Вазир боздошти як зердасташро тасдиқ кард. Сардори раёсати тандурустии Суғд чаро боздошт шуд?

Боздошти Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустӣ дар вилояти Суғдро Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ кард, аммо гуфт, шояд боздошти ӯ ба фаъолияти шахсияш рабт дошта бошад. Дар бораи боздошти Фаррух Мақсудзода моҳи декабри соли 2025 хабарҳои тасдиқнашуда паҳн шуд, аммо он замон мақомоти расмӣ ҳеҷ иттилое надоданд. Ҷамолиддин Абдуллозода рӯзи 28-уми […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Боздошти Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустӣ дар вилояти Суғдро Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ кард, аммо гуфт, шояд боздошти ӯ ба фаъолияти шахсияш рабт дошта бошад.

Дар бораи боздошти Фаррух Мақсудзода моҳи декабри соли 2025 хабарҳои тасдиқнашуда паҳн шуд, аммо он замон мақомоти расмӣ ҳеҷ иттилое надоданд.

Ҷамолиддин Абдуллозода рӯзи 28-уми январ зимни нишасти хабарӣ бори аввал расман тасдиқ кард, ки ин зердасташ дар вилояти Суғд боздошт шудааст, аммо нагуфт, ки Фаррух Мақсудзодаро кадом ниҳод ва барои чӣ боздошт кардааст.

Ӯ танҳо зикр кард, ки “ба фаъолияти касбиаш эроде набуд” ва боздошти ӯ “шояд ба фаъолияти шахсии ӯ рабт дошта бошад”.

Манобеи мо дар мақомоти вилояти Суғд тасдиқ карданд, ки Мақсудзода чанд муддат ин ҷониб дар кор нест, аммо бо баҳонаи “беморӣ” ва “рухсатӣ” дақиқ нагуфтанд, ки ӯ дар куҷо аст.

Як бародари Мақсудзода боздошти бародарашро рад карда, гуфт, “рӯзи душанбе (яъне 19-уми январи соли 2026) аз сафар меоянд  ва бо худашон саволу ҷавоб мекунед”. Аммо тамоси такрорӣ бо ӯ ғайриимкон шуд.

Модари Фаррух Мақсудзода низ рӯзи 16-уми январ кӯтоҳ гуфт, ки “писарам як ҷойи дур рафтагӣ, ман бо журналисто гап намезанам. Намедонам кай меояд”.

Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ навишт, ки “Мақсудзодаро мақомоти амниятии вилояти Суғд боздошт карда ва иттиҳоми алайҳи ӯро бо ҷурми “тамаъҷӯӣ” тафтиш доранд”. Аммо ба ин расона ҳам касе расман иттиҳоми алайҳи Мақсудзода эълоншударо тасдиқ накардааст.

Бояд гуфт, Фаррух Мақсудзода тобистони соли 2025 ба вазифаи сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд таъин шуда буд. Вай як давраи гузашта ҳам дар ин симмат кор кард ва дар байн Сардухтури беморхонаи вилоятӣ буд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

BIMA Life дар Душанбе дафтари кории навашро боз кард

Дар маркази шаҳри Душанбе дафтари нави BIMA Life ба...

Трамп гуфт, дастури муҳосираи гулӯгоҳи Ҳурмузро додааст. Эрон мегӯяд, ба ҳар таҳдид посух медиҳад

Пас аз бенатиҷа поён ёфтани музокироти Исломобод, нархи нафт дуборо гарон шуд

Ду нишони биринҷии куштигирони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2026

Дар мусобиқот дар шаҳри Бишкек ҳудуди 350 куштигир ширкат варзиданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 65

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.