ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз соати 13:00 Алиризо Озмандиён, тренери сатҳи ҷаҳонӣ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон дар мавзуи “Формулаи нави рушди бизнес ва шахсият” бизнес-тренинг доир мекунад.
Алиризо Озмандиён сухангӯи сатҳи ҷаҳонӣ ва шогирди сухангӯи муваффақ Ҷим Рон, ҳамчун бунёдгузори “Технологияи Фикр” шинохта шудааст. Доктор Озмандиён беш аз 30 сол мешавад, ки дар кишварҳои гуногун барои шунавандагони зиёде суханронӣ кардааст. Ӯ дар ин тренинг оид ба моделҳои нави рушди тиҷорат, равишҳои стратегияи шахсӣ, худидоракунӣ, тарбияи тафаккури молиявӣ ва роҳҳои таъсиргузорӣ суханронӣ хоҳад кард.
Арзиши чипта аз 200 то 400 сомонӣ аст.
– Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии Лӯхтак дар Душанбе намоиши кӯдаконаи “Офтобак ва одамакони барфӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Арзиши чипта 25 сомонӣ аст.
– Имрӯз соати 16:00 дар Сирки давлатӣ намоиши сирки итолиёвӣ бо номи “Белиссимо” доир мешавад. Арзиши чипта 80 сомонӣ аст.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 18 ЯНВАР
Соли 1993 – Тоҷикистон узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) шуд.
Соли 1999 – Радиои “Садои Душанбе” ба фаъолият оғоз намуд.
Соли 2020 – Дар Тоҷикистон ҷарима барои иштирок дар ҳамоишҳои созмонҳои диниву ҷамъиятӣ, ки дар Тоҷикистон расман сабти ном нашудаанд, 4 баробар зиёд шуда, ба 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишодиҳанда барои ҳисобҳо дар соли 2025-ум 75 сомонӣ) расид.
Соли 2022 – Алишер Ҷалилов, капитани дастаи футболи “Истиқлол” ва беҳтарин футболбози чемпионати Тоҷикистон дар соли 2021, ба тими ӯзбекии АГМК гузашт.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1927 – Мавлуди Солеҳ Салоҳ, ховаршинос ва нависандаи тоҷик.
Солеҳ Салоҳ дар соҳаи тарҷума ва таҳқиқи адабиёт бо эҷоди ҳикояҳову баргардони як зумра ҳикоёту аз забони русӣ саҳм гузоштааст. Ӯ яке аз муҳаррирони Энсиклопедияи советии тоҷик ва “Луғати русӣ-тоҷикӣ” аст.
Солеҳ Салоҳ як қатор ҳикояҳои хурду ҳаҷвӣ ҳам эҷод карда, соли 1978 китоби “Мусиқии баҳор” ва соли 1989 маҷмӯаи “Ёди чашмони ашколуд”-ро таълиф намуд. Ӯ ҳамчунин як қатор ҳикояҳои Чехов ва Чингиз Айтматовро ба тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Солеҳ Салоҳ 13-уми декабри соли 2004 дар синни 77-солагӣ аз олам даргузашт.
Соли 1964 – Мавлуди Ғаффор Мирзоев, файласуфи тоҷик, доктори илмҳои фалсафа.
Ғаффор Мирзоев яке аз пажӯҳишгарони масоили иҷтимоӣ ва фалсафаи дин буда, дар ин ришта як зумра таҳқиқот анҷом дода, китобҳо таълиф намудааст.
Ӯ аз ҷумла китоби “Таърихи динҳо”-ро ҳамчун китоби дарсӣ барои донишҷӯёни макотиби олӣ ва аспирантону унвонҷӯён таълиф кардааст.
“Ислом дар матни шуури иҷтимоии мардуми тоҷик”, “Вижагиҳои ташаккул ва таҳаввули тафаккури динии тоҷикон” низ аз ҷумлаи осори ӯ мебошанд.
Соли 1385 – Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, файласуф, шоир ва нависандаи форс-тоҷик дар синни 70-солагӣ аз олам даргузашт.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ орифи бузург, шоир ва мутафаккири исломии асри XIV буд, ки дар рушди фарҳанг ва илми форсу тоҷик нақши бузург дорад. Ӯ пайрави тариқати Суфии Кубравия буд ва таълимоти ирфонӣ ва ахлоқии худро дар сарзаминҳои гуногун, аз Ҳиндустон то Осиёи Миёна паҳн кардааст. Осори ӯ, аз ҷумла маҷмӯаи ашъори ирфонӣ ва фалсафии “Захират-ул-мулук” ҳамчун сарчашмаи илму маърифат то имрӯз арзишманд боқӣ мондааст.
Соли вафоти Сайид Алии Ҳамадониро баъзе муҳаққиқон 1384, қисми дигар 1385-и мелодӣ гуфтаанд ва дар ин хусус баҳсу муназираҳои зиёде мавҷуданд. Алҳол аҳли адаби кишвар аз рӯйи ақидаи Саида Ашраф Зафар, муҳаққиқ соли 1386-и мелодиро соли вафоти Сайид Алии Ҳамадонӣ меҳисобанд.
Дар Тоҷикистон ноҳияе ба номи ин мутафаккир гузошта шуда, дар шаҳри Кӯлоб мақбарааш макон дорад ва рӯйи пули миллии даҳ сомона акси ӯ дарҷ гардидааст.
Соли 2007 – Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, шоир ва нависандаи тоҷик дар синни 83-солагӣ аз олам даргузашт.
Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ бо оғози Ҷанги бузурги ватанӣ ба майдони ҷанг рафт ва соли 1944 бо ҷароҳати вазнин ба зодгоҳаш Конибодом баргашт ва минбаъд ба кори адабиву илмӣ рӯ овард. Ӯ Шоири халқии Тоҷикистон буда, дар ин баробар драма ва асарҳои насрӣ низ эҷод кардааст.
Қаҳҳорӣ шоири ҷанговар буда, дар навиштаҳояш тараннуми ғояҳои ватандӯстӣ, озодихоҳӣ ва ишқу муҳаббат эҳсос мешаванд. Маҷмуаҳои шеърии “Шукуфаҳои аз хун дамида”, “Шаби пеш аз марг”, “Шаҳиди зинда”, “Қиссаи нави “Юсуфу Зулайхо” аз ин қабиланд. Асарҳои мансураш дар китобҳои “Гардиши айём”, “Умри ғанимат” ба табъ расидаанд. Ҳамчунин, як қатор драмаҳояш дар театрҳои ҷумҳурӣ саҳнагузорӣ шудаанд.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
18 январи соли 1943 нерӯҳои Шӯравӣ муҳосираи Ленинградро рахна карданд. Гарчанде шаҳр боз як сол дар муҳосира буд, рахнаи муҳосира шароити ҷабҳаи Ленинградро хеле беҳтар кард. Долони паҳноиаш 8-11 километр, ки аз ҷабҳаи Волхов то Шлисселбург тӯл мекашид, робитаи хушкӣ байни Ленинград ва кишварро барқарор кард.
Дар соҳили ҷанубии кӯли Ладога сохтмони роҳи оҳани Шлисселбург – Поляна бо дарозии 36 км оғоз ёфт. Рӯзи 6 феврали соли 1943, тавассути ин роҳ аввалин қатораҳо ба Ленинград ворид шуданд. Ин як қадами муҳими озодии Ленинград буд.
18 январи соли 1964 табибони амрикоӣ аз Конгресс даъват карданд, ки ширкатҳои тамокуфурӯширо ба навиштани ҳушдор дар бораи зарари сигоркашӣ дар қуттиҳои сигор уҳдадор кунанд.
Аз он замон то имрӯз беш аз 60 сол гузашт, аммо навиштаҷот дар бораи зарари сигоркашӣ аксар вақт аз ин амал бознамедорад.
Дар ҳоли ҳозир, дар қуттиҳои сигори бисёр кишварҳо на танҳо навиштаҷот, балки тасвирҳои даҳшатноке ҷой дода шудаанд, ки таъсири зараровари он ба саломатии инсонро нишон медиҳанд ва мардумро ба даст кашидан аз сигор даъват мекунанд.
Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар асри XX сигоркашӣ сабаби марги 100 миллион нафар дар саросари ҷаҳон шудааст ва дар асри XXI ин рақам метавонад ба 1 миллиард расад.
18-уми январи соли 1995 дар шаҳри Кобеи Ҷопон заминҷунбии шадид рух дод, ки бо номи заминҷунбии Хансин–Авадзи маъруф аст. Қувваи он тақрибан 7,3 баллро ташкил медод. Бар асари ин офати табиӣ беш аз 5 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд, даҳҳо ҳазор кас ҷароҳат бардоштанд ва садҳо ҳазор сокинон бехонумон шуданд. Ҳазорҳо хона, биноҳои истиқоматӣ, роҳҳо, пулҳо ва зерсохторҳои муҳими шаҳр хароб гардида, ба иқтисоди кишвар зарари азими молиявӣ расид. Ин заминҷунбӣ яке аз фоҷиабортарин офатҳои табиӣ дар таърихи муосири Ҷопон ба ҳисоб меравад.
ВАЗЪИ ҲАВО
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона -1+4º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 3-8º сард, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарора: дар водиҳо рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 0+5º гарм, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1-6º сард.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, рӯзона бебориш дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 6-8º сард, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 15-17º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6º хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 10-12º хунук, рӯзона 0+5º гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19º хунук, дар баъзе минтақаҳо то 38-40º хунук, рӯзона 6-11º хунук, дар баъзе минтақаҳо то 15-17º хунук мешавад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1-6º хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 10-12º хунук, рӯзона 0+5º гарм, дар шарқи вилоят шабона 14-19º хунук, дар баъзе минтақаҳо то 38-40º хунук, рӯзона 6-11º хунук, дар баъзе минтақаҳо то 15-17º хунук мешавад.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, шабона боришоти сусти барф ба амал омада, рӯзона бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2-4º хунук, рӯзона 4+6º гарм мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 1-3º хунук, рӯзона 6+8º гарм мешавад.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, шабона боришоти сусти барф ба амал омада, рӯзона бебориш дар назар буда, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 2-4º хунук, рӯзона 0+2º гарм мешавад.Ҳарорати ҳаво шабона 3-5º хунук, рӯзона 0+2º гарм мешавад.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 1-3º хунук, рӯзона 4+6º гарм мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 2-4º хунук, рӯзона 5+7º гарм мешавад.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 5-7º хунук, рӯзона 0+2º гарм мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 4-6º хунук, рӯзона 0+2º гарм мешавад.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 18 ба 19-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.


