ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 1995 – Гвардияи президентии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки баъдтар, дар соли 2004 номи Гвардияи миллиро гирифт.
Соли 2012 – Маркази миллии протсессингӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ гардид. Вазифаи асосии ин марказ коркард, идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии маълумоти молиявӣ, пардохтҳо ва транзаксияҳо мебошад.
Соли 2014 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар бораи таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон фармон ба имзо расонид.
Соли 2017 – Дар шаҳри Хуҷанд филиали КВД “Коргоҳи протезӣ ва ортопедӣ” ифтитоҳ гардид.
Соли 2020 – Ба номзадҳо ба вакилӣ манъ карда шуд, ки маводи таблиғотии пешазинтихоботии худро дар ёдгорӣ, объектҳои таърихиву фарҳангӣ, биноҳои муассисаҳои томактабӣ ва масҷидҳо насб намоянд.
Соли 2021 – Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дархост фиристод, то фаъолияти молиявию хоҷагии шаҳрдории пойтахт дар соли 2020 санҷида шавад. Бояд гуфт, рӯзи 15 январи соли равон ҳам Рустами Эмомалӣ ҳамчунин ба Палатаи ҳисоби Тоҷикистон ҷиҳати санҷиши фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории шаҳрдории пойтахт дар соли 2024 дархост ирсол намуд. Вале натиҷаи ин санҷишҳо боре расонаӣ нашудааст.
Соли 2022 – Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ин кишвар сафар мекунанд, талаботи нав ҷорӣ кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1893 – Зодрӯзи Розия Озод, шоира, модари академик Бобоҷон Ғафуров.
Розия Озод яке аз занони равшанзамир дар даврони пурталотум буд ва дар ташаккули шахсияти фарзандаш Бобоҷон Ғафуров нақши боризе доштааст. Ӯ ҳамчунин офарандаи як қатор шеъру достонҳо аст. Махсусан, дар даврони ҷанг баҳри рӯҳбаландии ҳомиёни ватан ашъори ватандӯстона месурудааст.
Маҷмуаҳои “Муҳаббат ба Ватан”, “Гулистони ишқ”, “Аз водии тилоӣ” ва “Иқбол” намунаҳои осори ӯро ҷамъ овардаанд.
Соли 1927 – Зодрӯзи Аҳмад Бобоқулов, Ҳофизи халқии Иттиҳоди шӯравӣ, сарояндаи опера.
Аҳмад Бобоқулов, ки шӯҳраташ бо иҷрои суруди “Республикаи ман” дучанд гардид, фарзанди Бобоқул Файзуллоев, овозхон ва навозандаи тоҷик аст. Ӯ дар саҳнаи театри тоҷик беҳтарин опреаҳоро барои намоишномаҳои иҷро кардааст.
Аҳмад Бобоқулов ҳамчунин сарояндаи сурудҳои мардумӣ ва классикӣ – “Шашмақом” буда, дар фаъолияти овозхониаш бо тозакориҳо даст задааст.
Бобоқулов худ хатмкардаи Консерваторияи Маскав ва аспирантураи консерваторияи мазкур буда, корномаи худро дар Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи Садриддин Айнӣ оғоз карда, қариб се даҳсола дар ин театр фаъолият доштааст. Сипас тақрибан даҳ сол дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон буд ва муддате роҳбари бадеии Ансамбли мақомхонони Кумитаи телевизион ва радиошунавонироо ба зимма дошт. Бобоқулов ҳамзамон аз соли 1967 дар факултети санъати Институти давлатии педагогии Душанбе ва аз соли 1976 устоди факултети вокал ва театрию операвии ДДСТ ба номи М. Турсунзода буд.
Аҳмад Бобоқулов аз санъати операи миллӣ ва ҷаҳонӣ асарҳои мураккабро ба маҳорати вижа иҷро кардааст. Аз ҷумла, Бахтиёр дар “Бахтиёр ва Нисо”, Синодал дар “Иблис”, Рустам дар “Пӯлод ва Гулрӯ”, Мадан дар “Комде ва Мадан”, Рӯдакӣ ва Айнӣ дар операҳои ҳамномаш аз намунаҳои беҳтарини ҳунари ӯст.
Ӯ муаллифи китоби “Асарҳои вокалии жанрҳои гуногун барои овози тенор” низ аст.
Бобоқулов 18-уми майи соли 1990 дар 59-солагӣ даргузашт. Колеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи ин овозхони шаҳир номгузорӣ шудааст.
Соли 1932 – Зодрӯзи Ҷанобиддин Лафизов, вазири молияи Тоҷикистони шуравӣ.
Соли 1950 – Мавлуди Матлубхон Давлатов, раиси пешини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, собиқ муовини аввали сарвазир.
Матлубхон Давлатов аз ходимони намоёни давлатӣ буда, чандсолаҳо дар вазифаҳои баланди давлатӣ фаъолият кардааст ва аз чеҳраҳои шинохтаи сиёсати иқтисодии кишвар аст.
Фаъолияти ӯ соли 1970 баъди хатми Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло ДМТ) оғоз гардида, беш аз даҳ сол, то соли 1985 дар Телевизиони Тоҷикистон ҳамчун шореҳи иқтисодӣ ва барандаи барномаи ҳармоҳаи “Иқтисодиёт бояд босарфа бошад” фаъолият намудааст. Сипас то соли 1989 дар Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон, ҳамзамон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Фаъолияти ӯ дар мақомоти давлатӣ аз соли 1989 оғоз гардид. Ӯ солҳои1990-1991 мудири шуъбаи Комиссияи давлатии Совети Вазирони Тоҷикистон оид ба ислоҳоти иқтисодӣ, солҳои баъдӣ муовини аввали раиси Кумитаи давлатии идораи амволи давлатӣ буд.
Матлубхон Давлатов соли 1993 раиси Кумитаи мазкур таъин гардида, то соли 2001 дар ин мансаб буд. Панҷсолаи баъдӣ раиси Кумитаи назорати давлатии молиявӣ буд ва соли Душанбе ба курсии мушовири давлатии президент оид ба сиёсати иқтисодӣ нишаст ва то соли 2010 дар ин мақом буд. Аз соли 2010-2012 роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент буд ва сипас, беш аз як сол, то соли 2013 муовини якуми сарвазири Тоҷикистон буд.
Тибци иттилои охир, ҳоло мушовири Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ аст.
Соли 1961 – Зодрӯзи Абдулқодири Раҳим, рӯзноманигор ва адиби тоҷик.
Абдуқодири Раҳим, шоир, нависанда ва рӯзноманигори тоҷик буда, аз охири солҳои 80-ум назму наср менавишт. Ӯ хатмкардаи Омӯзишгоҳи маданӣ-маърифатии ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯдакӣ ва факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Ӯ солҳои 1984 – 1985 дар телевизиони тоҷик кор карда, солҳои 1985-87 омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар ноҳияи Комсомолобод (Ҷалолиддни Балхии ҳозира) буд.
Солҳои 1987-1990 хабарнигор ва котиби масъули рӯзномаи “Мубориз”-и ноҳияи Восеъ, солҳои 1990-1993 муҳаррири калон ва мудири шуъбаи маҷаллаи “Фарҳанг” ва солҳои 1993-1999 мухбири рӯзномаи “Ҷумҳурият” буд. Аз соли 1999 то рӯзи маргаш ӯ ба ҳайси мудири шуъбаи фарҳанги рӯзномаи “Ҷумҳурият” фаъолият мекард.
Ӯ дар баробари рӯзноманигорӣ, инчунин ба шоириву нависандагӣ рағбат дошт ва аз охири солҳои 80-ум назму наср менавишт. Беҳтарин намунаҳои осораш дар маҷмӯаҳои ашъор ва нигоштаҳои мансури “Дурӯғи шабнам”, “Чароғи ошноӣ” , “Ҷилваи як нола”, “Нусхаи парешонӣ”, “Рӯшноӣ”, “Фиреби меҳр”, “Хилвати Ойина”, “Духтари афсонаҳо” гирд омадаанд.
Абдуқодири Раҳим аз соли 1994 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Ӯ соли 2018 Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутии Иттифоқи журналистонро соҳиб шуда буд.
Номбурда чанд моҳ пеш, 12-уми сентябри соли 2025 дар 64-солагӣ дар Душанбе даргузашт.
Соли 1961 – Мавлуди Анвар Тағоймуродов, генерал-майори милиса, собиқ сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД, вакили пешини парлумони Тоҷикистон.
Ӯ фаъолияти худро дар мақомоти корҳои дохилӣ оғоз намуда, солҳои зиёд дар ҳайати миёна ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии ифои вазифа намудааст. Ӯ чанд сол роҳбарии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД-ро ба уҳда дошт.
Анвар Тағоймуродов ҳамчунин дар Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод дар вазифаҳои сардори Раёсати фаврии махсус ва муовини директор кор кардааст. Як муддат – солҳои 2011–2012 муовини вазири корҳои дохилии Тоҷикистон низ буд. Солҳои 2012-2015 роҳбарии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлонро ба уҳда дошт.
баъди анҷоми вакилӣ, аз моҳи апрели соли 2020 то моҳи июни соли 2024 дар вазифаи машваратчии Шуъбаи амнияти ҷамъиятии Шурои амнияти Тоҷикистон ифои вазифа карда, аз моҳи июни соли 2024 ба нафақа рафт.
Ӯ ду давра вакили парлумони Тоҷикистон буд: аз соли 2000 то 2005; аз 2015 то 2020.
Соли 1914 – Мирзосироҷи Ҳаким, пизишк, шоир, рӯшанфикри тоҷик аз олам чашм баст.
Соли 2000 – Шамсӣ Қиём, ҳунарпеша, коргардон, драматург ва тарҷумони тоҷик дар 80-солагӣ даргузашт.
Шамсӣ Қиёмов аз чеҳраҳои бисёрҷанбаи театру синамои тоҷик буда, ҳамзамон чун коргардон, драматург ва тарҷумон шинохта шудааст.
Фаъолияти ӯ аз кори адабӣ оғоз ёфтааст. Ӯ дар аввал ҳамчун ходими адабии рӯзномаи “Қизил Тоҷикистон” фаъолият бурда, соли 1941 ба Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ омад ва то соли 1956 ҳунарпеша ва коргардони ин театр буд. Ин давра ва саҳна, ки беш аз 40 нақш офаридааст, аз муҳимтарин марҳалаҳои ташаккули ҳунарии ӯ дониста мешавад.
Солҳои 1956-1978 Шамсӣ Қиём коргардони “Тоҷикфилм”, баъдан саркоргардони Студияи телевизиони Тоҷикистон, Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва Театри давлатии ҷавонон буд. Солҳои 1978–1994 дар Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ба ҳайси устод шогирдони зиёдеро тарбия кардааст.
Шамсӣ Қиём ҳамчун драматург низ шуҳрат ёфтааст. Нахустин асарҳои саҳнавии ӯ – “Камол” ва “Дамири мусиқор” ҳанӯз соли 1937 дар театри Ленинобод рӯи саҳна омадаанд. Минбаъд намоишномаҳои ӯ, аз ҷумла “Дил-дили Зайнаб”, “Тӯфон”, “Ҷарима – 30 тин”, “Садои дил”, “Золу Рӯдоба”, ва “Ошиқони ҳазлбоз” дар театрҳои бонуфузи ҷумҳурӣ пешкаши тамошобинон гардиданд.
Ӯ солҳои тӯлонӣ бо Театри лӯхтаки Душанбе ҳамкорӣ дошта, бо асарҳои худ дунёи маънавии кӯдакону наврасонро ғанӣ гардонд.
Соли 2012 – Саидмуҳаммад Каримов, доктори илмҳои физикаю математика дар 75-солагӣ аз олам чашм баст.
Соли 2021 – Дӯстмурод Уроқов, иқтисоддони тоҷик дар 78-солагӣ вафот кард.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Соли 1773 – Ҷеймс Кук аввалин шуда, доираи қутби ҷанубиро убур кард.
Соли 1920 – Дар Русияи Шӯравӣ ҳукми қатл расман бекор карда шуд.
Соли 1991 – Дар ҷаҳон бори нахуст ба воситаи кураи ҳавоӣ парвоз тариқи Уқёнуси Ором анҷом дода шуд.
Ҳамасола 17-уми январ дар саросари дунё Рӯзи байналмилалии ихтирооти кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Ин сана ба зодрӯзи Бенҷамин Франклин, яке аз арбобони шинохтаи амрикоӣ, олим, ихтироъкор ва рӯзноманигор рост меояд, ки дар синни 12-солагӣ бори аввал дастпушҳо барои шиновариро ихтироъ кард.
Соли 1377 Папаи Рим, Григорий XI-ро ба Ватикан – давлати аз ҳама хурдтарин бо масоҳати ҳамагӣ 44 гектар гусел карданд. Аз ҳамон замон Ватикан қароргоҳи Папаи Рим қарор гирифт.
Соли 1942 – Зодрӯзи Муҳаммад Алӣ, "шоҳ"-и бокси муосир. Ин муштзани ҳирфаии амрикоӣ, яке аз муштзанҳои маъруф дар таърихи бокси ҷаҳонӣ. Муштазни сиёҳпӯсти амрикоӣ дар солҳои 1960-ум номдор шудт. Ӯ дар синни 75 солагӣ 3 июни соли 2016 дар Амрико вафот кард.
ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона -3+2º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 1-6º сард, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона -1+4º, дар доманакӯҳҳо рӯзона -2+3º, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1-6º сард.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, барф меборад. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона -1+4º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -2+3º, дар баъзе ноҳияҳо то 5-7º сард, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 15-17º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 0+5º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 2-7º сард, дар баъзе минтақаҳо то 11-13º сард, дар ғарби вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 10-12º сард, дар шарқи вилоят шабона 14-19º сард, дар баъзе минтақаҳо то 38-40º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, баъзан барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 2+4º гарм, шабона 2-4º сард.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, баъзан барф меборад. Ҳарорат: рӯзона -1+1º, шабона 2-4º сард.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 0+2º гарм, шабона 1-3º сард.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, баъзан барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 3+5º гарм, шабона 5-7º сард.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 17 ба 18-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.


