҳо ин пешниҳодро тасвиб хоҳанд кард…"

Моҳи октябри соли 2020 масъулони Вазорати дифоъ низ ба “Азия-плюс” гуфта буданд, ки миллӣ кардани дараҷаҳои низомии артиш фақат аз ниҳоди онҳо вобаста нест.

Ҳамин тариқ, бо гузашти 8 сол ин талошҳо бенатиҷа анҷомид ва дараҷаҳои артиши миллии Тоҷикистон бо забони русӣ боқӣ монданд.

 

Чаро пешниҳоди тоҷикисозии дараҷаҳои низомӣ пазируфта нашуд?

Умед Ҷайҳонӣ рӯзи 14-уми январ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки сарфи назар аз он ки талошҳояш то кунун бенатиҷа мондааст, вале баҳси тоҷикисозии дараҷаҳои низомӣ поён наёфтааст.

“Ҳамзамон, бо пешниҳоди тоҷикисозии номи дараҷаҳои низомӣ нишонҳое барои сардӯшиҳояшон низ таҳия карда будем то сомонаи дараҷаҳои низомии тоҷикиро падид оваранд. Дар поёни соли 2025 аз Вазорати мудофиа ин сардӯшиҳои дараҷаҳои низоми тоҷикиро аз ман хостанд, ки барояшон фиристодам. Он сардӯшиҳоро барои тарҳи ислоҳи пӯшоки ҳамсони низомиён хоста буданд”, – гуфт вай.

Ҷайҳонӣ афзуд, яке аз далелҳое, ки дараҷаҳои низомии пешниҳодӣ дар соли 2022 дар Тоҷикистон тасвиб нашуданд, ин буд, ки коргурӯҳи муштараки Вазорати мудофиа ва Кумитаи забону истилоҳот чандто аз дараҷаҳои низомии пешниҳодиро тағйир дод, ки тарҳи пешниҳодшударо нокоромад кард.

“Аз ҷумла, ин коргурӯҳ бо пофишории низомиён ба ҷои полковник, ки баробари тоҷикии он сарҳанг аст, сарлашкарро пешниҳод кард. Сарлашкар дараҷаест генералӣ ва баробар бо генерал-лейтенант. Чун аз ин ғалатҳо дар тарҳи пешниҳодии коргурӯҳ бисёр буд, хуб шуд, ки ҳукумат пешниҳоди коргурӯҳро напазируфт”, – ёдоварӣ кард Ҷайҳонӣ.

Ҷайҳонӣ он тарҳро ислоҳ ва бо баҳрагирӣ аз “Шоҳнома” сомонаи дараҷаҳои низоми тоҷикиро таҳия кардааст, ки ба гуфтаи худаш, “дақиқтар аз системи дараҷаҳои низомии шуравӣ аст”.

 

“Ҷашни 35-солагии истиқлол фурсати муносиб аст”

Умед Ҷайҳонӣ бар ин бовар аст, ки “тоҷикисозии дараҷаҳои низомӣ иқдоме хоҳад буд дар ростои сиёсати устуворсозии худшиносии миллӣ, ки раисҷумҳур дар Тоҷикистон иҷро мекунад”.

“Дараҷаҳои пешниҳодӣ реша дар таърихи низомӣ ва “Шоҳнома” доранд, ки он ҳам дар ростои ҳамон сиёсат дар Тоҷикистон ба ҳар хонавода эҳдо мешавад. Яъне тоҷикисозии дараҷаҳои низомӣ дамидани руҳи “Шоҳнома” дар бадани нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст. Ҷашни 35-умин солгарди истиқлол фурсати муносиб барои ин кор аст”, – таъкид мекунад ҳамсуҳбати мо.

Дар баробари тоҷикисозии дараҷаҳои низомӣ, ин донишманди тоҷик пешниҳод дорад, ки дар остонаи ҷашни 35-солагии истиқлол барои Посгони арҷгузорӣ (Қаровули фахрӣ) либоси миллӣ таҳия шавад.

Ба қавли ӯ, “дар донишномаи динӣ ва илмии “Динкард” гуфта шуда, ки ранги ҷомаи артишторон, яъне низомиён, сурх ва майгун (арғувонӣ) аст ва ба зару сим ороста шуда. Ранги сурх дар намодшиносӣ рамзи муборизаву ҷоннисорӣ барои озодӣ ва истиқлол аст”.

Аз ин рӯ, Умед Ҷайҳонӣ мегӯяд, “мешавад барои Посгони арҷгузорӣ, ки намоде аз Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст, кители сурхранг ё арғувонӣ таҳия кард то Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо сипаҳдории ниёкони мо пайванди таърихӣ дошта бошад”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Трамп отложил еще на 10 дней удары по иранским электростанциям

А Пезешкиан заявил, что Путин вдохновляет Иран в этой войне

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...