Рустами Эмомалӣ аз Палатаи ҳисоб санҷиши фаъолияти молиявии шаҳрдориро дархост кард

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Палати ҳисоби Тоҷикистон ҷиҳати санҷиши фаъолияти маолиявӣ ва хоҷагидории шаҳрдории пойтахт дар соли 2024 дархост ирсол намуд. “Дархост бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фиристода мешавад”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе. Ин бори аввал нест, ки Рустами […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Палати ҳисоби Тоҷикистон ҷиҳати санҷиши фаъолияти маолиявӣ ва хоҷагидории шаҳрдории пойтахт дар соли 2024 дархост ирсол намуд.

“Дархост бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе фиристода мешавад”, – хабар медиҳад дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе.

Ин бори аввал нест, ки Рустами Эмомалӣ ба хотири таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи маблаҳои буҷет дар пойтахт ба мақомоти марбута дар ин хусус бо дархост муроҷиат мекунад.

Аз соли 2017, замони шаҳрдории пойтахтро ба уҳда гирифтани Рустами Эмомалӣ ӯ ҳамасола моҳи январ ба сохторҳои дахлдори ҷиҳати санҷиши фаъолияти молиявии шаҳрдорӣ муроҷиат мекунад.

Қобили зикр аст, ки Рустами Эмомалӣ қаблан низ ба Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррпусия дар ин хусус муроҷиат карда буд: соли 2018 ва моҳи январи соли 2019 – бо мақсади санҷиши фаъолияти шаҳрдорӣ дар солҳои 2017 ва 2018.

Он замон ӯ дархост намуда буд, ки ба масъалаи арзу шикояти шаҳрвандон дар робита ба азхудкунии маблағҳои буҷет дар шаҳрдории пойтахт, ки мушаххасан ба лоиҳаи “Манзили дастрас” дахл доштанд, рӯшанӣ андохта шавад.

Бо дархости раиси пойтахт 69 иншооте, ки ба истифода дода шуда буданд ё сохта мешуданд, мавриди санҷиш қарор гирифта, дар иншооти зикршуда ба маблағи 7,8 млн сомонӣ изофанависӣ ошкор шуд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2023 Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар муассисаҳои давлатӣ ба маблағи 405,6 млн сомонӣ қонуншиканиҳои молиявӣ ошкор кард, ки 28,8 млн сомонӣ зиёдтар нисбат ба соли пешин буд. Аз ин маблағ 398,5 млн сомонӣ рӯёнида шуд, ки 98,2%-ро ташкил медиҳад.

Аз маблағҳои зиёни расида 63 млн сомонӣ пас аз санҷишҳои аудиторӣ дар Вазоратҳои рушди иқтисод, нақлиёт, фарҳанг, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Агентии хоҷагии ҷангал ба буҷет баргардонида шуд. Аз рӯи натиҷаҳои санҷиш 3 нафар ба ҷавобгарӣ ҷалб шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.