Аз Кумитаи дин гуфтанд, имсол моҳи Рамазон кай фаро мерасад

Тибқи фарзияи пешакии Кумитаи дин, анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон имсол моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 18-уми феврал оғоз мешавад ва як моҳ давом мекунад. Дар ин бора аз ин Кумита ба "Азия-Плюс" хабар дода, гуфтанд, ки ин рӯз ба тақвими солшумории қамарӣ дуруст меояд. Аз ин ниҳод гуфтанд, қарори ниҳоӣ дар мавриди оғози моҳи Рамазон […]

Asia-Plus

Тибқи фарзияи пешакии Кумитаи дин, анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон имсол моҳи Рамазон дар Тоҷикистон 18-уми феврал оғоз мешавад ва як моҳ давом мекунад.

Дар ин бора аз ин Кумита ба "Азия-Плюс" хабар дода, гуфтанд, ки ин рӯз ба тақвими солшумории қамарӣ дуруст меояд.

Аз ин ниҳод гуфтанд, қарори ниҳоӣ дар мавриди оғози моҳи Рамазон моҳи феврал дар ҷаласаи Шӯрои уламои кишвар қабул карда мешавад, вале маълум нест он мушаххас кай баргузор мешавад. Ҳамасола тақриба як ё ду ҳафта пеш аз оғози моҳи Рамазон мегузашт. Миқдори маблағи садақаи фитр, закот ва фидяи савм низ дар ин ҷаласа муайян хоҳад шуд.

Ҳамасола моҳи шарифи Рамазон 10 рӯз пештар аз соли гузашта фаро мерасад. Соли гузашта моҳи Рамазон дар кишвар 1-уми март шуруъ шуда, рӯзи 30-юми март бо аноҷми моҳ, иди Рамазон таҷлил шуда буд. Ҳаҷми садақаи фитр соли пеш 8 сомонӣ, закот 900 сомонӣ ва фидяи барои 30 рӯз 480 сомонӣ муқаррар гардида буд.

Моҳи шарифи Рамазон аз моҳҳои солшумории ҳиҷрии қамарӣ шуморида мешавад. Мусулмонон дар ин моҳ рӯза гирифта, бештар ба ибодат машғул мешаванд. Моҳи Рамазон бо иди Рамазон ба анҷом мерасад, ки яке аз ду иди бузургу муҳими мусалмонон ба шумор меравад.

Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон мисли намозу закот яке аз рукнҳои муҳими ислом мебошад. Рӯза иборат аз худдорӣ намудан аз хӯрдан, ошомидан ва ҳамхобагӣ кардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст.

Паёмбари ислом Муҳаммад (с) рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, фармудааст, ки “рӯза доштан танҳо нахӯрдану наошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста ва корҳои зишт низ мебошад”.

Рӯзадорӣ дар ин моҳи шариф яке аз панҷ рукнҳои ислом аст. Парҳезгорӣ қариб дар ҳамаи динҳо дунё вуҷуд дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Меҳрубон Назарову Гурминҷ Завқибеков ва Марям Исоева то даргузашти Бозор Собир ва Рӯзи меҳнаткашон

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.