Муттаҳам ба куштори Қобилҷон Алиев 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд

Шаҳрванди 15-солаи Русия, ки ба қатли Қобилҷон Алиев, навраси 10-солаи тоҷик муттаҳам аст, 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд. Дар ин бора ТАСС хабар дода, навиштааст, ки “Додгоҳи Тверскойи Маскав дархости Кумитаи тафтишоти Русияро дар бораи ба ҳабси пешакӣ гирифтани ноболиғи 15-сола, ки ба куштор ва сӯиқасд ба куштор (моддаҳои 105 қисми 3, моддаи 30 […]

Asia-Plus

Шаҳрванди 15-солаи Русия, ки ба қатли Қобилҷон Алиев, навраси 10-солаи тоҷик муттаҳам аст, 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.

Дар ин бора ТАСС хабар дода, навиштааст, ки “Додгоҳи Тверскойи Маскав дархости Кумитаи тафтишоти Русияро дар бораи ба ҳабси пешакӣ гирифтани ноболиғи 15-сола, ки ба куштор ва сӯиқасд ба куштор (моддаҳои 105 қисми 3, моддаи 30 қисми 2 Кодекси ҷиноии Русия) муттаҳам мешавад, қонеъ кард”.

“Айбдоршаванда барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ маҳкум шуд”, – менависад ТАСС

Ба навиштаи расонаҳо, навраси боздоштшуда ба гуноҳи худ иқрор шудааст. Бар пояи иттиҳоми эълоншуда ба ӯ аз 8 то 20 соли зиндон ё ҳукми абад ё қатл таҳдид мекунад.

Қобилҷон Алиеви 10-сола рӯзи 16-уми декабр дар мактабе дар ноҳияи Одинсовои вилояти Маскав аз сӯйи як хонандаи ҳамин мактаб бо корд ва ваҳшиёна кушта шуд.

Расонаҳо менависанд, ки ҳамлагар дар заминаи ҳисси миллатгароӣ ва бадбинӣ ба мактаб ҳамла кардааст: ҳамлагар пеш аз ҳодиса “манифест”-и худро бо номи "Ғазаби ман", ки дар он ӯ зидди яҳудиён, мусалмонон, зиддифашистон ва либералҳо ҳарф мезад, ба ҳамсинфонаш фиристодааст.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи "Газета.ру" аз қавли Кумитаи тафтишотии Русия  навишт,  ки "навраси боздоштшуда эътироф кардааст, ки чанд вақти ахир барои содир кардани ин ҷиноят омодагӣ медид".

Дар пайи ин ҳодиса, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Русия дар кишварро даъват карда, “нота” супорид ва талаб кард, ки “тафтишоти фаврӣ, объективӣ ва беғаразонаи ин ҳодисаи фоҷиаборро анҷом диҳад ва ҳамаи шахсони дахлдорро тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашад”.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохиллии Тоҷикистон дар як суҳбати телефонӣ аз ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев хост, сабабу омилҳои ҳодисаи мазкур ҳамаҷониба санҷиш ва чораҷӯӣ карда шавад.

Юсуф Раҳмон, котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон ҳам дар суҳбати телефонӣ бо Сергей Шойгу, ҳамтои русаш куштори Қобилҷони Алиевро баррасӣ кардааст.

Умед Бобозода, ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба Татяна Москалкова, ҳамтои руси худ изҳорот ирсол карда, аз куштори кӯдаки тоҷик изҳори нигаронии ҷиддӣ кард ва вуқуъи ҳодисаро“бар пояи адовати миллӣ” хонда, онро қатъиян маҳкум кард.

ВКХ-и Русия ба ин куштори бераҳмона вокуниш кард ва ба Тоҷикистону пайвандони кушташуда ҳамдардӣ изҳор намуд. Ҳамчунин изҳор дошт, ки ҷониби Русия барои таҳқиқи беғаразона ва холисона талош мекунад.

Ин бори аввал нест, ки як кӯдаки тоҷик дар Русия бар пояи бадбинии нажодӣ ва аз сӯйи миллатгароёну тундгароён кушта мешавад. Дар 22 соли ахир ҳадди ақал 6 куштори бераҳмонаи кӯдакони тоҷик дар Русия расонаӣ шуданд.

Коршиноси бахши муҳоҷират мегӯяд, ки ин кушторҳои бераҳмона аз сӯйи миллатгароёну тундгароён натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ дар Русия аст.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз ҷасади Қобилҷон Алиевро ба Ватан оварда, дар ноҳияи Шаҳринав ба хок супориданд. Ҷузъиёти ҷанозаву дафни варо дар хабари зерини “Азия-Плюс” мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.