Аз 1 феврали соли 2026 таърифаҳои истифода аз нерӯи барқ дар Тоҷикистон барои аҳолӣ ба андозаи 17% боло мераванд. Мақомот ин тасмимро зарурати солимгардонии молиявии бахши энергетика шарҳ медиҳанд, лекин коршиносон ва аҳолӣ ҳарчи бештар назди худ савол мегузоранд, ки оё мо барои арзиши аслии воқеӣ ё талафоти доимӣ ва камбудиву нуқсонҳо пардохт мекунем?
Аз 1-уми феврали соли 2026 қарор “Дар бораи таърифаҳо ба нерӯи барқ ва гармӣ” мавриди амал қарор мегирад. Лоиҳаи санад, ки дар он афзоиши таърифаҳо пешбинӣ шудааст, рӯзи 29-уми декабр дар ҷаласаи ҳукумат қабул шуд.
“Лоиҳаи мазкур бо мақсади рушди соҳаи энергетика ва расидан ба сатҳи худтаъминкунии фаъолияти молиявӣ ва иқтисодии ҷамъиятҳои саҳҳомии кушоди “Барқи тоҷик”, “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва “Шабакаҳои тақсимоти барқ” таҳия ва пешниҳод шуд”, – гуфта мешавад дар иттилои хадамоти матбуоти раисҷумҳур.
Дар ҳамин ҳол, манбаъҳо дар ин мақомот, ки нахостанд ному насабашон ифшо шавад, зикр карданд, ки таърифаҳо барои истеъмолгарони маишӣ аз 1 феврал ба андозаи 17% – аз 35,36 дирам (3,84 сенти ИМА) барои 1 киловатт-соат то 41,37 дирам (4,49 сент) боло мераванд. Барои дигар категорияҳои истеъмолгарон (дар маҷмӯъ 10 категория) низ таърифаҳо тақрибан ба ҳамин андоза зиёд карда мешаванд.
Мушаххасан, барқ барои кӣ ва чӣ қадар гарон мешавад, дар ин пайванд метавонед мутолиа кунед.
Ёдрас мекунем, ки таърифаҳои барқ дар Тоҷикистон то соли 2016 танҳо дар солҳои ҷуфт ва сипас ҳамасола боло бурда мешаванд. Истисно танҳо солҳои 2020-2021 шуданд, ки ҳукумат бар асари вазъи иқтисодӣ, ки бо сабаби пандемияи COVID-19 ба вуҷуд омада буд, аз боло бурдани таърифаҳо худдорӣ кард.
Ахиран арзиши барқ дар Тоҷикистон, аз ҷумла барои аҳолӣ низ аз 1 апрели соли гузашта, яъне 9 моҳ пеш боло бурда шуда буд.
Барқи гарон – зиндагии гарон
Барои аҳолӣ болоравии таърифаҳо маънои сарбории иловагӣ ба буҷети оиларо дорад.
Барои гурӯҳҳои аз лиҳози иҷтимоӣ осебпазир (нафақахӯрон, оилаҳои серфарзанд, сокинони деҳот) ҳатто болоравии муътадил метавонад омили муассири камшавии даромади воқеӣ шавад.
Нерӯи барқ қариб дар ҳамаи соҳаҳо истифода мешавад – сар аз коркард ва нигаҳдории маҳсулот то нақлиёту савдо ва бахши хидматрасониҳо. Аз ин рӯ, таъсири болоравии таърифаҳо ба тиҷорати хурд таваҷҷуҳи хосса мехоҳад. Нонвойхона, устохона, корхонаву кошонаҳои хидматрасонӣ ва коркарди хурд мустақиман ба арзиши нерӯи барқ вобастаанд.
Болоравии таърифаҳо якбора ба дарҳол болоравии нарх боис нагардида, аммо баъди якчанд моҳ ташаккули ба истифлоҳ “мавҷи дуюм” оғоз мегардад, ки дар ин давра тиҷорат хароҷоти зиёдгардидаро тадриҷан ба дӯши истеъмолгар вомегузорад.
Дар пасманзари болоравии таърифаҳо хонаводаҳо маҷбур мешаванд, ки ба зиёни талаботи заминавии маишии худ, истифодаи барқро маҳдуд кунанд. Ин бахусус барои минтақаҳое, ки манбаъҳои ҷойгузини барқашон маҳдуд ва даромадашон дар сатҳи паст қарор дорад, муҳиму рӯзмарра мебошад.
Дар кишварҳои ҳамсоя чӣ гуна пардохт мекунанд?
Барои арзёбии миқёси болоравӣ, муқоисаи таърифаҳо дар Тоҷикистонро бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ зарур ва саривақтӣ медонем.
Дар Қирғизистон нерӯи барқ барои аҳолӣ яке арзонтарин дар минтақа аст: барои гурӯҳи асосии аҳолӣ зимни истифодаи то 700 кВт соат дар як моҳ – 1,37 сом барои 1 кВт/с, ки тақрибан ба 1,6 сенти ИМА баробар аст. Барои оилаҳои камбизоат, ки кумакпулӣ мегиранду на зиёдтар аз 700 кВт* соат истифода мебаранд – 0,5 сом (0,57 сент) барои 1 кВт* соат.
Тавре ки мебинем, ҳатто то болоравӣ дар моҳи феврал, таърифаҳо дар Тоҷикистон (3,84 сент) аз таърифаҳо дар Қирғизистон зиёд аст.
Дар Қазоқистон аҳолӣ ба ҳисоби миёна нисбатан бештар – ҳудуди 30-31 танга ё ҳудуди 6 сент пардохт мекунад, ки таърифаи баландтарин дар Осиёи Марказӣ аст. Қобили зикр аст, ки таърифаҳо дар Қазоқистон вобаста ба минтақаҳо фарқ доранд.
Дар Ӯзбекистон системаи мухталиф амал мекунад: то истифодаи 200 кВт/соат дар як моҳ таърифаи нисбатан паст (ҳудуди 600 сӯм ё 4,99 сент барои 1 кВт/соат) амал мекунад, лекин дар сурати зиёд шудан аз маҳдудият (лимит), арзиши барқ метавонад то 800-100 сӯм (6,65-8,31 сент) ва болотар аз он зиёд шавад, ки ба сатҳи Қазоқистон наздик мешавад. Дар натиҷаи қисмате аз хонаводаҳо бо нархи баландтар аз Тоҷикистон пардохт мекунанд.
Туркманистон истисно аст: тибқи маълумоти расмии манбаъҳои байнулмилалӣ, барои пардохти барқ ба аҳолӣ давлат амалан кумакпулӣ медиҳад ва он бо таърифаҳои рамзӣ пешниҳод мешавад. Аз ин рӯ, муқоисаи мустақим душвор аст. То 1 январи соли 2019 барқ ба аҳолӣ дар ин кишвар комилан бепул дода мешуд.
Ба ин тариқ, маълумот дар бораи он, ки дар Тоҷикистон қариб таърифаҳои пасттарин ба барқ дар ҷаҳон амал мекунанд, ҳатто дар доираи минтақа асоси воқеӣ надоранд: нисбат ба Қазоқистону Ӯзбекистон камтар, вале дар муқоиса бо Қирғизистону Туркманистон хеле зиёдтар пардохт мекунем.
Намуна – Қирғизистон, зеро дигар ҳамсояҳо манбаъҳои ҷойгузин доранд
Муқоисаи таърифаҳо ба нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар навбати аввал бо Қирғизистон мантиқист, зеро мо заминаи “якхела”-и истеҳсол дорем. Дар Тоҷикистон ҳудуди 94%-и барқ (дар 11 моҳи соли 2025) дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ (НБО), яъне аз ҳисоби об истеҳсол мешавад. Дар Қирғизистон низ вазъ монанд аст: соли 2024 дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ ҳудуди 90%-и барқ истеҳсол шудааст.
Чаро ин муҳим аст ба таври соддатар: дар НБО “сӯзишворӣ” об мебошад, яъне бепул аст. Пас аз сохтмони чунин иншоот хароҷоти асосӣ маъмулан ба хидматрасонӣ, таъмир ва шабакаҳо марбут аст. Марказҳои барқу гармидиҳӣ бошанд, бо газ/ангишт/мазут кор карда мутаносибан, арзиши аслии барқи онҳо бамаротиб зиёд аст, зеро доимо харидану ба марказ расонидани сӯзишворӣ зарур аст.
Бинобар ин, муқоисаи таърифҳои Тоҷикистон бо таърифаҳои Қирғизистон лозим аст, на бо Қазоқистону Ӯзбекистон, ки дар онҳо қисми зиёди барқ дар марказҳои барқу гармидиҳӣ (МБГ) истеҳсол мешавад. Соли 2024 барқ дар Қазоқистон асосан дар МБГ бо истифодаи ангишт (74,9%) ва Ӯзбекистон (ҳудуди 70%) истеҳсол мешуд.
Маҳз бо ҳамин сабаб далели “сатҳи Қирғизистон” асоснок ба назар мерасад: агар ду кишвар барқро асосан дар НБО-ҳо истеҳсол кунанд, пас мантиқан таърифаҳо на “мисли кишварҳое, ки дар онҳо барқ бо сӯзишвории гарон ҳосил мешавад”, балки бояд”яксон бошад.
“Таърифаҳои паст” ё талафоти баланд
Мақомоти Тоҷикистон болоравии навбатии таърифаҳоро маъмулан ба он рабт медиҳанд, ки нархи кунунӣ “хеле паст” ва гӯиё хароҷоти ин бахшро намепӯшонад. Лекин муқоиса бо Қирғизистон, ки дар заминаи барқи обӣ тарифҳо ба таври назаррас пасттаранд, касро ба андеша водоро мекунад: шояд решаи мушкил на танҳо дар нарх барои аҳолӣ, балки чӣ гуна кор кардани низом ифода ёбад.
Болоравии таърифаҳо ҳамеша як саволро ба миён мегузорад: истеҳсол ва тақсимоти барқ то чӣ андоза самаранок роҳандозӣ шудааст. Дар шабакаҳо бар асари хат ва таҷҳизоти кӯҳна ва бо сабаби истифодаи берун аз сабт, дуздӣ ва омили инсонӣ чӣ қадар барқ талаф меёбад? Ва аз ҳама асосиаш маҳз барои чӣ мардум тибқи таърифаи нав маблағи зиёдтар пардохт мекунанд?
Раисҷумҳури Тоҷикистон чанде пеш зимни ироаи паёми худ ба парлумон изҳор дошт, ки қисмати зиёди талафот ба омили инсонӣ рабт дошт.
Ӯ зикр кард, ки то ҷорисозии низоми биллингӣ тибқи ҳисоботҳо 30-40%-и аҳолӣ пули барқро пардохт намекарданд ва пас аз ҷорисозии низом дар қаламравҳои ҷудогона маълум шуд, ки 100%-и аҳолӣ ҳамчун истеъмолгароне шуморида мешаванд, ки пули барқро пардохт мекунанд.
Ба истилоҳи дигар, пеш аз бори дигар шарҳ додани болоравии нархҳо бо сабаби “таърифаҳои паст”, посух ба дигар савол мантиқӣ ба назар менамояд: аз дуздиҳо, истифодаи бидуни қайд ва камбудиҳо дар идораи низом ба соҳа чӣ қадар зиён расонида мешавад ва чаро ин талафот ҳамеша тариқи болоравии таърифаҳо ба дӯши аҳолӣ вогузор мешавад?


