ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ
– Имрӯз дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 90-солагии Валӣ Самад, адабиётшинос ва нависандаи саршиноси тоҷик маҳфили ёдбуд баргузор мешавад. Чорабинӣ соати 14:00 дар Маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (ошёнаи 2) оғоз гардида, вуруд озод аст.
– Имрӯз тими миллии Тоҷикистон бозии охирини санҷишии худро дар доираи машқҳои дастаҷамъӣ дар шаҳри Ҷакарта бо мунтахаби Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад. Тими миллии Тоҷикистон дар ду бозии гузашта як бохт ва як пирӯзӣ дошт.
– Имрӯз соати 16:00 дар толори синамои "Зебунисо" филми тахайюлӣ-ҳаҷвии "Паканаи айнакдор" нахустин маротиба ба намоиш дода. Ин филм бо коргардонии Фарҳод Ғаффорпур рӯйи пардаи синамо омадааст. Вуруд ва тамошо озод аст.
ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ
Соли 2003 – Хатсайри ҳавоии “Алмато-Душанбе-Алмато” боз шуд.
Соли 2008 – Агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” ба кор даромад.
Солии 2010 – Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ муқаррароти минтақаҳои озоди иқтисодии “Ишкошим” ва “Данғара”-ро тасдиқ карданд.
Соли 2010 – Тоҷикистон созишнома дар бораи таҳияи лоиҳаи сохтмони хатти интиқоли барқи "CASA-1000"-ро тасдиқ кард.
Соли 2011 – Бонки Осиёии Рушд барои таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе то марзи Ӯзбакистон (дар Турсунзода) 120 миллион доллар ҷудо кард.
Соли 2018 – Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон қарори ҳукуматро дар бораи тағйири номи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имзо кард. Тибқи он Қӯрғонтеппа ба Бохтар, шаҳри Сарбанд ба Леваканд, ноҳияи Бохтар ба Кӯшониён ва шаҳраки Восеъи ноҳияи Восеъ ба Ҳулбук номгузорӣ шуданд.
Соли 2020 – Тоҷикистон назоратро болои шаҳрвандони Чин, ки ба кишвар ворид мешаванд, пурзӯр кард.
Соли 2021 – Ширкати ҳавоии “Uzbekistan Airways” хатсайри доимии “Тошкент-Душанбе-Тошкент”-ро дубора барқарор кард.
ШАХСИЯТҲО
Соли 1875 – Мавлуди Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, адиб, ношир, сиёсатмадор ва маорифпарвари тоҷик.
Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ яке аз пешвоёни ҷунбиши ҷадидҳо дар Осиёи Миёна ва чеҳраи барҷастаи адабиёту маориф буд.
Беҳбудӣ барои рушди маориф ва тарғиби таълим дар мактабҳои усули ҷадид китобҳои дарсӣ ва дастурҳои зиёде таълиф кардааст. Ӯ муассиси рӯзномаи "Самарқанд" ва маҷаллаи "Оина" буда, дар шаҳри Самарқанд "Нашриёти Беҳбудӣ"-ро таъсис дода, нахустин китобхонаро барои аҳолии маҳаллӣ кушод.
Ба қавли Саидризо Ализода, "ин мутафаккири ягона ва файласуфи фарзонаро душманони маданият ва ваҳшиён шаҳид намуда, риши муборакашро ба хуни покаш рангин сохтанд".
Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ соли 1919 дар шаҳри Қаршӣ аз олам даргузашт.
Соли 1936 – Зодрӯзи Валӣ Самад, адабиётшинос ва нависандаи саршиноси тоҷик.
Валӣ Самад, ки ӯро “таърихи зиндаи адабиётшиносии шӯравии тоҷик ва муборизи зидди фарҳангзудоии шӯравӣ” мешуморанд, пас аз хатми Донишкадаи давлатии омӯзгории Хуҷанд ба фаъолияти илмӣ рӯ овардааст. Баъдан барои таҳияи рисолае дар бораи равобити адабӣ миёни тоҷикон ва озариҳо дар Академияи илмҳои Озарбойҷон ба кор пардохт.
Аз ҳамон давра самти асосии таҳқиқоти ӯ ба омӯзиши робитаҳои адабӣ миёни халқҳои форсизабон ва марказҳои адабию фарҳангии Қафқоз равона гардид. Дар ду даҳаи охир таваҷҷуҳи илмии Валӣ Самад бештар ба баррасии пайвандҳои адабиёти классикии форсу тоҷик бо андешаи бадеии Аврупо, бахусус Русия, нигаронда шуд.
Самараи ин ҷустуҷӯҳои илмӣ китобе бо номи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ва Чернишевский” буд, ки ду маротиба ба табъ расидааст. Пештар аз ин ӯ асари “Фирдавсӣ ва “Шоҳнома” дар Қафқоз”-ро нашр карда буд, ки баъдан дар Эрон низ мунташир шуд.
Дар муҳити илмӣ, адабӣ ва фарҳангии Тоҷикистон ӯро ҳамчун ташаббускор ва таҳрикдиҳандаи равандҳои фарҳангӣ мешиносанд, ки борҳо дар масъалаҳои беэътиноӣ ба забон ва фарҳанги миллӣ, фишор ба аҳли илм, беадолатӣ нисбат ба мероси таърихӣ ва дигар мавзӯъҳои ҳассос бо мақомоти сиёсӣ вориди баҳс ва ҳақталошӣ шудааст.
Валӣ Самад узви раёсати Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ, Анҷумани ховаршиносони Арманистон, раёсати Анҷумани дӯстии Эрону Тоҷикистон ва ҳамчунин узви ҳайати таҳририяи маҷаллаҳои “Рӯдакӣ” (Эрон) ва “Адаб” (Тоҷикистон) буд.
Ӯ дар давоми фаъолияти илмӣ ва эҷодии худ беш аз 15 китоб ва даҳҳо мақола навиштааст. Ӯ 24-уми октябри соли 2019 даргузашт.
Соли 1923 – Мавлуди Солиҷон Боҳиров, ходими давлатӣ ва сиёсии тоҷик дар даврони Шӯравӣ.
Соли 1940 – Зодрӯзи Сайидҷаъфар Қодирӣ, физикдони маъруфи тоҷик.
Саидҷаъфар Қодирӣ яке аз олимони маъруфи тоҷик буд. Ӯ соли 1962 факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва соли 1970 аспирантураи Пажўҳишгоҳи кӯҳшиносии Маскавро хатм кардааст.
Ӯ аз соли 1962 инҷониб дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва як муддат дар Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ҳамчун муаллими калон ва дотсент фаъолият кардааст. Ин олими тоҷик муаллифи беш аз 270 китобу рисола, тарҷумаҳо, таҳрирҳо, таҳияҳо ва мақолаҳост, ки дар риштаи физика ва усули таълими он, истилоҳшиносӣ эҷоди истилоҳот ва баъзе масъалаҳои забоншиносӣ таълиф шудаанд.
Саидҷаъфар Қодирӣ 4-уми июни соли 2025 дар 85-солагӣ дар Душанбе даргузашт.
Соли 1945 – Зодрӯзи Тағоймурод Гулов, кишоварз, доктори илмҳои кишоварзӣ.
Соли 1950 – Зодрӯзи Раҳматшо Маҳмадшоев, олим, муаррихи тоҷик.
Раҳматшо Маҳмадшоев таърихнигор ва пажӯҳишгари тоҷик буда, дар рушди илми таърих ва омӯзиши равандҳои этнополитикӣ ва фарҳангии минтақа саҳми назаррас дорад. Маҳмадшоев муаллифи зиёда аз 50 мақолаи илмӣ буда, айни ҳол профессор ва муовини раиси Шӯрои ҳимояи рисолаҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Соли 1957 – Зодрӯзи Наҳтулло Назаров, собиқ вакили парлумон ва раиси пешини дастгоҳи Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистон.
Наҳтулло Назаров аз насли роҳбароне буд, ки роҳи худро аз омӯзгорӣ оғоз намуда, то сатҳи идорӣ расидааст.
Ӯ таҳсилоти олиро дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон гирифта, аз соли 1983 ҳамчун омӯзгор ба фаъолият пардохт ва сипас аспирант ва раиси Иттифоқи касабаи Донишгоҳи кишоварзӣ буд. Фаъолияти давлатии ӯ аз Раёсати кор бо ҷавонони шаҳрдории Душанбе оғоз шудааст.
Солҳои 2000–2010 Наҳтулло Назаров даҳ сол пай дар пай намояндаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон буд. Пас аз анҷоми фаъолияти парлумонӣ, ӯ дар як қатор вазифаҳои масъули дигар кор кард: солҳои 2010–2017 раиси шуъбаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар ноҳияи Сино, солҳои 2017–2019 муовини ректори Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хидмат. Дар як соли охири умраш бошад, вазифаи раиси дастгоҳи Маркази таҳқиқоти стратегии Тоҷикистонро бар уҳда дошт.
Ӯ 17-уми октябри соли 2020 даргузашт.
Соли 1966 – Мавлуди Султон Саидзода, ховаршиноси тоҷик.
Соли 2023 – Сафиев Ҳайдар, доктори илмҳои кимиё, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ Ибни Сино дар синни 72-солагӣ даргузашт.
САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ
Имрӯз, Рӯзи байналмилалии қабули дигарон (International Day of Acceptance) аст. Ин рӯз ба қабули шахсони дорои имкониятҳои маҳдуд ва эътирофи иҷтимоии онҳо бахшида шудааст.
Бо ташаббуси Энни Хопкинс соли 2007 ҳаракати “3E Love” таъсис ёфт, ки рамзи он аробачаи маъюбӣ ба шакли дил гардид. Ин ҷашн ба таҳаммулпазирӣ, равшаннамоии ҷомеа ва иштирок дар зиндагии маъюбон даъват мекунад.
Имрӯз ҷаҳон Рӯзи дӯстдорони панирро таҷлил мекунад. Ин маҳсулоти ширӣ бо гуногунии навъҳои худ дар миёни истеъмолкунандагон маъруфият пайдо кардааст.
Таърихи пайдоиши панир аз даврони қадим оғоз меёбад. Баъзе таҳқиқотгарон 8000 сол пеш аз милодро нуқтаи ибтидоии рушди истеҳсоли панир мешуморанд. Маълуми дақиқ дар бораи ватани панир вуҷуд надорад, зеро он дар фарҳанги бисёр халқҳо, ки дар ҷойҳои гуногуни ҷаҳон зиндагӣ мекарданд, дар шаклҳои гуногун вуҷуд дошт.
Аз рӯи баҳодиҳӣ, аз 800 то 2000 навъи панир вуҷуд дорад. Аз машҳуртарин панирҳо, ки дар тамоми ҷаҳон шинохта шудаанд, метавон Пармезан, Горгонзола, Эмментал, Дор Блю, Рокфор, Чеддар, Камамбер, Бри, Фета, Моцарелла ва Стилтонро ном бурд.
20 январи соли 1958 дар кӯчаҳои Лондон аввалин радарҳои назорати суръати автомобилҳо пайдо шуданд. Аз он вақт, аз датчикҳои статсионарии калон то камераҳои назоратии хурд, ҳама чиз тағйир ёфт.
Замоне инспекторҳои ҳаракат суръатро бо чашм ва ҳисобкунии вақт аз як сутун то дигараш муайян мекарданд. Ҳоло радарҳои муосир имкони чен кардани суръати автомобилҳоро бо дақиқии баланд доранд.
Имрӯз баъзе кишварҳо ҷашни ғайриодии зимистонаро таҷлил мекунанд – Рӯзи сайругашт дар ҳавои тоза. Мақсади асосии ҷашн даъват ба қатъи шитоби рӯзмарра ва таваҷҷуҳ ба роҳҳои соддаи бартараф кардани стресс мебошад.
Исбот шудааст, ки сайругашт дар ҳавои тоза на танҳо стрессро кам мекунад, балки диққат, хотира ва фаъолиятҳои майнаро таҳрик медиҳад, иштиҳоро беҳтар ва хобро муътадил мекунад.
20-уми январ ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи огоҳӣ дар бораи пингвинҳо, яке аз ғайриоддитарин паррандаҳои сайёраро таҷлил мекунад. Пингвинҳо (лот. Spheniscidae) оилаи паррандаҳои баҳрии парвознокунанда мебошанд, ки намояндагони онҳо маҳорати баланди шиноварӣ ва ғӯтазании амиқ доранд. Онҳо ягона намояндагони муосир дар қатори пингвиншаклон (Sphenisciformes) маҳсуб меёбанд.
Дар ин оила 18 намуди муосири пингвин шомил аст. Бузургтарини онҳо пингвини императорӣ буда, қадаш то 120 сантиметр ва вазнаш то беш аз 40 килограмм мерасад. Хурдтарин намоянда пингвини хурд аст, ки қадаш аз зонуи инсони калонсол баландтар нест ва вазнаш аз 2,5 килограмм зиёд намешавад.
Пингвинҳо танҳо дар баҳрҳои кушоди Нимкураи ҷанубӣ зиндагӣ мекунанд: дар соҳилҳои Антарктика, Зеландияи Нав, ҷануби Австралия, Африқои Ҷанубӣ, дар тамоми соҳилҳои Амрикои Ҷанубӣ аз ҷазираҳои Фолкленд то Перу, инчунин дар ҷазираҳои Галапагос дар наздикии хатти истиво. Давомнокии миёнаи умри ин паррандаҳо тақрибан 25 сол мебошад.
ВАЗЪИ ҲАВО*
Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона -1+4º, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона 3-8º сард, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14º сард.
Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ рӯзона 0+5º гарм, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1-6º сард.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо рӯзона 3+8º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 6-8º сард, дар водиҳо шабона 0-5º сард, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 15-17º сард.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят рӯзона 0+5º гарм, дар шарқи вилоят рӯзона 6-11º сард, дар баъзе минтақаҳо то 15-17º сард, дар ғарби вилоят шабона 1-6º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 10-12º сард, дар шарқи вилоят шабона 14-19º сард, дар баъзе минтақаҳо то 38-40º сард.
Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 7+9º гарм, шабона 0-2º сард.
Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 2+4º гарм, шабона 1-3º сард.
Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: рӯзона 7+9º гарм, шабона 0+2º гарм.
Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ҳолатҳо барф меборад. Ҳарорат: рӯзона 1+3º гарм, шабона 1-3º сард.
*Ҳарорати шабонаи ҳаво шаби 20 ба 21-уми январ ба ҳисоб гирифта шудааст.


