Имрӯз аз таъсиси Wikipedia-и ҷаҳонӣ 25 сол гузашт. Дар пасманзари ин мо рӯ овардем ба Wikipedia-и тоҷикӣ, ки 27-уми январи соли 2004 расман фаъол гашта буд.
Wikipedia ин донишномаи озод ва ройгони ҷаҳонӣ дар интернет аст. Он аз мафҳуми “wiki” яъне зуд ва “pedia” баргирифта аз “энсклопедия” таркиб ёфтааст. Он мудирони худро дорад, аммо ҳар нафар метавонад дар он мавод нашр кунад. Истифода аз он мавод ҳам барои ҳамаи корбарони интернет ройгон ва дастрас аст.
Дар ин муддат Wikipedia-и тоҷикӣ чӣ пешрафт дошт, бо кадом мушкилҳо рӯбарӯ аст ва барои такмили он чӣ бояд кард?
Барои посух ёфтан ба ин ва дигар саволҳо мо бо Зинҳор Насриддинзода, яке аз мудирони Wikipedia-и тоҷикӣ сӯҳбат кардем. Ӯ мегӯяд, давоми 22 сол дар Wikipedia-и тоҷикӣ 116 ҳазору 305 мавод нашр шудааст ва давоми соли 2025 аз ин пойгоҳ 69 млн маротиба истифода кардаанд.
Ба қавли Насриддинзода, то имрӯз 105 ҳазору 645 корбар дар донишномаи озод худро сабти ном кардаанд, аммо “муттаасифона бештари онҳо фаъол нестанд ва ҳатто як мавод ҳам нашр накардаанд”. Аз ин шумора танҳо 145 корбар фаъол буда, ба таври доимӣ мавод нашр мекунанд.
“Бештари маводҳо пок мешаванд…”
“Wikipedia чаҳорчӯба, қонун ва талаботҳои худро дорад. Агар мақолаи нашршуда ба талаботи он ҷавобгӯ набошад, аз ҷониби мудирон тоза карда мешавад. Айни ҳол Wikipedia-и тоҷикӣ 7 мудир дорад, ки ҳамарӯза маводҳоро таҳлил ва сарчашмаи онҳоро месанҷанд. Дар ҳолати ошкор шудани камбудҳо, яъне бидуни сарчашма интишор кардан ё ғайриэътимод будани мавод, он пок карда мешавад”,- афзуд Зинҳор Насриддинзода.
Мавсуф мегӯяд, ки яке аз талаботи асосии Wikipedia ин аст, ки мавод бояд сарчашмаи боэътимод дошта, набояд яктарафа бошад.
“Як нафар наметавонад, дар бораи худаш мақола нашр кунад, мақола бояд дар такя ба ягон сарчашма – рӯзнома, китоб ва ё сомонаи расмӣ навишта шавад”, – таъкид мекунад ӯ.
Ба гуфтаи Насриддинзода, бештари мудир ва корбарони Wikipedia-и тоҷикӣ кормандони Эсклопедияи миллии кишвар ҳастанд, ки маводҳоро назорат ва мақолаҳои донишномаи миллиро дар Wikipedia ҷой мекунанд.
Корбарони Wikipedia чӣ имтиёзҳо доранд?
Масъулини кори Wikipedia-и тоҷикӣ ройгон ва ба таври ризокорӣ фаъолият мекунанд. Корбарон бошад, мақолаҳоро аз китобҳо ва маҷаллаву маъхазҳои дигар ба Wikipedia илова мекунанд.
Ҳар шахс метавонад корбари ин пойгоҳ бошад ва корбари фаъол метавонад мудири он шавад, ки ба тарзи овоздиҳӣ дар пойгоҳи Wikipedia дар саҳифаи мудирон сурат мегирад.
Ҳамчунин, имконоти мудири кулл шудан низ ҳаст, ки онҳо Wikipedia-и тоҷикиро дар чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ ва бунёди Wikimedia муаррифӣ карда, бо “wiki”-нависони ҷаҳонӣ мубодилаи таҷриба мекунанд. Айни ҳол Wikipedia-и тоҷикӣ ду мудири кулл дорад, ки барои ду соли оянда интихоб шудаанд.
“Байни “wiki”-нависони фаъол аз ҳисоби фонди Wikimedia барои таҳқиқи мавзуи муайян ва омода кардани мақола грантҳо ҷудо мешавад, то ин ки ягон самти Wikipedia-ро рушд диҳанд. Ин ягона манбаи молиявии ин пойгоҳ аст”,- мегӯяд Насриддинзода.
“Мо ниёз ба донишноманависон дорем…”
Бо гузашти 22 сол аз таъсиси Wikipedia-и тоҷикӣ баҳсҳо дар бораи ғалату камбудҳо дар матну арқоми маводи ин донишнома кам нест. Мудири ин пойгоҳ онро ба кам будани сафи ризокорон пайванд дод.
Мушкилоти дигаре, ки мудири ин пойгоҳро нигарон кардааст, то ҳол зиёд будани хатоҳои имлоӣ ва ҷузъӣ дар википедия аст, ки ба гуфтаи ӯ “вақте донишманде дар такя ба Wikipedia-и форсӣ мақолаи худро таҳрир ва нашр мекунад, аз ҷониби корбари дигар ба калимаҳои содаи аз русӣ ба мо интиқолёфта иваз карда мешавад. Зеро ҳар корбар имкони тағйир додани маълумотро дорад. Албатта, ки он аз ҷониби мудирон боз танзим ва таҳрир мешавад, аммо барои як пойгоҳи бузург 7 мудир кам аст”.
Ба қавли Насриддинзода, Wikipedia-и тоҷикӣ дар мадди аввал ниёз ба мудирони донишманд ва корбарони фаъол дорад.
“Дар ҳақиқат, мушкилот дар Wikipedia-и тоҷикӣ хеле зиёд аст, зеро низоми кори ин пойгоҳро на ҳама хуб мефаҳмад. Бештари маводи донишномаи миллӣ, яъне маводи Энсиклопедияи тоҷик пурра дар Wikipedia ҷойгир карда нашудааст. Ҳоло корбарон дар ин самт кор мекунанд, аммо он кифоя нест”,- афзуд ӯ.
Ба таъкиди Насриддинзода, “мо бояд талош кунем, ки ҳадди аққал ба Wikipedia-и форсӣ наздик бошем, ки он миллионҳо мақола дошта, дар қатори беҳтарин Wikipedia-ҳои ҷаҳон шомил аст”.
“Нақша дорем, фонди Wikimedia-ро дар кишвар таъсис диҳем..”
Пешбурди Wikipedia кори ризокорӣ ва як шуғли иловагӣ маҳсуб меёбад, аз ин лиҳоз, мудирон ва корбарони имрӯзаи он имконияти пурра саргарми ин пойгоҳ шуданро надоранд.
“Имрӯз дасти мо намерасад, мо имконот ва вақти зиёд надорем, ки гурӯҳ –гурӯҳ шуда, дар донишгоҳу муассисаҳои таълимӣ ин чизро тарғиб кунем. Лекин дар доираи имконотамон кӯшиш дорем маводи бештар нашр кунем. Соли гузашта барои ҷалби корбар чанд вохӯрӣ дар донишгоҳу муассисаҳо низ доштем. Ва ҳоло нақша дорем фонд низ таъсис диҳем”,- гуфт ӯ.
Ҳамчунин, онҳо нақша доранд, ки барои “wiki”-нависон дафтари кории донишноманивисиро фароҳам оранд, то ҳар нафари хоҳишманд тавонад барои интишори маводи бештар ва ба ин тариқ, рушди Wikipedia-и тоҷикӣ саҳм гузорад.
“Новобаста аз мушкилоти мавҷуда, Wikipedia-и тоҷикӣ дар байни Wikipedia-ҳои ҷаҳонӣ мавқеӣ худро дорад ва миёни Wikipedia-и кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз беҳтаринҳо ҳам аз ҷиҳати теъдоди маводҳо ва ҳам аз рӯйи сифати мақолаҳо ба ҳисоб меравад”, – мегӯяд Насриддинзода.


