Вазорати тандурустӣ: “Ба сокинони кишвар вируси “Nipah” таҳдид намекунад”

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯяд, ба сокинони Тоҷикистон вируси нави “Nipah” таҳдид намекунад ва дар пайи он тақвияти чораҳои иловагӣ лозим нест. Аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки манбаи табиии паҳншавии ин вирус, ки баъзе намудҳои куршабпараки тропикӣ аст, дар кишвар вуҷуд надорад. Ҳамчунин, ба гуфтаи ин ниҳод, “дар фасли зимистон хатари интиқоли вирус […]

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯяд, ба сокинони Тоҷикистон вируси нави “Nipah” таҳдид намекунад ва дар пайи он тақвияти чораҳои иловагӣ лозим нест.

Аз ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки манбаи табиии паҳншавии ин вирус, ки баъзе намудҳои куршабпараки тропикӣ аст, дар кишвар вуҷуд надорад.

Ҳамчунин, ба гуфтаи ин ниҳод, “дар фасли зимистон хатари интиқоли вирус аз ҳайвонот ба инсон ба таври назаррас коҳиш меёбад.

“Сабти ҳолатҳои беморӣ дар ду-се моҳи охир дар байни аҳолии Ҳиндустон, ки беш аз 1 миллиард нафарро ташкил медиҳад ва дар масофаи ҷуғрофии дур ҷойгир аст, барои Тоҷикистон таҳдиди эпидемиологӣ надорад", – илова карданд аз Вазорати тандурустӣ.

Манбаъ гуфт, ки ҳоло дар гузаргоҳҳои марзии кишвар системаи назорати санитарӣ-эпидемиологӣ амал мекунад ва маҳсулоти хӯрока, аз ҷумла шарбатҳо, аз ҷониби мақомоти ваколатдор санҷида мешаванд.

Дар моҳи январи имсол дар иёлати Бенгалияи Ғарбии Ҳиндустон хуруҷи як вируси маҳаллӣ сабт шуд. Тибқи иттилои расмӣ, танҳо панҷ ҳолати сироятёбӣ тасдиқ гардида, ҳамаи беморон кормандони беморхона мебошанд, ки эҳтимолӣ вирус дар дохили он паҳн шуда бошад.

Ду тани сироятёфтаҳо дар шӯъбаи эҳё, дар ҳолати вазнин қарор дошта, як тани дигар дар ҳоли беҳушӣ аст. Ҳолати беморони дигар ба эътидол омадааст.

Ҳудуди 100 нафари дигар ба карантин фаро гирифта шуда, 30 нафари онҳо таҳти назорати шадиди тиббӣ қарор доранд.

Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ эълон кардааст, ки зидди вируси “Nipah” ваксина ё доруи махсус вуҷуд надорад.

Нишонаҳои бемории ин вирус гуногун аст, аз ҷумла аз намуди беаломат то сирояти шадиди роҳи нафас. Давраи ниҳонии беморӣ аз 4 то 45 рӯз давом мекунад.

Гуфта мешавад, дар марҳилаи аввал дар беморон таби баланд, дарди сар ва мушакҳо, қайкунӣ ва дарди гулӯ мушоҳида мешавад. Сипас чархзании сар, хоболудӣ ва дигар нишонаҳо пайдо мешаванд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.