Соли 2025 дар Тоҷикистон ҳаво аз меъёри иқлимӣ гармтар шуд

Соли 2025 дар Тоҷикистон ҳаво зиёда аз 3 дараҷа баландтар аз нишондиҳандаҳои миёнаи мавсимӣ дар давраи солҳои 1981-2020 ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора маълумоти барномаи аврупоии иқлими "Copernicus" гувоҳӣ медиҳад. Аз моҳи май то декабр ба истиснои моҳи ноябр, ҳар моҳ ҳароратҳои рекордии баланд сабт мешуд, ки Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои бештар осебдида […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Соли 2025 дар Тоҷикистон ҳаво зиёда аз 3 дараҷа баландтар аз нишондиҳандаҳои миёнаи мавсимӣ дар давраи солҳои 1981-2020 ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора маълумоти барномаи аврупоии иқлими "Copernicus" гувоҳӣ медиҳад.

Аз моҳи май то декабр ба истиснои моҳи ноябр, ҳар моҳ ҳароратҳои рекордии баланд сабт мешуд, ки Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои бештар осебдида аз мавҷи глобалии гармӣ табдил дод.

Дар соли 2025 ба сурати умум дар зиёда аз 70 кишвари ҷаҳон ҳарорати рекордии моҳона сабт шул.

Коршиносон зикр мекунанд, ки бо сабаби омилҳои иқтимоӣ ва иқтисодӣ, Тоҷикистон бахусус осебпазир буд.

Тибқи маълумоти созмонҳои байнулмилалӣ, танҳо 41%-и аҳолии кишвар ба оби нӯшокии бехатар дастрасӣ доранд. Ин омил ба хавфҳо барои солимӣ ва амнияти озуқаворӣ тавқвият мебахшад.

Кишварҳои ҳамсояи минтақа, аз ҷумла Қазоқистону Ӯзбекистон низ бо мушкили гармшавии ҷиддӣ дучор шуданд: ҳарорат дар ин давлатҳо аз меъёри мавсимӣ 2-3 дараҷа баландтар буд.

Ба ғайр аз Осиёи Марказӣ, гармои реекордӣ ба минтақаи Соҳил дар Африқо ва як қатор кишварҳои Аврупо низ таъсир расонид.

Олимон аз шабакаи World Weather Attribution" зикр мекунанд, ки аз соли 2015 мавҷҳои ғайримуқаррари гарм қариб 10 баробар бештар имконпазир шуданд, ки мустақиман ба тағйирёбии антропогении иқлим марбут аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.