Чун ҳарсола, дар оғози соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар робита ба баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон – ватани азизи ман” дастур дод ва маблағи бунёдии ҳар як озмунро муайян кард.
Дар заминаи он, низомномаи озмунҳои ҷумҳуриявӣ нашр шуд, ки чанд тағйирот дар онҳо дида мешавад. Аз ҷумла, дар озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” пойгоҳи электронӣ барои таъмини шаффофият таъсис ёфта, довталабони озмун гурӯҳбандӣ шудаанд ва дар қатори масъулин Маркази миллии тестӣ низ илова шуд.
Дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” шумораи ғолибон афзуда, баъзе тағйироти ҷузъӣ дида мешавад. Дар озмуни “Тоҷикистон – ватани азизи ман” дигаргунии куллие нест.
Дар ин матлаб, тағйирот дар низомномаи озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар соли 2026-ро гирдоварӣ кардем.
Маркази миллии тестӣ дар қатори масъулин
Имсол дар баробари дигар ниҳодҳо, Маркази миллии тестӣ низ яке аз масъулони баргузории озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” интихоб шуда, даври ниҳоии озмун моҳи октябри соли равон маҳз дар ин муассиса баргузор мешавад. Ҳамчунин, қисми назариявӣ (пурсишу посух)-и озмун ҳам имсол тариқи Маркази миллии тестӣ (тариқи тестӣ) баргузор шуда, довталабоне, ки аз қисми назариявӣ аз 50% камтар хол ба даст меоранд, ба қисми амалии озмун (намоиши ихтироот) роҳ дода намешаванд.
Қаблан даври ҷумҳуриявии озмун дар муассисаҳои таълимии сохтори Вазорати маориф ва илм гузаронида мешуд ва Маркази миллии тестӣ дар ягон бахши он саҳме надошт.
Бояд гуфт, озмуни мазкур дар чор давр, мутаносибан дар моҳҳои апрел, май, сентябр ва октябр доир мешавад.
Гурӯҳбандии довталабон
Имсол дар низомномаи озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” банди нав илова шуда, мувофиқи он довталабони озмун ба гурӯҳҳо тақсим мешаванд ва ҳар довталаб аз рӯйи синну сол ва таҳсилоту корашон дар гурӯҳи худ қувваозмоӣ мекунанд.
Тибқи низомнома, довталабон ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда мешаванд:
1. Гурӯҳи якум – хонандагони мактабҳои миёна ва ибтидоии касбӣ;
2. Гурӯҳи дуюм – хонандагони мактабҳои миёнаи типи нав (литсейҳо, гимназияҳо ва муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ);
3. Гурӯҳи сеюм – донишҷӯёни донишгоҳу донишкада ва коллежу литсейҳои касбӣ. (Магистрантон ва онҳое, ки ғоибона ва ё аз рӯи маълумоти дуюм таҳсил мекунанд, ба ин гурӯҳ дохил намешаванд).
4. Гурӯҳи чорум – магистрантон, ходимони илмӣ, аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони мактабу донишгоҳҳо, муҳандисон, конструкторон ва намояндагони дигари касбу кори гуногун.
Аммо довталабони гурӯҳи чорум, танҳо дар ду номина: ҳуши маснӯӣ ва барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ иштирок карда метавонанд.
Ба ин гурӯҳ докторони илм, профессорон, аъзои вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ дохил намешаванд ва имкони иштирок дар озмунро надоранд.
Дар низомномаи соле пеш чунин гурӯҳбандии довталабон вуҷуд надошт ва ҳамаи онҳо якҷоя “қувваозмоӣ” мекарданд. Аз Вазорати маориф ва илм низ тасдиқ карданд, ки ин меъёр дар озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” нав илова гардид. Вале бо ин вуҷуд, соли гузашта вақте озмун ҷамъбаст шуд, ба ғолибон ҷоизаҳои аз рӯи гурӯҳҳо тақдим шуда буданд.
Шарти иштирок барои дарёфти “Шоҳҷоиза”
Тағйироти дигар дар ин омзун ба “Шоҳҷоиза” рабт дорад. Яъне қаблан, танҳо довталабоне, ки дар даври ҷумҳуриявӣ аз рӯйи бахши ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҷойи якумро сазовор мешуданд, барои дарёфти “Шоҳҷоиза” роҳ дода мешуданд.
Дар соли 2026 бошад, ғолибони ҷойи аввали бахши ҳуши маснӯӣ ва барномасозӣ низ имкони бурди “Шоҳҷоиза” доранд.
Тартиби муайян кардани ҷойҳо
Дар низомномаи озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” дар соли 2026 дар робита ба муайян кардани ғолибони ҷойҳои як, ду ва се низ банди нав илова шудааст.
Мувофиқи он, дар тамоми бахшҳо довталабоне, ки аз 75 то 100 холро ба даст меоранд, имкони бурди ҷойи аввалро доранд. Яъне агар довталаб аз 75 хол камтар ба даст орад, ба ӯ ҷойи аввал дода намешавад.
Барои дарёфти ҷойи дуюм бошад, довталаб аз 60 то 75 холро бояд соҳиб шуда бошад. Бо ҳамин тартиб, ҷойи сеюм ба шахсоне, ки аз 50 то 60-хол соҳибро мешаванд, тақдим мешавад. Дар ҳолати аз 50 хол камтар доштани холҳо, довталабон имкони ғолибият дар озмунро аз даст медиҳанд.
Қаблан танҳо як меъёр мавҷуд буд ва дар сурати аз 70% кам ба даст овардани холҳо дар номина, ҷойи якум дода намешуд.
Таъсиси Пойгоҳи электронӣ
Тағйироти дигаре, ки имсол ба низомнома ворид шуд, таъсиси Пойгоҳи электронӣ аст, ки ба қавли масъулин “шаффофияти озмун ва дақиқ будани холҳои бадастовардаи ғолибонро нишон медиҳад”.
Мувофиқи он, акнун ғолибони даврҳои дуюм ва сеюми озмун вобаста ба бахшҳо аз ҷониби сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба пойгоҳ ворид карда мешаванд.
“Таҷрибаҳои қаблӣ нишон медиҳанд, ки баъзе довталабон бар хилофи Низомнома такроран хоҳиши иштирок карданро доранд. Барномаи мазкур бошад ин гуна ҳолатҳоро муайян ва пешгирӣ мекунад. Ҳамзамон, барои пешниҳоди якхелаи ҳуҷҷатҳои довталабон ва муаррифии онҳо мусоидат мекунад”, – гуфтанд аз Вазорати маориф ва илми кишвар.
Қаблан дар ҳар шаҳру навоҳӣ комиссияи қабули ҳуҷҷатҳои довталабон таъсис ёфта буд ва ҳуҷҷатҳои довталабон тариқи котибони масъул ба комиссияи ҷумҳуриявӣ пешниҳод мешуд.
Тағйироти дигаре, ки ба Низомнома ворид шудааст, дар робита ба имтиёзҳои ширкаткунандагони он аст.
Акнун тамоми иштирокдорони даври ниҳоии озмун имкон пайдо мекунанд, ки давоми се сол ба ихтисосҳои фанҳои риёзӣ, дақиқу табиатшиносӣ ва техникӣ ба колеҷу литсейҳои касбӣ ва донишгоҳу донишкадаҳои кишвар бе супоридани имтиҳон ба гурӯҳҳои ройгон қабул шаванд.
Қаблан ин имтиёз танҳо давоми як сол татбиқ мешуд ва фақат ба хонандагони синфҳои 11, ки дар даври ҷумҳуриявии озмун иштирок кардаанд, дода мешуд.
Тағйирот дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”
Дар соли 2026 дар Низомномаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” низ дигаргунӣ дида мешавад.
Яке аз тағйироти ҷиддии ин озмун, ба 5 гурӯҳ ҷудо кардани довталабони он аст. Акнун хонандагони мактаб, ки қаблан дар байни ҳамсолони худ дар ду гурӯҳ иштирок мекарданд, 3 гурӯҳи довталабони озмунро ташкил медиҳанд. Яъне хонандагони синфҳои 5-8 аз синфҳои 9-11 ҷудо карда шудаанд, ки дар ҳамаи бахшҳо, ғайр аз бахши “Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ” гурӯҳҳо 5 адад шуданд.
– гурӯҳи якум – хонандагони синфҳои ибтидоӣ, яъне синфҳои 1-4-и мактабҳои миёна;
– гурӯҳи дуюм – хонандагони синфҳои 5-8 мактабҳои миёна;
– гурӯҳи сеюм – хонандагони синфҳои 9-11 ва ибтидоии касбӣ;
– гурӯҳи чорум – донишҷӯёни макотиби олӣ, магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо;
– гурӯҳи панҷум – омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун;
Танҳо дар бахши “Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ” 4 гурӯҳи аввал иштирок мекунанд ва омӯзгорон, ходимони илмию адабӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун имкони ширкат дар ин бахшро надоранд.
Ба ин тартиб, дар соли 2026 теъдоди ғолибони озмун дар даври ҷумҳуриявӣ, ки солҳои пеш 94-то буд, ба 118 нафар мерасад.
Бояд гуфт, озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон – ватани азизи ман” соли ҳаштум ва “Илм – фурӯғи маърифат” соли шашум аст, ки дар кишвар доир мешаванд. Соле пеш ҷоизаи пулии ин се озмуни ҷумҳуриявӣ ду баробар зиёд шуд.
Ёдрас мешавем, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар дар паёми худ ба муносибати Рӯзи дониш дар соли 2024 аз шеваи баргузории озмунҳои давлатӣ, аз ҷумла “Илм – фурӯғи маърифат” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” интиқод карда буд.
Бояд гуфт, давоми панҷ соле, ки озмун доир мешавад, танҳо соли 2023 як нафар – Ҷаҳонгир Дадаҷонов барандаи “Шоҳҷоиза”-и озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” шуд. Соли гузашта низ касе соҳиби “Шоҳҷоиза” нашуд ва масъулин, сабаби онро ба талаботи “Шоҳҷоиза” ҷавобгӯ набудани довталабон марбут донистанд.


