“Монед рӯи бачаамро бинанд”. Гузориш аз маросими ҷанозаи Қобилҷон Алиев, навраси дар Русия кушташудаи тоҷик

Қобилҷон Алиев, навраси 10-солаи тоҷик, ки ду рӯз пеш дар Русия кушта шуд, дар деҳаи Аҷами ноҳияи Шаҳринав ба хок супориданд. Ӯ дар мактабе дар вилояти Маскав аз сӯйи навраси 15-сола ва шаҳрванди Русия бо корд ва бар пояи бадбинии миллӣ кушта шуд. Қарор буд, Қобилҷон дирӯз бо пои худ ба ватан ояд, вале субҳи […]

Идибеки Саид, Нозанини Исматшоҳ, Asia-Plus

Қобилҷон Алиев, навраси 10-солаи тоҷик, ки ду рӯз пеш дар Русия кушта шуд, дар деҳаи Аҷами ноҳияи Шаҳринав ба хок супориданд. Ӯ дар мактабе дар вилояти Маскав аз сӯйи навраси 15-сола ва шаҳрванди Русия бо корд ва бар пояи бадбинии миллӣ кушта шуд.

Қарор буд, Қобилҷон дирӯз бо пои худ ба ватан ояд, вале субҳи имрӯз ҷасади ӯро ба деҳа оварданд.

Бо вуҷуди сардии ҳаво ва боридани борон садҳо тан аз гӯшаву канори кишвар барои иштирок дар ҷанозаи ин кӯдаки ғурамарг омаданд. Ҷаноза зери тадбирҳои амниятӣ гузашт ва рӯзноманигоронро нагузоштанд, ки озод аксу навор гиранд.

Бештар дар навори мо бинед:

Модараш дар ҳоле, ки барои фарзанди кушташудааш талх мегирист, аз мардум хост ба хона дароянд, писарашро бинанд ва барояш дуо кунанд.

Дар ҷанозаи Қобилҷон Саидмукаррам Абдуқодирзода, муфтии кишвар низ ҳузур дошт ва дар суханронии худ ин кушторро “нангин ва даҳшатнок” хонд.

Баъди ба хок супоридани Қобилҷон ҳам мардум гурӯҳ-гурӯҳ барои ҳамдардӣ меомаданд. Вале баҳси куштори ин кӯдаки тоҷик дар ҷомеа ва шабакаҳои иҷтимоӣ рӯз аз рӯз бештар мешавад. Ҷомеа на танҳо муҷозоти қотили Қобилҷонро мехоҳад, балки ба ташхису маҳкум кардани омили аслии ин ҷинояти мудҳиш – миллатгароӣ ва муҳоҷирситезӣ дар Русия таъкид мекунад.

Шоми имрӯз, 18-уми декабр хабар расид, ки додгоҳ шаҳрванди 15-солаи Русияро, ки ба куштори Қобилҷон Алиев муттаҳам аст, 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.