Омбудсмени Русия гуфт, занон аз Тоҷикистон мехоҳанд пайвандонашон ба зиндонҳои ватанашон истирдод шаванд

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Русия Татяна Москалкова дар бораи зарурати фаъолсозии корҳо ва  васеъ намудани муқаррароти қарорҳо бо дигар кишварҳо дар мавриди ба ватан баргардонидани шаҳрвандони хориҷии дар Русия маҳкумшуда изҳори назар кард. “Бисёр вақт аз занони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон бо дархости кумак ба хешовандони онҳо ҷиҳати интиқол ба ватан барои […]

Asia-Plus

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар Русия Татяна Москалкова дар бораи зарурати фаъолсозии корҳо ва  васеъ намудани муқаррароти қарорҳо бо дигар кишварҳо дар мавриди ба ватан баргардонидани шаҳрвандони хориҷии дар Русия маҳкумшуда изҳори назар кард.

“Бисёр вақт аз занони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Қирғизистон бо дархости кумак ба хешовандони онҳо ҷиҳати интиқол ба ватан барои минбаъда адои ҷазо кардан дар макони наздиктар ба пайвандону наздикон муроҷиатҳо мегирам. Мутаассифона, бинобар сабаби муҳлатҳои тӯлонии баррасии дархостҳо, мутобиқат накардани меёърҳои миллӣ ва созшномаҳои байнулмилалӣ, ҳаллу фасли ин масоил тӯл мекашад”, – гуфтааст Москалкова зимни суханронӣ дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати адлияи Русия.

Ба гуфтаи ӯ, бар асари душвориҳои марбут ба тарҷумаи ҳуҷҷатҳо, нокофӣ донистани забони русӣ ва мушкилот бо ирсоли бастаҳо, ин гуна шахсон бо душвориҳои зиёд дучор мешаванд.

Татяна Москалкова таъкид доштааст, ки айни замон аз ҷониби омбудсмену дипломатҳо ва ҳуқуқшиносони касбӣ ба миён гузоштани масъалаи беҳтар намудани қарордодҳои мавҷуда дар ин самт хеле муҳим аст.

Масъалаи интиқоли шаҳрвандони маҳкумшудаи Осиёи Марказӣ аз зиндонҳои Русия ба ватан қаблан низ ба миён гузшта шуда буд. Пайвандони муҳоҷирони маҳкумшуда аз мушкилоти марбут ба масофаи дур ва хароҷоти молиявӣ, ки ба онҳо ҷиҳати дидор бо наздиконашон дар муассисаҳои ислоҳӣ монеъа эҷод мекунанд, арзу шикоят мекунанд.

Пас аз оғози ҷалби маҳкумшудагон аз зиндонҳо барои ҷанг дар Украина, ин мушкилот боз ҳам печидатар шуд.

Моҳи сентябри соли 2023 як гурӯҳ маҳкумшудагони тоҷик, ки дар зиндони Қазон адои ҷазо мекарданд, ба намояндагии диплдоматии Тоҷикистон дар Русия ва Додситонии кулли Тоҷикистон бо дархости баргардонидани онҳо ба ватан барои адои ҷазо муроҷиат намуданд, зеро аз он дар ташвиш буданд, ки онҳоро ба ҷабҳа (фронт) мефиристанд.

Баррасӣ шудани масъалаи онҳо маълум нест. Ба ҳар ҳол, тайи се соли ахир дар бораи табодули маҳкумшудагон байни Русия ва Тоҷикистон ягон маълумот ё омор расонаӣ нашудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.