Дирӯз, 21-уми январ Додгоҳи вилояти Маскав Имомалӣ Турдиев, ҷавони 19-солаи зодаи Тоҷикистонро бо гумони куштори як ҷавони 18-солаи Русия дар пайи як муноқиша дар шаҳри Электростал ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.
Ба иттилои саҳифаи расмии Додгоҳи вилояти Маскав, нисбати ин ҷавон бо иттиҳоми куштор (моддаи 105, қисми 1) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад. Ин модда то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Бо гузашти чор рӯз аз қазия, расонаҳои Русия баъзе ҷузъиёти ҳодисаро нашр карданд. Аз ҷумла, маълум гардид, ки Турдиев баъди ба ҷонибаш бо туфанги шуълагиранда оташ кушодани яке аз ҷавонон, бо корд ҳамлаи ҷавобӣ кардааст. Пайвандонаш ба расонаҳо гуфтаанд, ӯ хеле бачаи ором буд ва танҳо аз занон дифоъ кардааст.
Ҳодиса аз куҷо маншаъ гирифт ва чӣ гуна ҷараён ёфт?
Ҳодиса рӯзи 18-уми январ дар шаҳри Электростал аз дохили автобус оғоз шуда, дар яке аз истгоҳҳои наздиктарин идома ёфт. Муноқиша баъди он сар зад, ки гурӯҳи ҷавонон ба занони мусофири автобус бадахлоқӣ карда, ишораҳои ношоиста нишон медоданд. Имомалӣ Турдиев ба ҳимояи он занон хеста, ба назди ин ҷавонон меояд ва онҳоро огоҳӣ медиҳад. Баъди ин миёни ҷавонон баҳси лафзӣ сар мешавад ва гурӯҳи ҷавонон аз автобус берун шуда, дар истгоҳи наздиктарин – “Универсам” задухӯрд мекунанд.
Дар навори лаҳзаи муноқиша, ки расонаҳои Русия нашр карданд, дида мешавад, ки баъди дар истгоҳ пиёда шудани Турдиев ва наврасони Русия, аввал яке аз ҷавонон ҷониби Имомалӣ Турдиев бо туфанги шуълагиранда оташ кушодааст. Ба гуфтаи мақомоти Русия, баъди ин зодаи Тоҷикистон бо корд се маротиба ба бадани “як сокини маҳаллии 18-сола” задааст. Ҷасади ин ҷавонро бо номи Иля дирӯз ба хок супоридаанд.
Дар наворҳо дида мешавад, ки гурӯҳи ҷавонон вориди автобуси баъдӣ мешаванд. Ронанда баъди оне, ки аз захмдор будани яке аз ҷавонон огоҳ мешавад, ӯро ба наздиктарин нуқтаи тиббӣ мебарад, аммо ӯ ба ҳалокат мерасад.
“Мехост маблағ ҷамъ карда, издивоҷ кунад”
Ба навиштаи расонаи MSK1.RU, ки бо пайвандони Имомалӣ Турдиев сӯҳбат кардааст, ӯ зодаи Тоҷикистон буда, ҳанӯз дар кӯдакӣ ҳамроҳи оилааш ба вилояти Кемеровои Русия ва чанде пеш ба Маскав кӯчидааст. Ӯ дар он ҷо синфи 9-ро хатм карда, баъдан кӯшиш кардааст, ба коллеҷ дохил шавад, аммо муваффақ нашудааст. Баъдан ҳамчун боркаш дар анбори “Wildberries” дар Маскав кор мекардааст. Ба навиштаи расонаҳо, ӯ шаҳрвандии Русияро ҳам доштааст.
Сафарҷон Турдиев, бародари калонии Имомалӣ гуфтааст, дар аввал фикр кардааст, ки бародари ӯро куштаанд ва “ҳатто ба сараш ҳам наомадааст, ки додараш метавонад чунин кор кунад”.
“Худатон мебинед, ки аз ҷониби ӯ ҳеҷ кори баде набуд. Танҳо эрод гирифт. Онҳо худашон баромада ба занозанӣ оғоз карданд”, – гуфтааст бародараш.
Ба қавли ӯ, Имомалӣ дар оила оромтарин фарзанд будааст ва қаблан дар мактаб ҳам қариб ба муноқишаҳо иштирок намекардааст. Танҳо чанде пеш тамринро дар толори варзиш оғоз кардааст.
“Намедонам, ин ҳама аз чӣ сар зад. Шояд ба ин далел, ки онҳо як занро таҳқир мекарданд ва шояд ӯ аз зане дифоъ кардааст. Ман чунин фикр мекунам ва дигар тавзеҳе нест. Ҳар одами солимфикр дар ин ҳолат ҳатман ба дифоъ мехест”, – изҳор кардааст ӯ.
Ба тахмини бародари Имомалӣ, ӯ он бегоҳ аз тамрин бармегашт ва дар китфаш ҷувздони варзишиаш ҳам дида мешавад.
Сафарҷон Турдиев нақл кардааст, ки ӯ бо як дӯсташ ба Маскав рафта буд ва мехост бо роҳи ҳалол маблағ ҷамъ карда, издивоҷ кунад.
Худи Имомалӣ Турдиев дар навори бозпурсии мақомот гуфтааст, “он замон дар ҳолати шокӣ қарор дошт ва намедонист, ки чӣ кор мекунад”.
Мақомоти Русия то ҳол шахсият ва миллати гумонбарро ошкор накардаанд. Дар ҳамин ҳол, баъзе расонаҳо ин ҳодисаро “куштори ҷавони рус аз ҷониби муҳоҷир” унвон додаанд.
Мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла сафорати кишвар дар Русия дар ин бора изҳори назар накардаанд. Кӯшишҳои мо ҳам барои гирифтани мавқеи онҳо бенатиҷа анҷом ёфт.
Вале ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси тундеро ба миён овардааст. Аксаран бар ин назаранд, ки ин ҷавон аз худ дифоъ кардааст ва замоне ба ҳамла гузашт, ки ба тарафаш аз туфанги шуъладор оташ кушоданд.
Ҳуқуқшинос: “Турдиев бояд пурра аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод мешуд”
Аз ҷумла, Наврӯз Одинаев, ҳуқуқшиноси тоҷик дар саҳифаи худ дар “Фейсбук” боз шудани парванда бо иттиҳоми кушторро нисбати ин ҷавон маҳкум кардааст.
Ба қавли ӯ, Турдиев баъди ишораҳои таҳқиромези гурӯҳи ҷавонон бо онҳо вориди муноқиша шудааст, ки ин далели тарҳрезинашуда будани кордзании ӯ мебошад.
“Дар асл, Турдиев ба вайронкунии дағали тартиботи ҷамъиятӣ вокуниш нишон дода, ҳуқуқ ва манфиатҳои дигаронро дар ҷойи ҷамъиятӣ ҳимоя кардааст. Дар сурате ки чор нафар ба як нафар ҳамла карда, бо туфангчаи шуълагиранда сӯяш оташ кушодаанд, ӯ ҳуқуқ дошт, ки аз худ дифоъ кунад", – гуфтааст ҳуқуқшиноси тоҷик..
Ӯ моддаи 37 (қисми 1)-и Кодекси ҷиноятии Русияро замима кардааст, ки гуфта мешавад, “зарар расонидан ба шахси ҳамлавар дар ҳолати дифои зарурӣ ҷиноят ҳисобида намешавад”.
Яъне, ба гуфтаи вай, агар шахс барои ҳимояи худ ё дигарон бар зидди ҳамлаи хатарнок амал кунад ва ҳамла бар зидди ӯ бо зӯроварии барои ҳаёт хатарнок ё таҳдиди бевосита ҳамроҳ бошад, амали шахси дифоъкунанда ҷиноят ҳисобида намешавад.
“Дар асоси ин, Турдиев бояд пурра аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешуд”, – мегӯяд Одинаев.
Тибқи арзёбии ӯ, агар Турдиев ҳангоми дифоъ аз ҳадди дифои зарурӣ гузашта ҳам бошад, мувофиқи қисми 1-и моддаи 108, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол нисбаташ бояд татбиқ шавад.
“Зарур аст, ки Турдиев бо ҳимояи босалоҳияти ҳуқуқӣ таъмин карда шуда, ба ӯ вакили дифои соҳибтаҷриба дода шавад, ки қодир бошад мавқеи ӯро дар додгоҳ ҳимоя кунад. Аз рӯи тамоми маълумоти ошкоро ва наворҳои нашршуда равшан аст, ки Турдиев бе нияти ҷиноӣ, бо мақсади хайрхоҳона ва ҳимояи дигарон амал намудааст”, – мегӯяд ҳуқуқшиноси тоҷик.
Ҳамчунин, ба қавли ӯ, ҷавонони рус, аз ҷумла шахси ҳалокшуда метавонад узви гурӯҳи неонатсистӣ (миллатгароёни нав) бошад, ки ин барои арзёбии ҳуқуқии ҳодиса аҳамияти ҷиддӣ дорад.
Бояд гуфт, ҷиноят ва ё ҳатто қоидавайронкуниҳое, ки дар Русия аз ҷониби муҳоҷирон ва ё зодагони Осиёи Марказӣ рух медиҳанд, дар расонаҳои ин кишвар густурда паҳн ва маҳкум мешавад. Аммо аксар ҷиноёте, ки нисбати муҳоҷирон анҷом дода мешавад, паси парда мемонад ва расонаҳову мақомот ҳам аз шарҳи онҳо худдорӣ мекунанд.
Аз ҷумла, куштори Қобилҷон Алиеви 10-сола аз сӯйи як навраси 15-сола ва шаҳрванди Русия дар мактаб, ки вокуниш ва нигаронии тунди на танҳо ҷомеаи Тоҷикистону Осиёи Марказӣ, балки аксар кишварҳои ҷаҳонро барангехт, дар расонаҳои федеролии Русия қариб, ки пӯшиш дода нашуд ва ё чун як хабари ҷиноии маъмулӣ инъикос шуд.


