Имсол ҷашни Сада кай ва дар куҷо таҷлил мегардад?

Рӯзи 31-уми январ дар Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада баргузор мегардад. Ҷашнвора соати 9:00-и субҳ оғоз мешавад. Дар ин бора аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд дар ҷашн кишоварзон аз шаҳру ноҳияҳои кишвар маҳсулотеро, ки ифодагари  Сада мебошанд, ба намоиш мегузоранд. Инчунин, ба гуфтаи манбаъ, дар доираи ин чорабинӣ намоиши […]

Рӯзи 31-уми январ дар Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада баргузор мегардад. Ҷашнвора соати 9:00-и субҳ оғоз мешавад.

Дар ин бора аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд дар ҷашн кишоварзон аз шаҳру ноҳияҳои кишвар маҳсулотеро, ки ифодагари  Сада мебошанд, ба намоиш мегузоранд.

Инчунин, ба гуфтаи манбаъ, дар доираи ин чорабинӣ намоиши тухмии зироатҳои кишоварзӣ, намоиш-фурӯши ниҳол ва барномаи фарҳангӣ баргузор мешавад.

Соли гузашта ҷашни Сада рӯзи 1-уми феврал бо ширкати кишоварзон, ҳунармандон ва асалпарварон аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон таҷлил гардида буд.

Дар намоишгоҳ дастранҷи марди деҳқон,  техникаи кории кишоварзӣ, кӯчати гулу-гулбуттаҳои ҳамешасабзу ороишӣ, ниҳолҳои гуногуни дарахтони мевадиҳандаву сояафкан ба маърази тамошо гузошта шуданд. Дар ин рӯз сокинон ва меҳмонони пойтахт аз намоиш-фурғши маҳсулоти гуногун боздид ва харидорӣ карданд.

Сада ҷашни қадимиву суннатии мардуми тоҷик буда, аз гузаштагонамон мерос мондааст. Ин ҷашн бо шумораи сад (сад фарзанди Қаюмарс ё панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯз) алоқаманд мебошад.

Олимон мегӯянд, ин ҷашн ба он хотир Сада ном гирифтааст, ки аз 10 моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ҷашни Сада ҳанӯз аз асрҳои миёна роиҷ буда, ҳамчун нахустин муждаи Наврӯз зикр мегардад. Аз замонҳои қадим Сада 50 рӯз пеш аз фарорасии Наврӯз, 10-уми баҳманмоҳ (30 январ) ҷашн гирифта мешавад.

Ҷашни Сада дар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон аз моҳи октябри соли 2017 ҳамасола охири моҳи январ ҷашн гирифта мешавад. Дар ҷашни Сада рӯзи истироҳат муқаррар нашудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.