Оғози мулоқоти рӯ ба рӯ. Мансабдорони тоҷик ба суолҳои рӯзноманигорон посух медиҳанд

Нишастҳои матбуотии солона дар вазорату идора ва кумитаву оҷонсиҳои Тоҷикистон рӯзи 26-уми январ оғоз шуда, то 13-уми феврал давом меёбад. “Азия-Плюс” бо нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ, ки аз тарафи Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон имзо шудааст, шинос шуд. Дар ин нишастҳо қарор аст роҳбарони ниҳодҳои Тоҷикистон ба хабарнигорон дар бораи натиҷаҳои […]

Asia-Plus

Нишастҳои матбуотии солона дар вазорату идора ва кумитаву оҷонсиҳои Тоҷикистон рӯзи 26-уми январ оғоз шуда, то 13-уми феврал давом меёбад. “Азия-Плюс” бо нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ, ки аз тарафи Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон имзо шудааст, шинос шуд.

Дар ин нишастҳо қарор аст роҳбарони ниҳодҳои Тоҷикистон ба хабарнигорон дар бораи натиҷаҳои фаъолияти соли 2025 маълумот диҳанд. Ҳамчунин, рӯзноманигорон имкон доранд ба суолҳои худ посух ёбанд.

Бояд гуфт, нишастҳои матуботии мақомототи давлатии Тоҷикистон бо супориши Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2005 баргузор мешаванд. Дар аввал масъулони вазорату идораҳо пас аз ҳар се моҳ бо рӯзноманигорон дидор анҷом медоданд. Аммо пас аз соли 2011 нишастҳои хабарӣ дар ним сол як бор сурат мегиранд.

Гуфта мешуд, ки он "бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матбуот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои хабарӣ гузаронида мешавад".

Дар ҳамин ҳол, дастрасии рӯзноманигорон ба иттилоъ аз ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ҳамоно бо монеаву мушкилҳо рӯбарӯ аст. Масъулуни аксари ниҳодҳо бо баҳонаи равон кардани мактуби расмӣ аз додани ҳар гуна иттилоъ худдорӣ мекунанд, ки ин хилофи қонун аст.

Ин аст, ки нишастҳои хабарӣ дар солҳои охир ягона имкони асосии мулоқоти рӯ ба рӯйи рӯзноманигорон бо нафарони аввали вазорату идораҳои давлатӣ ва гирифтани иттилоъ аз онҳо гаштааст. Аммо бештари вақт хабарнигорони тоҷик аз шеваи баргузории нишастҳо ва посухи масъулини ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон қаноатманд немешаванд. Дар баробари ин, мақомдорон ҳам аз суолҳои ба мавзӯъ рабтнадоштаву баррасии масоили шахсӣ аз ҷониби баъзе рӯзноманигорон шикоят мекунанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.