Вокуниши Вазорати тандурустӣ ба овозаҳо дар бораи зарари доруи “Пантогам” ва марги кӯдакон дар пайи истеъмоли он

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба овозаҳо дар бораи зарари доруи “Пантогам” вокуниш карда, фавти кӯдаконро дар пайи истеъмоли ин дору, ки ду рӯз боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешавад, беасос хонд. Ба таъкиди ин ниҳод, ин дору “ба талаботи меъёрҳои муқарраршуда, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои меъёриву техникӣ ҷавобгӯ мебошад”. Ду рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ […]

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба овозаҳо дар бораи зарари доруи “Пантогам” вокуниш карда, фавти кӯдаконро дар пайи истеъмоли ин дору, ки ду рӯз боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мешавад, беасос хонд. Ба таъкиди ин ниҳод, ин дору “ба талаботи меъёрҳои муқарраршуда, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои меъёриву техникӣ ҷавобгӯ мебошад”.

Ду рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва гурӯҳҳои алоҳида дар паёмрасонҳо аксу садоҳое мечархад, ки дар он иддао мешавад, ки дар пайи истеъмоли доруи “Пантоган”, ки барои беморони асаб пешбинӣ шудааст, дар кӯдакон дилбеҳузурӣ, беҳушӣ пайдо шуда, ҳатто чанд тифл ба ҳалокат расида, чанде дигар дар бахши эҳё бистарӣ шудаанд.

Вазорати тандурустӣ рӯзи 15-уми январ дар вокунише гуфтааст, ки баъди паҳн шудани овозаҳо дар мавриди зарари доруи “Пантогам” ин масъаларо баррасӣ кардааст.

“Натиҷаи санҷишҳои физикию химиявии такрории намунаи силсилаҳои гуногуни доруи мазкур муайян намуданд, ки силсилаҳои зери ташхис қарор гирифта ба талаботи стандартҳои муқарраршуда, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ ҷавобгӯ мебошад”, – навиштааст ин ниҳод.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати тандурустӣ изҳор доштааст, ки дар ҳолатҳои риоя накардани қоидаҳои истеъмоли доруи мазкур “дар шахс ҳолатҳои дигар ҳам метавонанд пайдо шаванд”. Аз ҷумла, ба гуфтаи ин ниҳод, “аз меъёр зиёд истифода бурдани “Пантогам” боиси вайроншавии хоб ё хоболудӣ ва садо дар сари инсон мегардад”.

“Ҳангоми табобати дарозмуддат истифодаи якҷояи ин дору бо дигар доруҳои ноотропӣ ва воситаҳои ангезадиҳанда (стимуляторҳо) тавсия дода намешавад”, – гуфта мешавад дар хабари расмӣ.

Инчунин вазорат таъкид кардааст, ки мутахасисони соҳавӣ дар бахшҳои эҳёи кӯдакона, бемориҳои асаби кӯдакона ва заҳролудшавӣ “вобастагии фавти кӯдакони гирифтори бемориҳои асаб аз истифодаи дорувории “Пантогам”-ро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидааст, беасос номиданд”.

Вазорат, илова кардааст, ки муроҷиати як шаҳрванд дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи он ки дар пайи истеъмоли ин дору ду кӯдакаш фавтида якеи дигар дар шуъбаи наҷот бистарӣ аст, санҷид ва он "беасос аст”.

Ин ниҳод аз шахси муроҷиаткунанда Комилҷон Латипов ном бурда гуфтааст, ки номбурда рӯзи 10-уми январ Закия Комилҷонзода, духтарчаи 4-моҳаашро ба шуъбаи қабули кӯдаконаи Беморхонаи "Истиқлол” “бо аломатҳои хоболудӣ, карахтӣ, беҳолӣ, бемадорӣ, хунукии дасту пойҳо ва қайкунӣ овардааст”.

“Шубҳаи волидайни бемор аз он сар мезанад, ки шояд фарзандашон пас аз истеъмоли доруи Пантогам ба ин ҳолат гирифтор шудааст. Ҳамчунин номбурда зимни сабти овозӣ зикр кардааст, ки гуё аз истифодаи доруи "Пантогам" 3 кӯдак фавтидааст, ки ин ҳолат низ дар ягон муассисаи тиббӣ ба қайд гирифта нашудааст”,-гуфтааст вазорат.

Манбаъ навиштааст, ки табибони ин беморхона ба Закияи 4-моҳа ташхиси “Энсефалопатияи токсикӣ бо алоими афсурдашавии системаи марказии асаб” гузошта ва ӯро бистарӣ кардаанд. Ҳоло вазъи саломатии кӯдак муътадил аст.

Вазорати тандурустӣ аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки дар ҳолати пайдо шудани масъалаву мушкилот нисбат ба маводҳои доруворӣ ва хизматрасонии муассисаҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ ба телефонҳои боварии Хадамоти давлатии назорати тандурустӣ  +992-888-000-303, +992-931-119-191, +992-37-250-35-33 муроҷиат кунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.