Гузориш аз “Шаҳри ҷаҳонии сӯзанидӯзӣ”. Қиссаи зане, ки бо сӯзану ришта нақш меофарад

Мавзуна Ҷалолова 30 сол боз бо сӯзану ришта нақш меофарад. Барои ӯ сӯзанидӯзӣ танҳо як ҳунар нест, балки мероси гаронбаҳои оилавист. Дар хонаводаи онҳо панҷ насл пай дар пай ин касбро идома медиҳанд ва Мавзуна онро ба духтаронаш ҳам омӯзонидааст. Мавзуна Ҷалолова аз соли 2014 инҷониб роҳбарии маҳфили “Сӯзанидӯзӣ”-и Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакентро бар зимма […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Мавзуна Ҷалолова 30 сол боз бо сӯзану ришта нақш меофарад. Барои ӯ сӯзанидӯзӣ танҳо як ҳунар нест, балки мероси гаронбаҳои оилавист. Дар хонаводаи онҳо панҷ насл пай дар пай ин касбро идома медиҳанд ва Мавзуна онро ба духтаронаш ҳам омӯзонидааст.

Мавзуна Ҷалолова аз соли 2014 инҷониб роҳбарии маҳфили “Сӯзанидӯзӣ”-и Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакентро бар зимма дорад. Ба наздаш бештар духтарони мактабхон ва занони хонанишин меоянд. Мавзуна мегӯяд, ки ҳадафи ӯ на танҳо омӯхтани ҳунар, балки кумак ба занон аст, то онҳо тавассути дӯхтани сӯзанӣ соҳиби даромад шаванд ва зиндагии худро беҳтар кунанд.

"Дар Панҷакент хонаро бесӯзанӣ тасаввур кардан душвор аст", — мегӯяд ӯ.

Ин ҳунарманд нақл мекунад, ки як вақтҳо таваҷҷӯҳ ба сӯзанидӯзӣ кам шуда буд, вале солҳои охир ин ҳунар дубора эҳё шуд. Ба қавли ӯ, ҳоло ҷавондухтарони Панҷакент дар тӯйҳояшон ба ҷойи либоси сафеди аврупоӣ (фатта), бештар куртаҳои зебои сӯзаниро интихоб мекунанд.

Ин бонуи чирадаст на танҳо куртаву нимтанаву рӯйҷову ҷойнамоз, балки рамзҳои милливу тасвирҳои таърихиро низ бо сӯзан моҳирона тасвир мекунад.

Маҳз заҳмати ҳунармандоне чун Мавзуна буда, ки моҳи октябри соли 2025 Панҷакент расман “Шаҳри ҷаҳонии сӯзанидӯзӣ” эълон шуд.

Мавзуна Ҷалолова давоми 30 сол даҳҳо сӯзанидӯзи моҳирро тарбият кардааст. Орзуи ягонаи ӯ ин аст, ки ин ҳунари миллӣ ҳеҷ гоҳ аз байн наравад ва аз насл ба насл гузарад.

 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.