Дар пайи эҳтимоли хуруҷи вируси “Nipah”, Тоҷикистон чораҳои беҳдоштиро дар фурудгоҳҳо пурзӯр мекунад

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон то ҳол  вируси "Nipah" ошкор нашудааст, вале барои пешгирӣ аз беморӣ ва ташхиси саривақтии он дар фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар дастгоҳҳои ҳароратсанҷи фосилавӣ насб шуда, аз Русия озмоишҳо (тест) ворид мешаванд. Дар ин бора имрӯз Ҷамолиддин Абуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар Ҳиндустон […]

Дар Тоҷикистон то ҳол  вируси "Nipah" ошкор нашудааст, вале барои пешгирӣ аз беморӣ ва ташхиси саривақтии он дар фурудгоҳҳои байналмилалии кишвар дастгоҳҳои ҳароратсанҷи фосилавӣ насб шуда, аз Русия озмоишҳо (тест) ворид мешаванд.

Дар ин бора имрӯз Ҷамолиддин Абуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, танҳо дар Ҳиндустон 5 ҳолати сироятёбӣ ба ин вирус ташхис шуда, дар ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон, аз ҷумла, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, ҳамчунин Русия гирифторӣ ба беморӣ сабт нашудааст.

Ба қавли ӯ, ҳоло хатари гирифторӣ ва манбаъи сироят ва паҳншавии беморӣ дар Тоҷикистон мавҷуд нест.

Аммо барои ташхиси саривақтии беморӣ аллакай аз Русия озмоишҳо ворид мешаванд ва дар ин бора байни Вазорати тандурустӣ ва Хадамоти назорати беҳдоштӣ ва ҳифзи ҳуқуқи истеъсолкунандагони Русия музокира шудааст. Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон 22 озмоишгоҳи вирусологӣ мавҷуд буда, озмоишҳо дар онҳо гузаронида мешаванд.

Ба гуфтаи Абдуллозода, хатари сар задани беморӣ дар Тоҷикистон баланд нест, аммо чунин имкон мавҷуд аст, зеро “роҳҳои ҳавоии мо бо Ҳиндустон озод аст ва имкон дорад, ки он ба Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамсоя ворид шавад”.

“Яке аз манбаъҳои сирояткунандаи ин вирус кӯршабпаракҳо ҳастанд, ки имрӯз дар Тоҷикистон нест. Меваҳои тропикӣ яке аз воситаҳои дигари сироятёбӣ аст. Агар луоби даҳони паранда дар он бошад, ҳангоми риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ, метавонад ба одам гузарад”, – таъкид карда Абдуллозода.

Ба гуфтаи ӯ барои пешгирӣ кардани беморӣ дар фурудгоҳои кишвар дастгоҳҳои ҳароратсанҷи фосилавӣ насб шудаанд ва мутахасиссони соҳаи тандурустӣ ҳар мусофирро аз ташхис мегузаронанд.

Абдуллозода гуфт, ҳароратбаландӣ, қайкунӣ ва бемадорӣ аз нишонаҳои вируси “Nipah” буда, ҳангоми ошкор шудани ин аломатҳо мусофирро инзивоҳ ва муоина мекунанд.

Бояд гуфт, вируси "Nipah" моҳи январи имсол дар Ҳиндустон хуруҷ кард ва тибқи иттилои расмӣ, панҷ ҳолати сироятёбӣ тасдиқ гардида, ҳудуди 100 нафари дигар ба карантин фаро гирифта шудаанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Ҷанг”-и империяҳо бо Наврӯз. Барои чӣ ҳама ноком шуданд?

Аз истилои арабҳо то фишорҳои замони шуравӣ: далели мубориза бо Наврӯз чӣ буд ва чаро натавонистанд онро аз байн баранд?

Ҷазои ду волидайн барои аз таҳсил дур кардани фарзандашон

Додгоҳи шаҳри Исфара ду сокини ин шаҳрро барои аз...

Оғози “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон”. Кай ва дар куҷо маҳфилҳои адабӣ баргузор мешаванд?

Дар кишвар аз 2 то 9-уми апрел ҷашнвораи “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мешавад.

Дар соли 2026 ба соҳаи маорифи Тоҷикистон чӣ қадар маблағ ҷудо шудааст?

Ин маблағ дар муқоиса бо соли 2025-ум 25% ва нисбат ба даҳ соли пеш 5,5 баробар зиёд мебошад.

Тилло дар Тоҷикистон якбора арзон шуд – ба андозаи 14% дар як моҳ

Ин ба тасҳеҳи нарх дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 31 марти соли 2026

Имрӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон муқобили тими миллии Филиппин рақобат мекунад.